Ҷаҳонро ишқ идора мекунад.
***
Аз марг дида интизории марг даҳшатноктар аст.
***
Мехоҳӣ ба орзуят бирасӣ? Иродаро мустаҳкам бикун ва орзуят дар қисмат.
***
Пурхӯрон ба пирӣ нахоҳанд расид.
***
Ҳеҷ чизро, ҳеҷ сирро дар ин дунё аз мардум пинҳон карда намешавад, имконнопазир аст.
***
Мансабталошро ҳамеша ғам ёр аст.
***
Хасис дар ғами абадӣ гирифтор аст.
***
Ғуломиро содагӣ ва тарс зоидааст.
***
Нархи ҷанг бисёр гарон меафтад.
***
Ҳама гуна ҳуқуқ пеши фармони боло беқудрат аст.
***
Дандон — сарҳади забон.
***
Ҳар куҷое бошӣ, худро бикоб.
***
Касе, ки тоқат карда наметавонад, зистан ҳам наметавонад.
***
Ҳамон рӯзе, ки инсон аз орзу кардан мемонад, ӯ бояд ҳамон рӯз бимирад.
***
Зиндагӣ рангҳои зиёде дорад, вале танҳо ду ранги он хотирмон аст: сафед ва сиёҳ, рӯзу шаб…
***
Ҳушёр бош, на ҳар роҳгузар дӯст ва бародар шуда метавонад.
***
Шикастадил мабош.
***
Зиндагӣ паҳлуҳои бешумору рангҳои беҳисоб дорад, ки онҳоро бояд омӯхт ва ба дигарон омӯзонд.
***
Роҳи наҷот ваҳдат аст. Танҳо ба ин роҳ мебояд рафт.
***
Душмани аз ҳама бадтари инсоният бефарҳангист, на золиме, ки бар ӯ ҳар лаҳза зулмро раво мебинад.
Аз китоби «Розҳо»,
ҷилди якуми осори Ҳошим Гадо