Розҳои Ҳошим Гадо

№37-38 (4620-4621) 15.03.2023

Хошим ГадоГузаштаро ҳеҷ гоҳ баргардонида намешавад.

***

Хомӯшона орзу бикун, на бо карру фар.

***

Ҳеҷ гоҳ баланд ҳарф мазан.

***

Мехоҳам ғаввос шавам. Андаруни баҳри пурталотум дарояму шино кунаму бифаҳмам, ки андаруни ин баҳр ва дар қаъри он чӣ асроре аст, ки маро ба ишқи ғаввос шудан гирифтор кардааст.

***

Мурдан, рафтан, осон зистан, мондан душвор аст.

***

Шитобкор ба манзили умед бо пои шикаста мерасад.

***

Риштаи зиндагӣ чунон сарпеч аст, ки ҳеҷ сару нӯги онро ёфта намешавад. Агар ёбӣ, зуд гум мекунӣ.

***

Аз пасаш мадав, бигзор худаш аз пасат ояд.

***

То кай мехонӣ, чизе бинавис, ки туро низ бихонанд.

***

Рангҳо ҳам бо ҳамранги худ наздикӣ меҷӯянд.

***

Асрор маҷӯй, он беохир аст.

***

Ба дунё ва сарвати ӯ дил мабанд.

***

Дили шахсро магирён, ки дилат гирён хоҳад шуд.

***

На дар ғам, на дар шодӣ худро гум макун.

***

Ба ҳар ҳол калиди қуфли зиндагиро бояд ёфт, вагарна зиндагиат мушкил мешавад.

***

Шуҳрат ин сояи одам аст. Ҳар қадаре ки ту аз дунболи ӯ медавӣ, аз ту ҳамон қадар дур мешавад. Бинобар ин, аз қафои шуҳрату сояат матоз. Чун ба он аҳамият надиҳию бо меҳнат машғул шавӣ, сояат аз пасат метозад.

***

Ба ҳеҷ кас гарданкаҷӣ макун. Луқмаатро бо обилаи кафи дасти худат биёбу назди касу нокас ранг зард макун.

***

Андеш, андеш. Боз андеш, баъд ҳарф бизан, вале кӯтоҳ ҳарф бизан, вагарна аз ту ҳама гурезон хоҳанд шуд.

***

Кӯтоҳ бигӯй, гаҳ- гаҳе бигӯй ва кам бигӯй.

***

Сонияе, ки бо ханда гузашт, беҳ аз сонияе, ки бо гиряву нола гузашт.

***

Эй насли инсон! Бас аст қатлу куштор, ғайбату ранҷу озор, дур кун аз мағзи хеш тираафкор!

Мо рӯи ин кураи Замин бо ҳам пайвандем. Ҳамхуну ҳамравонем, ҳама аз як решаи азимем, ки номи Инсон аст.

***

На ҳар дардманд дарди дигаронро дарк карда метавонад.

***

Ғамшарикон ҳимматбаландонанд.

***

Луқма худ ба даҳон наомад, ӯро ба даҳон бояд овард.

***

Парандаи озодихоҳ шабу рӯз монда нашуда, симҳои қафасро бо панҷаҳояш мехарошид. Рӯзе худро озод кард. Ӯ намедонист, ки замин низ худ қафасест.

Аз китоби «Розҳо», ҷилди якуми осори Ҳошим Гадо