Розҳои Ҳошим Гадо

№55 (4638) 20.04.2023

Ду чашм аз як чашм хубтару беҳтар мебинанд.

***

Овози каси танҳоро намешунаванд. Чун одамон ба ҳам ҷӯр шаванд, коинот аз садои онҳо ба ларза ояд.

***

Зиндагӣ чунон пасту баландиҳо ва рӯбоҳиҳо доштааст, ки чӣ тавр фиребат медиҳанд, хабар намеёбӣ.

***

Агар бо носипосе вохӯрдӣ, носипосӣ макун, вагарна аз ду носипос дунё вайрон хоҳад шуд.

***

Фикр ҳар қадар фишурда шуда бошад, ҳамон қадар пурмазмун хоҳад шуд.

***

Мо ҳамеша камбуди дигарон, ночизтарин гуноҳашонро мебинему ғайбаташон мекунем, вале аз бетамизиҳои хеш ёд намеорем, аҷиб…

***

Таҳкурсиат аз некӣ, аз хайр­хоҳӣ бошад, бинои умрат мус­таҳкам хоҳад буд. Агар таҳкурсиат аз бадию иғвогарию чоплусӣ бошад, селоби ҳаводис рӯзе онро сарозер хоҳад кард.

***

Вақт ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз раҳму шафқат нахоҳад кард. Ӯ ҳамаро рӯфта мебарад.

***

Ҳеҷ гоҳ ноумед машав, ин роҳат нашуд, ягон роҳи дигарашро биҷӯй, он роҳаш ҳам нашуд, севумашро бикоб, нашуд, 4-ум, 5-ум… охир якеаш барор хоҳад гирифт.

Аз китоби «Розҳо»,

 ҷилди якуми осори Ҳошим Гадо