Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди фардои дурахшон аст Паём

№15 (4911) 31.01.2025

54231474966_89cb7d2efd_oПаёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъе ироа шуд, ки тайи чанд соли охир дар иқтисоди ҷаҳонӣ ҳолати буҳронӣ ба миён омадааст. Ин аст, ки Пешвои миллат Паёмро бо ёдрас кардани мушкилоти вазъи иқтисодии ҷаҳонӣ оғоз намуданд. Пеш аз ҳама, дар ин раванд вазъи бархӯрдҳои манофеи сиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин, паёмади тағйир­ёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон, яроқнокшавии бошитоб ва халалёбии низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ҳамчун воқеияти кунунии ҷаҳон бозтоб гардид. Ҳарчанд душвориҳои зиёде дар муносиботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар панҷ соли охир дар кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд омаданд, аммо давлат ва Ҳукумати кишвари мо тавонистанд самти тавсеаи рушд ва зиндагии шоистаи мардуми кишварро дар авлавияти сиёсати худ қарор дода, ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадаф аз тамоми захираву имкониятҳо истифода намоянд.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарзи асоснок ҳар бахши ҳаёти иҷтимоиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Сарвари давлат дар Паём аз нигоҳи илмӣ ба таври дақиқ ва боасос мақсаду маром ва тарзи амалигардонии нақшаҳои кори ниҳодҳои давлатиро ба миён гузоштанд. Роҳҳои таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат аз ҷиҳати назариявӣ асоснок шуда, шароити амалӣ кардани онҳо аз лиҳози мантиқӣ бо истинод ба усул ва роҳкорҳои таҷрибии иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бо назардошти хусусиятҳои сифатӣ ва миқдории макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Лозим ба таъкид аст, ки роҳ ва василаҳои таъмини рушди рӯзафзуни ҷумҳурӣ баъди ба даст омадани истиқлоли давлатӣ аз ҷиҳати назариявӣ, бидуни шакку шубҳа, маҳсули хиради ояндабини Пешвои муаззами миллат аст.

Дар Паёми хеш Роҳбари давлат қайд карданд, ки соли сипаришуда дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,4 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфта, дар ин давра маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд шуд. Сатҳи таваррум соли 2024-ум 3,6 фоиз ва дар панҷ соли охир 29 фоизро ташкил кард, ки андозаи маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардида, бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд. Бо мақсади идома додани ин раванд Пешвои миллат Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.

Дар идома Президенти кишвар ба таври муфассал самтҳои иқтисодии кишвар, аз ҷумла кишоварзӣ, энергетика, саноат, роҳсозиро мавриди баррасии амиқ қарор доданд. Қобили зикр аст, яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди кишварҳои пешрафта ин рақамикунонии иқтисодиёт маҳсуб аст. Ин ҷиҳатро Пешвои миллат дар Паёми хеш мавриди таҳлил қарор дода, самтҳои рушди онро барои панҷ соли оянда муқаррар намуданд. Бо ин мақсад, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шуда, ба сохторҳои масъули самт дас­туру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мавриди омӯзиш қарор додани суръа­ти афзоиши аҳолии кишвар, таъми­ни ниёзҳои мардум, дар баробари ин баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ ва рушди таъмини иҷтимоии мамлакат аз мавзуъҳои рӯзмарраи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки дар Паём ба он ишора шуд, давра ба давра беҳтар кардани вазъи зиндагии мардум ва батадриҷ таъмини ниёзҳои ҷомеа, рушди соҳаҳои саноату хоҷагии қишлоқ тавассути афзудани истеҳсоли молу маводи ватанӣ, ҳамчунин, кам кардани ҳаҷми воридот бо такя ба илму маориф ва неруи зеҳниву татбиқи фанновариҳои навин буд.

Пешвои миллат ба саноатикунонии мамлакат низ эътибори махсус доданд. Таъмини рушди устувори иқтисодӣ, аз ҷумла сохтани корхонаҳои саноатӣ, бунёди шароити беҳтари инфрасохторӣ дар ин соҳаҳо, аз вазифаҳои муҳими давлатӣ дониста шуд.

