Розҳои Ҳошим Гадо

№146 (4729) 27.11.2023

Хошим ГадоАз се чиз гурехта намешавад: яке вақт, дуюм пирӣ, сеюм ба манзили абадият рафтан.

***

Ман ба гумонам ё барвақт таваллуд шудаам ё дер ё ҳанӯз ҳам барои таваллуд шудани ман барвақт аст.

***

- Ту бо ин бозиат чӣ ният дорӣ?

- Ҳанӯз ки тифлам, ба бозии худ машғулам, шумо ба бозии худ. Ҳар кӣ бозии худро дорад, — гуфт набера.

***

Ай одами хокӣ! Ин қадар ҳасрат махӯр, тавону дарнамон. Ҳазлу шӯхӣ ҷою макон дорад.

***

Умри дароз ақл не, таҷрибаро зиёд мекунад.

***

Деҳқон бо юғу испораш ҷуфт карда, гандуму ҷав корад, нависанда ба воситаи қалам. Яке ғизои ҷисмонӣ офарад, дигари ғизои маънавӣ.

***

Ман бояд донам, ки кистам.

Ӯ худ медонад, ки ӯ кист.

***

Вақт дар тааҷҷуб монда, чизе нагуфта худаш шитобида рафт.

***

Ҳеҷ гоҳ монда намешаванд: вақт ва марг.

***

Гадоҳо буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд. Кӯшиш кунед, гадои дониш бошед, на гадои меъда.

***

Ақидаи одамонро дар батнашон накушед. Аз ин кор пешравӣ манъ мешавад.

***

Барои он ки ба орзую мақсадат расӣ, гоҳе ба роҳи каҷу гоҳе ба роҳи рост рав. Вақте ки аз роҳи каҷ ба роҳи рост баромадӣ, аз роҳи рост ба роҳи каҷ дигар марав.

***

Албатта, бе фиреб дар зиндагӣ луқма ёфтан душвор аст. Бо вуҷуди он аз худат ҳақирро мафиреб.

***

Нигарон мабош, ки луқма ба даҳонат худаш омада медарояд. Барои он ки луқма ба даҳонат дарояд, бояд ту аз ҷоят хезию он луқмаро барои ба даҳон овардан бикӯшӣ.

***

Ҳеҷ гоҳ гандум ҷаву ҷав гандум нашудааст. Лек мумкин ба мурури замон ҳар ду ҷавгандум шавад. Боз кӣ медонад.

***

Шамол якумр бе мондашавӣ мешитобид. Вақт аз ӯ пурсид:

- Ту ин қадар куҷо мешитобӣ?

- Агар ман нашитобам. Мемирам.

***

Орзую сир мисли кирме, ки дарахт­ро дарун — дарун мехӯрад, азоб медиҳад. Бузургии инсон дар он аст, ки аз уҳдаи ин кор барояду сабр намояд.

***

Яке аз беҳтарин ихтирооти одамон байни ҳамдигар ҳарф задани онҳост.

Аз китоби «Розҳо», ҷилди якуми осори Ҳошим Гадо