Розҳои Ҳошим Гадо

№30 (4613) 27.02.2023

IMG_4326КОШ TABАЛЛУД НАМЕШУДАМ

Ту ҳоло дар парвозӣ, аз болои ғам ғамзакунон мегузарӣ, лекин он рӯз дур нест, ки ба он дармонӣ.

* * *

Рӯзе сели ашконам туро бо ҷое мебарад, ки танҳои танҳо бимонӣ. Он вақт ба қадри ману муҳаб­бати ман ва худ хоҳӣ расид. Ғубори нотавониву нодорӣ шӯре дар худ дорад, ки аз тӯфон ҳам шадидтар аст.

 ТАМОШО

Кӯшиш кардам, ки раҳмату шукр аз байн наравад. Сад афсӯс, раҳматаш бирафт, шукраш каме монда буд, шукраш бирафт, баъд аз ин чӣ мемонад. Баъд аз ин, илоҳо бадтар нашавад.

Ба ризқу рӯзии додааш сабр ва боз ҳам сабр намо. Чӣ мекунӣ, ки толеат ҳамин будааст.

* * *

Бе муҳаббат зистан душвор будааст, агар дӯст надорӣ, агар дӯстат надоранд, зистан умуман лозим нест.

Дӯст бидор, дар қалбат ва ба ӯ умуман наздик нашав, бигузор ӯ надонад, ки ту дӯсташ медорӣ.

Пеш аз он ки ин дунёи рӯшанро тарк бигӯяд, ӯ аз писараш хоҳиш кард: «Ниҳолакони шинонидаи манро фаромӯш макун, ба онҳо об бидеҳ. Охир онҳо ҳам ҷон доранд. Хурсанд калон мешаванд, пир шуда мемиранд».

* * *

Ӯ ҳамеша дар торикӣ буд, ӯ мехост аз торикӣ барояд, вале ба он одат карда буд, торикӣ намемонад, ки ӯ ба рӯшноӣ барояд.

* * *

Ӯ якумр шикор мекард, ҳеҷ гоҳ фикр намекард, ки ҷонварон низ зистан мехоҳанд.

 

ҶОРӮБ НАВУ РӮФТАШ КУҲНА

Харидуфурӯш бе дурӯғ намешавад.

* * *

Дурӯғ намемирад.

* * *

Хоҳиш падари фикр асту орзу модараш.

* * *

Ӯ бой аст, зеро барои он ҳамаро фурӯхтааст, ки худи ӯро мехарад.

* * *

Ӯ аз қаъри ҷамъият то болои он расид.

* * *

Ранги сиёҳ — дӯсти зоғ.

* * *

Дарвозаи хирад — фикр.

* * *

Дари ақл диққат аст.

* * *

Дарвозаи ҳамаи орзуҳои инсон сабр асту таҳаммул.

Аввал ба худ бовар бикун, баъд дигаронро ба худ бовар кардан ёд бидеҳ.

* * *

Бисёр вақтҳо мо худро фаромӯш мекунем. Кӣ буданро фаромӯш масоз, кӣ шуданатро аз ёд набарор, он гоҳ худро фаромӯш нахоҳӣ сохт.

* * *

Фаромӯшхотир мабош, вагарна худатро фаромӯш мекунӣ.

Ба худ дӯст макоб, оқибат душманат хоҳад шуд.

* * *

Асре буд, кӯшиш ба хирад доштанд. Замона дигар шуд, кӯшиши ҷайбпуркунӣ мекардагӣ шуданд. Киса ки пур шуд, ба ғам гирифтор хоҳӣ шуд…

* * *

Ду одам ба ҳам баҳс карданд, кор то ҷое расид, ки даст ба гиребон шуданд.

- Ту намедонӣ, ки ман пушту паноҳ дорам, ту кӣ дорӣ?

- Ман пул дорам, бо пулам мезанамат, на пуштат мемонад на худат.

- Ин пуле, ки ту дорӣ, дуздист, ин пулҳо ба ту насиб намекунад.

- Пулам дуздист ё ҳалол, кори ту набошад. Тавону дар намон…

Ин ду ҳамсоя тамоми умр бо ҳам ҷангиданд.

Оқибат, ҳар ду зери вақт маҷақ шуданд.

* * *

Дар болои устухони одамон қаср масоз.

* * *

Аз оҳи оташини одамон ҳазар бикуну эҳтиёт бош, вагарна сӯхта хокистар хоҳӣ шуд.

 Ӯ ДАР БАЙН БУД, ВАЛЕ ТАНҲО

Лаҳзаи умри инсон агар хуш гузарад, бурди инсон аст. Агар бад гузарад, бохти инсон аст.

* * *

Арраам карданд, аз нав сабзидам.

* * *

Кисаатро маҳкам дору аз дузд малол нашав.

* * *

Чархи фалак гоҳе мебардорадат, гоҳе ба хок яксонат мекунад.

* * *

Аввал аз осиёи зиндагӣ гузар, баъд манманӣ бикун. То оне ки дар зери санги осиё ҳастӣ, на ҷав, на гандум буданат маълум нахоҳад шуд. Вақте чарх гардат кард, маълум мешавад, ки орди гандумӣ ё ҷав.

* * *

Тағо дорӣ, амак дорӣ, пушт дорӣ — мебароӣ, надорӣ — намебароӣ.

* * *

Аз обилаи дасти дигарон бой шуд.

* * *

Шитобкорӣ ҳам хуб асту ҳам бад. Нашитобу гоҳе бишитоб.

* * *

Барои як барг шуда, худро озор мадеҳ.

* * *

Нодон аз доно чӣ фарқ дорад? Нодон медонам мегӯяд, доно намедонам мегӯяд.

 ИНСОНИЯТ ҲОЛО ДАР ГАҲВОРА ACT

Солҳо фикр кардам, андешидам, ки ӯро бифаҳмам, баргаштаву баргашта фикр кардам, заррае ӯро дарк накардам.

Зоғе аз болои шохи дарахт ба ман нигаристу гуфт: — Эй аҳмақи сода, ман сесад сол умр мебинаму меандешам, нафаҳмидам, ту аз куҷо мефаҳмӣ?

* * *

Файласуф бисёр гуфт, деҳқон бо як сухан ҷавоб дод: «Бояд дона кишт кард!»

* * *

Зан ба шавҳар гуфт: — Бениҳоят дӯстат медорам, барои ту мемирам.

Шавҳар: — Гуфтаатро дар амал иҷро бикун.

* * *

Набера ба анбӯҳи одамони паси тобут равона нигариста аз бобо пурсид:

- Чаро ин қадар бисёранд?

- Бачем, ин мурдаи бой аст, — ҷавоб дод бобо.

- Бобо, мурда ҳам бою камбағал дорад?

* * *

- Чаро одамро баъд аз мурдан бардор — бардор мекунанду таърифҳои бешумор?

- Барои он ки мурда дигар ҳеҷ чиз талаб намекунад.

* * *

Хирадманд, оё ту боварӣ дорӣ, ки бехирад ислоҳ мешавад?

* * *

Агар метавонӣ дар мубориза бизию дар мубориза ҷон бидеҳ.

* * *

Ҳама медонанд, ки зӯр мезияд, нозӯр мемирад, вале аксарият намедонанд, ки нозӯр ҳам ирода дошта бошад, зӯр мешавад.

Аз китоби «Розҳо», ҷилди якуми

осори Ҳошим Гадо