Рушди китобдорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ

№ 06.09.2023

photo_2023-09-05_16-24-155 сентябри соли 2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида  ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Рушди фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол» доир гардид.

Дар оғози конференсия директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ Абдулфаттоҳ Аминов мухтасар аз дастоварди олимони пажӯҳишгоҳ дар замони соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди соҳаи китобдорӣ ба иштирокчиён  маълумот дод.

Сипас, ходими калони илмии шуъбаи фаъолияти китобдории пажуҳишгоҳ Моҳира Акобирова дар мавзӯи «Истифодаи ТИК дар фаъолияти муассисаҳои китобдорӣ: натиҷаи таҳқиқот», мудири шуъбаи фаъолияти китобдорӣ Саломудин Наимов дар мавзӯи «Рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатии вилояти Хатлон дар даврони Истиқлол», директори АМ СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон Сайзароб Нодирзода дар мавзӯи «Рушди библиографияи давлатӣ дар даврони Истиқлол», ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар мавзӯи «Нақши ПИТФИ дар рушди фаъолияти китобдории тоҷик» баромад карданд.

Дар рафти конференсия, ҳамчунин китоби нав – «Таҳқиқи фарҳанги миллӣ» дар даврони Истиқлол», ҷилди 2 муаррифӣ карда шуд.

Т. ФАРРУХПАЙ,

«Садои мардум»