Аз 30-юми октябр то 6-уми ноябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз баргузор гардиданд. Ҳайати ин кишварро, ки беш аз 60 нафарро ташкил медод, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ роҳбарӣ намуд. 31-уми октябр маросими ифтитоҳи чорабинӣ дар толори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир шуд.
Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода меҳмононро хайра мақдам гуфта, бо самимият аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 2-юм то 9-уми октябри соли равон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез баргузор гардидаанд, ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Эрон ду миллати ҳамзабон буда, робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ин ду кишвар сол то сол ривоҷ меёбанд.
- Моҳи гузашта Ҷумҳурии Исломии Эрон мизбони ҳунармандони хушсозу навои тоҷикистонӣ буд, — иброз намуд Муҳаммадтақӣ Собирӣ. — Мардуми Теҳрон, Табрез ва Шероз аз ҳунару ҳунармандони тоҷик баҳраҳо бурданд. Мо ду миллати ҳамзабон, ҳамдин, ҳамфарҳанг ҳастем ва ман бо итминон ин қаробатро хешовандии фарҳангӣ меномам,- афзуд нотиқ.
Вазири фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмаҳдӣ Исмоилӣ низ аз фарҳанги муштараки ду миллат ёдовар шуда таъкид намуд, ки «Фирдавсиву Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадониву Ҳофиз, Тӯсӣ ва Камоли Хуҷандӣ ва ҳамаи бузургони арсаи адаб аз миёни мо бархостаанд ва дар ҷаҳон дурахшидаанд, зеро ки бӯи мушк пинҳон намешавад». Қаноатмандӣ шуд, ки тӯли соли охир байни сарони кишварҳои мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Иброҳим Раисӣ чор мулоқоти самимона сурат гирифтааст, ки дар онҳо меҳру дӯстӣ ҳоким буд.
Сипас, шоҳномахонон ва гурӯҳҳои мусиқии «Пож», «Суруши Мавлоно», «Шаҳпар» ва варзишгарони зӯрхонаии «Муассисаи байналмилалии варзишҳои бостонӣ ва гӯштии паҳлавонӣ» ҳунару маҳорати хешро пешкаши ҳозирин намуданд.
1-уми ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи осору дастовардҳои фарҳангиву ҳунарии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтито гардид. Дар он 24 асари нафиси хушнависии устод Темурӣ, китобҳои классикони форсу тоҷик ва имрӯзи Эрон, қолин ва матоъҳои гуногун, ҷавоҳирот ва заркориҳо ба маъраз гузошта шуданд.
1-уми ноябр дар Кохи Наврӯз намоиши филмҳои синамогарони Эрон бо филми «Писарони дарё» доир гардид. Филмҳои дигар- «Тахтӣ» (коргардон Баҳром Таваккулӣ), «Ремотисми Имод ва Турбо» (коргардон Кова Сабботнажод) ва «Роҳи обии абрешим» (коргардон Муҳаммад Бузургниё) аз 2-юм то 5-уми ноябр дар кинотеатри «Ватан» ва Кохи Наврӯз намоиш дода шуд.
Шоми 1-уми ноябр дар толорри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ бо иштироки шоирони Тоҷикистону Эрон доир гардид.
Дар он шоирони тоҷику эронӣ Гулрухсор, Алиризо Қазва, Аскар Ҳаким, Ғуломризо Хушиқбол, Муҳаммад Ғоиб, Беҳрӯзи Забеҳулло, Муҳаммадризо Баҳром, Рустами Ваҳҳоб ва Муҳаммади Муродӣ иштирок намуданд.
2-юми ноябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» ва намоиши ҳунари гурӯҳҳои мусиқии «Шаҳпар», «Пож», «Суруши Мавлоно» ва «Варзишгарони зӯрхонаӣ» доир гашт. Пас аз нисфирӯзӣ ҳамин гуна чорабинӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор шуд.
Аз 3-юм ва 4-уми ноябр чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтару Кӯлоб баргузор гардиданд. Меҳмонони эронӣ дар баробари намоиши ҳунари хеш, ҳамчунин бо адибони ин шаҳрҳо мулоқотҳо ва маҳфилҳои шеър барпо намуда, аз муассисаҳои фарҳангӣ ва осорхонаҳо боздид карданд.
Таҳияи Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»