16 октябр - Рўзи кинои тоҷик

Рўзҳои кинои Россия дар шаҳри Душанбе

№130-131 (3115-3116) 15.10.2013

Инак, 15 сол боз дар кишварамон Рўзи кинои тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин санаи фархунда як силсила чорабиниҳо ва вохўриҳо доир мегарданд.

фирузаДар доираи ин чорабинии муҳими фарҳангӣ Рўзҳои кинои Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе идома дорад. Ҳамчунин дар Маркази фарҳанг ва илми Россия дар шаҳри Душанбе шаби эҷодии узви Иттифоқи кинематографистони СССР, узви Иттифоқи рассомон ва дизайнерони Ҷумҳурии Тоҷикистон, рассоми театру кино Манзура Улҷабоева хеле хотирмон баргузор шуд. Нахустшумораи маҷаллаи нав – «Кино» ба дасти ходимони кино ва ҳаводорони филмҳои ҳунарӣ расид.

Бо ташаббуси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия, ҶММ «Фест-Синема» ва дирексияи Кинофестивали кушодаи Россия – «Кинотавр» аз 12 то 16 октябри соли 2013 дар Хонаи кино (воқеъ дар бинои кинотеатри Зебуннисо) Рўзҳои кинои Россия дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.

Рўзҳои кинои Россия дар шаҳри Душанберо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев бо сухани ифтитоҳӣ оғоз карда, меҳмонон ва иштирокчиёни ин чорабиниро хайра мақдам гуфт. Дар назди ҳозирин Раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов, директори генералии Кинофестивали кушодаи Россия – «Кинотавр» Ситора Алиева, намояндаи Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия, роҳбари ҶММ «Фест-Синема» Сергей Леонидович Лдось, продюсери филмҳои ҳунарӣ Сергей Силянов, таҳиягари кино Максим Панфилов, продюсер Рустам Аҳадов сухан карданд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин – Фролов аз ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар изҳори ақида намуда, номаи табрикии Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкинро дар назди иштирокчиён қироат намуд.

1375731_228012057358910_1775713131_n

Тамошобинон тайи панҷ рўз даҳ филми нави ҳунариро тамошо хоҳанд кард. Инҳо: «Иван-писари Амир» (режиссёр Максим Панфилов, соли 2013), «Она» (режиссёр Лариса Садилова, соли 2013), «Хонаи холӣ» (режиссёр Нурбек Эген, соли 2012), «Рўзи муаллим» (режиссёр Сергей Макрицкий, 2012), «Шарм» (режиссёр Юсуп Розиқов, соли 2013), «Шоҳпараки пўлодин» (режиссёр Ренат Давлетяров, соли 2012), «Духтар» (режиссёрон А.Касаткин ва Н.Назарова, соли 2012) ва «Майор» (режиссёр Юрий Быков, соли 2013), «Географ глобусро хўрд» (режиссёр Александр Велединский, соли 2013) ва ғайраҳо мебошанд.

обложка журналДар ин панҷ рўз тамошобинон метавонанд бо режиссёрону актёрони дўстдоштаашон ҳамсуҳбат шуда, дар мизи мудаввар бахшида ба ҳамкориҳои кинематографистони Россия ва Тоҷикистон иштирок намоянд, ба суолҳояшон дар маҳфилҳои «Устод ва шогирд», ки ходимони кинои Федератсияи Россия мегузаронанд ва дар конференсияҳои матбуотӣ ҷавоб гиранд. Маросими пўшидашавии Рўзҳои кинои Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе рўзи 16 октябр — ба Рўзи кинои тоҷик мувофиқ меояд. Дар он рўз бо иштироки ходимони кино режиссёрон, актёрон ва адибону журналистон дар мавзуйи «Кинематографияи миллӣ: дирўз, имрўз ва фардо» мизи мудаввар доир мегардад.

Иштирокчиён метавонанд якчанд филмҳои нави ҳунариро тамошо кунанд.

Н.Тилло, «Садои мардум»