Розҳои Ҳошим Гадо

№114 (4697) 18.09.2023

Писарбачаеро дидам, ки ба осмон менигарист, ба сӯи тайёра дастафшонӣ мекард. Ба наздаш омадаму аз ӯ пурсидам, ки чаро ба ҳавопаймо даст афшондӣ?

Ӯ посух дод:

- Бародарам ба Дубай парвоз кард.

Боз пурсидам:

- Бародарат аз куҷо парвоз кард?

Гуфт: — Аз Душанбе.

Ман ба ӯ гуфтам, ки ин тайёра аз Москва ба Аврупо парвоз дорад. Ӯ боз аз нав сӯи осмон менигаристу дастафшонӣ мекард ва сипас ба ман нигоҳ карду гуфт:

- Аз куҷое, ки набошад, дар он бародари ман аст!

***

Яке гуфт: «зиндагӣ қафо мондааст». Дигаре гуфт: «зиндагӣ не, одамон қафо мондаанд, зиндагӣ беист пеш рафтааст. Зиндагӣ парвои одамон надорад. Он ҳамеша чунин буд, ҳамеша ҳамин хел мемонад».

***

Инсоне, ки худро идора карда наметавонад, оила ва фарзанд­ҳояшро роҳбарӣ карда наметавонад.

***

Пирӣ аз паси сарат аллакай нафас кашида истодааст.

***

Ту бандаи хокӣ, вақтро лаҷом зан, на ин ки вақт туро лаҷом занад.

***

Ҳар як шахс пастию баландиҳои худро дорад, пастиатро ислоҳ куну ба баландиат нигар.

***

Барои он ки кашф кунӣ, тоқат куну омӯз.

***

Дар рӯи замин аз қадимул­айём ҷангу ҷидолҳо рӯй медиҳанд. Барои он ки ҳамдигарро намефаҳманд ва фаҳмидан ҳам намехоҳанд. Агар мардум ҳамдигарро мешунавиданд, медиданду мефаҳмиданд, ҳамдигарро нест намекарданд.

***

Яке дар парвоз аст, дигаре аллакай ба замин мефарояд. Ӯ дигар парвоз карда наметавонад.

***

Ҳар чӣ мешавад, аз худи ту вобаста аст. Ин тавр мехоҳӣ, ин тавр мешавад. Он тавр хостӣ, он тавр мешавад.

***

Ҷавонӣ намедонад, ки пирӣ чист, баъди пир шудан мефаҳмӣ, ки ҷавонӣ чӣ будааст.

***

Менигараму меандешам: Ин чист? Он кист? Баъд чӣ хоҳад шуд? Ба ­суолҳои худ ҷавоби аниқ намеёбаму боз меандешам: Чаро? Барои чӣ? Барои чӣ тавлид шудан, барои чӣ рафтан? Кай баргаштан? Ин суолҳо беҷавоб мемонанд. Ба ин суолҳои ман ояндаҳо ҳам ҷавоби дақиқ нахоҳанд дод.

***

Нафс душмани асосии рӯҳу бадан аст.

***

Ман агар намесӯхтам, эҳтимол чизе сохта наметавонистам. Сӯхтан маро аз пӯсидан наҷот дод. Ман имрӯз бар асари сӯхтан зинда мондаам ҷовид.

***

Нубуғат ирсӣ несту зотӣ, он атои Худованд аст.

***

Дар рӯи зербинои ғами дигарон тахти бахти хешро магузор.

***

-Актёр кист?

-Оне ки бе бозӣ зиста наметавонад. Ӯ ҳатман бояд бозӣ кунад, бибозад.

***

Пастию баландиҳои ҳаётро бисёр паси сар кардаам, вале на ба ҷое расидаму на чизеро дарёфтам.

Аз китоби «Розҳо»,

ҷилди якуми осори Ҳошим Гадо