Розҳои Ҳошим Гадо

№17 (4757) 05.02.2024

Хошим Гадо 1 — копияДушманро ҳеҷ гоҳ аз худ дур макун, бигузор ҳамеша дар наздат бошад.

***

Омадӣ, бидон ҳатман меравӣ.

***

Бо айёрон айёр будан лозим.

***

Муҳаббат абадӣ намешавад. Муҳаб­бат фасл надорад. Фақат  паҳлӯҳои гуногун дорад. Ҳар фасл дар он ба фасли нав мутобиқ шуда, ба мавҷи дигару авҷи дигар табдил меёбад. Ба ҳар фарди тавлидшуда Худованд муҳаббат ато менамояд, вале на ҳар кас ба муҳаббати ҳақиқӣ мерасад.

***

Дарахти хушк бо об додан сабз намешавад.

***

Ба одами мурда насиҳат беҳуда аст.

***

Мурдаро илму маърифат омӯхтан  нашояд.

***

Борҳо пешпо хӯрдаму савганд ёд кардам, ки минбаъд набояд пешпо хӯрам, вале ҳар лаҳза пешпо мехӯрам.

***

Чӣ қадаре доно бошӣ, душманонат ҳамон андоза зиёд мешаванд.

***

Ҷавонӣ як бор дода мешавад. Пас, ҳар рӯзи онро сарфакорона истифода бар. Онро чун  файласуфи хаёлӣ нею чун ҳакими ҳақиқӣ гузарон.

***

Яке аз муаммоҳои дунё дар асрори омадурафти мо ниҳон аст.

***

Бо вуҷуди ҳамаи ғаму андӯҳи зиндагӣ ба он шукр бояд гуфт. Ин бори гароне, ки сари китфони мост, бояд то охир мардона  кашем.

Ҳар чӣ бодо бод!

***

Булбуле аз сурудхонӣ боз монд.

- Чаро булбули ҳамсоя чаҳ-чаҳ намезанд.

Булбули дигаре ҷавоб гуфт:

- Ӯро бол шикастанд. Болшикаста илҳоми хониш надорад.

***

Оё сари чинор медонад, ки решаи он дар кадом ҳолат аст?

***

Мардум мегӯянд, ки замона дигар шудааст, ҳол он ки замона не, мардум худ дигар шудаанд.

***

Барои ба орзуи худ расидан бояд талош варзид.

***

Он чӣ буд ё набуд, дигар ёдаш макун, зеро аз он танҳо из мондааст. Оне, ки гузашт, ёдаш макун, аз он ки афсӯс мехӯрӣ, барнамегардад. Кай дидаӣ, ки мурдаи ҳазорсола зинда шудааст?

Аз китоби «Розҳо»,

ҷилди якуми осори Ҳошим Гадо