Калимаи муросоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш макун, чунки ин калима манфиатовар аст. Пас, муросо куну мадорро ва сабур бош. Бурд дар зиндагӣ паси ту хоҳад гашт.
* * *
Тилло зери пору афтад, муддате номаълум мемонад, баъди аз байни он раҳо ёфтан, боз тилло эҳё мешавад. Боз дар тоҷи шоҳону гарданбанди шаҳбонуҳо овезон шуда, қадр пайдо мекунад.
* * *
Як калимаро ҳеҷ гоҳ аз ёд набарор — дар ҳама кор меъёрро бояд нигоҳ дошт. Ҳатто дар андеша.
* * *
Роҳи пойҳою дастҳоро бояд ақл равшан созад, вагарна онҳо ба чоҳ хоҳанд афтод.
* * *
Мебинӣ ки сухану рафтори ту писандашон намеафтад, умуман ҳарфҳои худро барояшон сарф масоз, зеро дар он ҷое, ки шӯразамин аст, ниҳол намесабзад.
* * *
Ниҳолҳое ҳастанд, ки бояд онҳоро шинонию нигоҳубин созӣ. Ниҳолҳое низ ҳастанд, ки худрӯянд.
Аввалиҳо бе нигоҳубини боғбон зуд хушк мешаванд. Гурӯҳи дигар оҳиста-оҳиста рӯи ҷаҳонро забт хоҳанд кард.
* * *
Ту мегӯӣ, чӣ ҳоҷат, ки аз гузашта афсӯс мехӯрӣ, аз гузаштае, ки аллакай гузаштааст. Онро ту ҳеҷ гоҳ баргардонида ва ислоҳ карда наметавонӣ. Чӣ бояд кард?
Аз оянда бояд андешид, то ҳолатҳое, ки пеш аз ин содир кардаӣ, такрор нашаванд. Бикӯш, ки фикри ояндаро имрӯз карда бошӣ.
* * *
Тифл будӣ, афтону хезон ба по хестӣ. Акнун ки худро бузург мешуморӣ, лек бидон, дар назди волидонат то охир кӯчакӣ.
* * *
Нодидае ногаҳон луқмаеро дид, баднафсона онро фурӯ бурдан гирифт, ногаҳон луқма гулӯяшро банд кард.
* * *
Аз ду роҳ якеро интихоб намо, ки барои тай намудани он фурсат ёбӣ.
* * *
Ҳар кӣ ба дунё меояд, онро тарк хоҳад гуфт.
* * *
Ҳар инсоне, ки ба дунё меояд, дунёи худ, асрори худро дорад. На ба ҳар кас муяссар мешавад, ки асрори дигаронро кашф намояд. Аксаран одамон асрору дунёи худу дигаронро кашф накарда, ҳамдигарро надидаю нашунида дунёро тарк мекунанд.
* * *
Мебинӣ? Мешунавӣ? Пай мебарӣ, ки ба ҷуз лаззат бурдан дигарро фаромӯш кардаем? Чӣ бояд кард?
Аз нав сар кун, шунидан, дидан ва ҳис карданро омӯз!
* * *
Ононе, ки таърифу тавсифат мекунанд, аз онҳо ибрат магир. Ононе, ки таърифат мекунанд, аз ту тамаъ доранд. Бештар ба ҳарфи онҳое гӯш биандоз, ки камбудиҳоятро мегӯянд. Ту на ҳама вақт камбудиҳои хешро дида метавонӣ, мисли оне ки дег зери оташ сиёҳии худро пай набарад…
Ба ҳарфҳои бадхоҳон гӯш мадеҳ. Зиндагӣ чунон мушкил аст, ки як кас тамоми мушкилоти онро ҳал карда наметавонад!
* * *
Субҳдам аз хоб барвақт хез, зеро умри инсон дар қиёс бо абадият хеле кӯтоҳ аст. Агар мехоҳӣ ба орзуят бирасию ба одамон бештар манфиат расонӣ, болои имконоти хеш кор бикун, зеро бе меҳнат замин чизеро ба мо муфт намедиҳад.
* * *
Пас аз оғоз, аз овони ҷавонӣ ғайрат бикун, ки бештар дониш зам намоӣ. Бе дониш ҳеҷ чиз ба даст оварда намешавад.
Аз китоби «Розҳо», ҷилди якуми осори Ҳошим Гадо