Розҳои Ҳошим Гадо

№2 (4898) 03.01.2025

Ифтихор дар Ватан аст.

***

Волидайнро таҳқир макун, то замоне ту ҳам таҳқир набинӣ.

***

Зиндадил бош.

***

Забонро аз ғайбат нигаҳ дор.

***

Фурӯтан бош.

***

Серҳарфӣ бало, камҳарфӣ шифост.

***

Бисёр андеша куну кам бигӯй.

***

Он ки туро таҳқир кард, худ низ таҳқир ёбад.

***

Озор додӣ, озор бинӣ.

***

Ҳазор бор дар саҳна нақш офаридам, ҳеҷ гоҳ ба худ нарасидам.

***

Аз ҳамнишини бад танҳо будан беҳтар аст.

***

Афтидаро таҳқир макун.

***

Андуҳ марги инсон аст.

***

Кӯшишу ғайрат ба қулла мерасонад.

***

Ҳаракат бе баракат намешавад.

***

Нафс решаи ғаму ғуссаи инсон аст.

***

Аз китоби «Розҳо»,

ҷилди якуми осори Ҳошим Гадо