Китобиёт

Романи ҳуҷҷатӣ, ибратбахш ва хонданбоб

№15 (4598) 20.01.2023

Китобиёт 03.01.2023 Сайфиддин СуннатовБа наздикӣ КВД КТН «Шарқи озод» романи ҳуҷҷатии нависандаи хушсалиқа Сулаймон Эрматовро зери унвони «Қисмати зани солеҳа» аз чоп баровард.

Китоб дар бораи бонуи босаводе нақл мекунад, ки солҳои пурошӯби бистуми асри гузашта бо «гуноҳ»-и таълим додан ба духтарон берун аз кишвар бадарға мешавад. Қисмат ӯро аз ноҳияи Қубодиёни Тоҷикис­тон ба шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мебарад. Наздиконаш дигар аз вай хату хабар намёебанд. Чил сол пас хабар меояд, ки ягона ёдгории бонуи зикршуда бо номи Зоир Тоҳиров меъмори машҳури Самарқанд гаштааст.

Зани солеҳае, ки дар борааш сухан рафт, холаи падари нависанда (Бибиоиша) аст. Падари нависанда Абуллохон воқеаҳои рӯйдодаро аз хурдӣ дар дафтари ёддоштҳояш сабт кардааст, ки онҳо барои навиштани китоб маводи даркорӣ шудаанд.

«Қисмати зани солеҳа» соли 2007 дар нашриёти «Адиб» ба забони ӯзбекӣ чоп шуда буд. Пас аз чоп шудани он хонандагони зиёде фикру мулоҳизаҳояшонро ба нависанда ирсол ва иддае ба забони тоҷикӣ чоп намудани китобро хоҳиш карданд. Аз ин рӯ, Сулаймон Эрматов бо андаке иловаҳо китобро ба забони тоҷикӣ баргардон кард.

Тавре шоир Сайфулло Қулаев дар оғози китоб зикр кардааст, «Қисмати зани солеҳа»-ро бе ашки чашм хонда наметавонӣ, зеро нависанда барои воқеъбинона нишон додани дунёи маънавии ашхоси туҳматчӣ, аблаҳ, манфур ва замонасоз саъю ҳаракати зиёд кардааст.

Пас аз чопи аввали китоб (соли 2007) иддае аз хонандагон ба нависанда нома навишта, ба ин андоза талх будани қисмати як зани деҳотии босаводро зери шубҳа гузошта буданд. Аз ин рӯ, нависанда дар охири китоб аксҳои падар ва аҳли оилаи писархолаашро низ ҷой додааст.

«Қисмати зани солеҳа» дар баробари ҳуҷҷатӣ буданаш мазмуни панду ахлоқӣ дошта, ба хонанда оқибати бади хиёнату ноҷавонмардӣ ва ба кас баргаштани сазои амалро баён мекунад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»