Китоби нав

Роҳпӯе дар растаҳои таърих

№83-84 (4503-4504) 08.07.2022

IMG_20220708_101720Дар зиндагӣ баъзан инсонҳое вомехӯранд, ки бо вуҷуди ба ҷое расидани синну сол, боз ҳам сертакопу гардида, баҳри анҷом додани корҳои хайр машғул мешаванд. Ба худ ва ояндагон ғизои маънавӣ мебахшанд. Мисли оруи асал аз гул ба гул, аз шоха ба шоха дар парвоз гардида, шаҳди маънавӣ ҷамъ меоранд.

Узви ИЖТ, собиқадори матбуоти тоҷик Мухтор Мирзо аз ҷумлаи чунин нафарон аст. Ӯро меҳру ифтихори ватандорӣ дар вуҷудаш меҷӯшад. Бо ҳамин тариқ умре нафас гирифтаю кору зиндагӣ намудааст ва дар доираи тавону имконият китобҳои «Ситорае дар осмони Бухоро» (2011), «Қиссаҳои зиндагӣ» (2018) ва «Гардиши айём» (2020) ба нашр расондаанд. Чанде пеш бошад, бо дастгирии молии шахсияти фарзонаю фарҳангӣ Азим Иброҳим дар КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асари наву калонҳаҷми ӯ таҳти унвони «Шарафномаи Балҷувон ва Сарихосор» рӯи чоп омад, ки ҷустуҷӯю заҳмати зиёди эҷодиро дар худ ниҳон дорад.

Муаллиф кӯшидааст, ки паҳлуҳои норавшани таърихии ин гӯшаҳои куҳанбунёду афсонавии диёрро, ки шоҳиди бисёр ҳодисаҳои талху ширини зиндагӣ мебошанд, рӯи қоғаз орад. Офаридани асарҳои таърихӣ — ҳуҷҷатӣ саҳлу сода нест. Дар баробари дарёфту варақгардон намудани санаду ҳуҷҷатҳои расмӣ, ҷустуҷӯю суҳбату мулоқот бо шоҳидони бевосита ва зиндаи он даврон, фарзандону наздикону дӯстони шоҳидони фавтида, мисли бо нӯги сӯзан чоҳ кандан аст.

Мавзеъҳои афсонавии диёр дар замони гузашта шоҳиди тохтутози аҷнабиён, ҷангу хунрезӣ ва беадолатии зиёд гардида буданд. Бо вуҷуди шароити мушкили кӯҳистон, зулми аҷнабиён, сатҳи пасти зиндагӣ, гузаштагони шарафманд, чун қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ, тавонистанд, ки борҳо ба муқобили зулму беадолатии душманон сар боло кунанд. Аз деҳқони одӣ то ба ҷанговари қавирӯҳу ҷасур табдил ёбанд. Аз манфиатҳои миллию таъриху фарҳанг ҳимоят намоянд, он чӣ дар китоб ба риштаи тасвир кашида шудааст.

Ин гӯшаҳои биҳиштосои Тоҷикистони офтобрӯя борҳо ободу зебо гардида, аз дасти аҷнабиён рӯ ба харобӣ оварда бошанд ҳам, ғурури баланди мардуми кӯҳистонро шикаста натавонистанд. Баъд аз ҳар табдил ёфтан ба харобазор мардуми бонангу номус нахӯрдаю напӯшида, баҳри ободии шаҳру деҳот камари ҳиммату мардонагӣ баста, дар муддати кӯтоҳ ҳамаро ба гулистони ҳақиқӣ мубаддал месохтанд.

Таи чанд соли охир бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати ватандӯс­тонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар қатори дигар шаҳру навоҳии кишвар, Балҷувону Сарихосор барин мавзеъҳои мушкилгузар ободонии бемислро шарафёб гардиданд.

Муаллиф, инчунин, дар бораи шахсиятҳои хизматнишондодаи диёр, бо шумули гурғӯлисароёну ҳофизони машҳури тоҷики балҷувонӣ Карими Шуш, Ҳақназар Кабуд, шоиру ҳофизи халқ Бобоюнус Худойдодзода ва дигарон маълумоти ҷолиб додааст, ки мутолиаю баррасии онро ба хонандагон ҳавола менамоем, зеро ки «шунидан кай бувад монанди дидан» гуфтаанд.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»