Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ

Рушди бесобиқаи симо ва оинаи давлату миллат

№94 (4514) 29.07.2022

001«Ҳар касе, ки даҳ – понздаҳ соли охир ба Душанбе – пойтахти Тоҷикистон наомада бошаду дигаргуниҳои имрӯзаро бубинад, воқеан, ангушти ҳайрат мегазад. Душанбе ба куллӣ симояшро дигар кардааст. Даҳҳо иншооти азими пойтахт, ки дар чанд соли охир бунёд шудаанд, аз ояндаи дурахшон ва бардавом будани созандагӣ дар шаҳри Душанбе башорат медиҳад», — қайд шудааст дар оғози китоби «Иншооти даврони истиқлол».  Ин китоби мусаввир маҳсули заҳмати чандинсолаи  меъмори собиқадор Абдураҳмон Аҳмадов аст. Қобили зикр аст, ки номбурда дар бун­ёди садҳо иншооти маъмурию маишӣ, фарҳангию варзишӣ ва манзилҳои истиқоматии пойтахти мамлакат ва дигар шаҳру деҳоти кишвар саҳм гузоштааст. 

- Корҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар ҷумҳурӣ, махсусан дар шаҳри Душанбе, анҷом ёфтанд бесобиқа ва шоистаи таҳсин аст. Дар давоми даҳсолаи охир дар шаҳр садҳо бинои маъмурӣ, фарҳангӣ, маишӣ, хонаҳои зебои замонавӣ ва бисёрошёна қомат афрохта, симои пойтахти мамлакатро ба куллӣ дигар карданд. Бисёр иншооти бунёд­шуда шаклу намои миллӣ доранд, ки ин ҳусни шаҳрро ба таври хоса афзудааст,- гуфт Абдураҳмон Аҳмадов.

Воқеан, бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар заминаи таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи роҳбарияти олии мамлакат соҳаи сохтмон босуръат рушд кард.Чунончи, дар шаҳри Душанбе баландтарин пояи Парчами миллӣ дар ҷаҳон (165 метр) қомат афрохта, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт гардид.  Имрӯз марказҳои фарҳангию илмӣ, тиҷоратӣ, варзишӣ, ба монанди  Маҷмааи Исмоили Сомонӣ, Майдони Парчами миллӣ, Қасри миллат, Вазорати корҳои хориҷӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, Китобхонаи миллӣ, Театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ, боғҳои сабзу хуррами  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,  Садриддин Айнӣ, кӯли Душанбе, бозори Меҳргон, чандин театрҳо, Осорхонаи миллӣ, муосиртарин меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилалӣ ба ҳусни Душанбеи зебо ҳусни тоза зам намудааст.

Дар китоби «Иншооти даврони истиқлол»  намунаи иншооти дар пойтахт тайи  солҳои соҳибистиқлолӣ бунёдшуда  шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Хусусияти фарқкунандаи китоб низ дар ҳамин аст, ки ба тамоми иншооти бунёдшуда аз нигоҳи мутахассис баҳогузорӣ ва роҷеъ ба муаллифони лоиҳа, ширкатҳои сохтмонӣ, масъулону роҳбарон, таърихи бунёди иншоот маълумот дода шудааст. Бо акси иншоот мураттаб гардидани китоб моҳияти онро фузун кардааст. Он ҳамчун маводи бойгонӣ низ ба олимону мутахассисон, муҳаққиқон, муҳандисон, устодону донишҷӯён хизмат мекунад.  Китоби мазкур  бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва бо ороишоти ранга нашр гардидааст.

- Дар давоми  31 соли истиқлолият дар кишвар тамоми ҷанбаҳо, аз ҷумла соҳаи сохтмон ва меъморӣ, ба шарофати дастуру супориш ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таври бесобиқа рушд ёфт. Дар ҳама шаҳру навоҳӣ ва деҳоти дурдаст  корҳои сохтмонию бунёдкорӣ доман паҳн намуд ва дар натиҷаи қомат афрохтани садҳо биноҳои хуштарҳу замонавӣ симои шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба куллӣ дигаргун гашт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе (15 феврали соли 2017) таъкид намуданд, ки «Пойтахт симо ва оинаи давлату миллат буда, рафъи камбудиву  мушкилоти мавҷуда ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он вазифаи на фақат мақомоти шаҳр, балки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон аст». Ҳамин нукта барои мо — меъморон низ дастури фаъолият гардид ва банда баҳри омода кардани китоби мазкур иқдом кардам, — иброз намуд дар фарҷоми суҳбат Абдураҳмон  Аҳмадов.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»