Аз паёмҳои қаблӣ огоҳем, ки саноатикунонӣ дар чанд соли охир ба стратегияи давлат табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ба кишвари саноатӣ ё ба истилоҳ, индустриалӣ табдил додани мамлакат аз кормандони сохторҳои давлатӣ, махсусан блоки иқтисодии Ҳукумат, масъулият, касбият, донишу маҳорат ва ҳиммат­ро тақозо мекунад. Дар зимн, силсилаи тадбирҳое, ки тайи чанд соли охир дар самти сохтмони корхонаю иншооти саноатӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ анҷом мегиранд, ҳадафи стратегии давлатро, ки дар «Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030» инъикос ёфтааст, таҳким мебахшанд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил шудааст. Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар нокифоя арзёбӣ гардид.

Сарвари давлат рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии онро бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон ҳисобида, қайд намуданд, ки вобаста ба ин сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ, мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат илму маорифро пойдевори низоми давлатдории дунявӣ хонданд. Ба ин далел, зикр карданд, ки давлат ва миллат бидуни илму маориф ҳеҷ аст ва ҳузури фаъоли маорифчиёну зиёиён, ки муаррифгари давлат ва миллатанд, дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ амри бебаҳс аст. Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки агар соли 1991 низоми маорифи кишвар дар 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ 1,3 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, ҳоло дар 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 300 ҳазор нафар расидааст. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад. Дар идома ба таври муқоиса зикр гардид, ки агар дар соли 1991-ум 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.

Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

Дар ин замина таъкид шуд, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад ва сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯ наорад, миллат дастнигар, хорузор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад.

Сарвари давлат фармуданд, ки сатҳу сифати таълим дар ҳар як муассисаи таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта шавад. Ҷалби наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ, ки аз мушаххасоти давр ва ҷаҳони муосир аст, таъмин намоянд. Мушкилоти дар ин самт ҷойдошта таҳлил гардид ва дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таҳсилотӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Сарвари давлат зимни баррасии масъа­лаҳои фарҳанг, ҷавонон ва бонувон боло бурдани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, инчунин, эҳтиром гузоштан ба занону бонувонро махсус таъкид карданд. Зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ки зоидаи «табъу истеъдод»-и ҷаҳолатмаобони давранд, ҳамеша аз ҷониби қудратҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ шуда, вазъи куллиро дар манотиқи гуногуни шарқӣ, бавижа шарқи мусулмонӣ, ноҷур месозанд. Сухан сари ин аст, ки фарҳангҳои миллию бумӣ дар ҷараёни ташаннуҷи ифротгароӣ ва тунд­гароии динӣ таҳти хатари азим қарор гирифта, дар садади нобудианд.

Сарвари давлат зимни ироаи сиёсати хориҷӣ дар Паём масъалаи манофеи миллиро ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои нахустини давлатдориамон ҳадафи меҳварӣ маҳсуб меёфт, ба самъи ҳозирин расонида, дар ин замина, таъкид доштанд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю талошро баҳри ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ расонидани ҷумҳурӣ анҷом медиҳад ва дар ин кор саҳми мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр бузург хоҳад буд. Ба ин тартиб, Роҳбари мамлакат ҳадафи стратегии давлатро дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 декабри соли 2024) дар таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Дар ин Паём масъулиятписандӣ, кордонӣ, ташкилотчигӣ, муоширати хуби корӣ, одоби сазовори хизматчии давлатӣ, расидагӣ ба мушкилоти мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мардумӣ, самаранокии мудирияти давлатӣ ва амсоли инҳо матраҳ гардид. Тақвияти сармояи инсонӣ, даст ёфтан ба нишондодҳои зарурии макро ва микроиқтисодӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва миллӣ, рушди бемайлони илму маорифи ватанӣ, пайвастан ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ, дарёфти истеъдодҳои нодири миллӣ дар бахшҳои гуногуни илму маориф, бавижа дар илмҳои табиӣ-риёзӣ ва амсоли инҳо, самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳамин тариқ, дар Паём самтҳои ҳаётан муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат мавриди таҳлилу арзёбии мӯшкифона қарор гирифт. Паёми Пешвои миллат дурнамои рушди давлатдории мост ва дар он нақшаҳои муҳимтарини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқу аниқ муайян шудаанд. Шоиставу боиста аст, ки ин ҳуҷҷати раҳнамо ва тақдирсоз, ки бар мабнои тозатарин нишондодҳои илмию ихтисосӣ таҳияву коркард шудааст, ба унвони мадраки муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва маданӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиши коршиносон ва ниҳодҳои илмиву пажӯҳишии кишвар қарор гирад.

Исомиддин ШАРИФЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа