- Агар дурӯғгӯй танҳо монад, чӣ кор мекунад?
-Ба худ дурӯғ мегӯяд.
***
Ба касе як бор ба чоҳ афтиду бино нашуд, касе, ки ду бор ба чоҳ афтиду бино нашуд, касе се бор ба чоҳ афтиду роҳашро наёфт, раҳм макун.
***
Агар бо аблаҳ шиштухезу рафтуомад кардӣ, ту ҳам аблаҳ мешавӣ.
***
Ӯ чӣ менавишт? Он чӣ ки дигарон пеш аз ӯ навишта буданд.
***
Ман ӯро ҳар қадар сиёҳ кунам, ӯ боз сафедтар шуд.
***
Мебинӣ, ки ӯ бепой аст, шукр бигӯй, ки ту ақаллан пой дорӣ.
***
Афту андом ҳам камбағалона мешавад.
***
Ту бидону ман бидонам, савумӣ ҳам. Аллакай ҳама бидонад.
***
Сирро на ҳар кас дар ниҳоди худ нигоҳ дошта метавонад.
Ӯ мисли кирмест, ки моро мехӯрад.
***
Шахсе гуфт: — Ту аз ман чӣ мехоҳӣ?
Шахси дигар дар ҷавоб гуфт: — Дидоратро набинам.
***
Ҳар чӣ дидӣ, аз худ бубин, зеро хубию бадӣ аз худат рӯй мезанад.
***
Барои он ки мардум ба ту бовар кунанд, ту аввал ба худат бовар бикун.
***
Хоб решаи қувват аст.
***
Хоб беҳтарин малҳами ҷон аст.
***
Хоб доруи мариз аст.
Аз китоби «Розҳо», ҷилди якуми
осори Ҳошим Гадо