Уқоб дар лона фарзандашро ба поён ишора карда, дарс медод: «Ҳар чизе, ки меҷунбад, он гиранда асту барои ту хӯрданибоб. Парвоз кун, чангол бизан, бидаррону бихӯр».
Уқоб ба фарзандаш дарси даррандагӣ ёд медод, вале ӯ як чизи дигарро фаромӯш карда буд, ки он ҷондор барои ҳифзи худ талош хоҳад кард…
***
Ҳама гуноҳҳо аз бехирадӣ сар мезананд.
***
Ҳар сӯзу гудозро охираш хурсандист.
***
Оқибати сабру таҳаммул хайр аст.
***
Шабу рӯз ва рӯзу шаб андешидам, ки як гиреҳи кӯргиреҳи зиндагиро кушоям. Сад афсӯс, ки нӯгашро ёфтаму худ дар гиреҳ баста шудам.
***
Парандае аз селаи парандаҳо ҷудо гашт, нобуд шуд…
На ҳар ҷудомонда зиста метавонад.
***
Онҳое, ки танҳо зиста метавонанд, каманд. Дар ҳар аср касоне пайдо мешаванд.
***
Рангҳо якҷоя павроз карданд. Ҳангоми парвоз бо ҳам созиш накарданду ба ҷудошавӣ сар карданд. Онҳое, ки якҷо монданд, ба соҳили мурод расиданд.
Тақдири рангҳои ҷудошуда то ҳол маълум нест…
***
Олиме кашфиёт карду оламиёнро ба ҳайрат гузошт.
Ӯ гуфт:
- Торикӣ сояи рӯшноист.
***
Бобо ба набера:
- Сарфакорию зам карданро ёд гир, вагарна дар зиндагӣ хору зор хоҳӣ шуд.
***
Аз наздикон ва дӯстон бисёр ёрӣ мапурс, зеро дар наздашон шумрӯ хоҳӣ шуд.
***
Дар байни ҷамъият танҳо будан даҳшатнок аст.
***
Ҳақиқатро бисёр макоб, ҳақиқати мутлақ вуҷуд надорад. Набуд, нест ва ҳеҷ гоҳ нахоҳад буд. Ҳама ҳуққабозию сохтакорӣ ва худфиребӣ аст. Дар оянда ҳам ин бозиҳо ба тарзи нав давом хоҳанд кард. Боз кӣ медонад.
***
Табиатро об ҳам обод мекунаду ҳам вайрон, одамро бошад, одам.
***
Ба сарат ҳар савдое, ки омад, парво макун.
Фақат ба худ бигӯй:
- Ин ҳам мегузарад.
***
Кӯрҳо ва карҳо машварат карданд. Карҳо кӯрҳоро нашуниданд, кӯрҳо карҳоро надиданд.
***
Аксар вақт чашмҳо намебинанд онеро, ки дил мебинад.
***
Гули бехор умри дароз набинад, зеро он осон хӯроки хазандаю чарандагон гардад.
Аз китоби «Розҳо»,
ҷилди якуми осори Ҳошим Гадо