Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди саноат рушди давлат аст

№58 (4478) 14.05.2022

Рушду пешрафти ҳар давлат ба соҳаи саноат алоқамандии зич дорад. Ҳар қадар ки ба саноат таваҷҷуҳ бештар гардад, ҳамон андоза вазъи иҷтимоии мардум, иқтисодиёти давлат ва ҷомеа беҳтар хоҳад шуд. Рушд додани саноат дар кишвар яке аз масъалаҳои асосиест, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки ҳар сол ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод мегардад, таъкид ёфт.

 Зимнан, лозим ба зикр аст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ кишвар чун манбаи ашёи хом шинохта шуда, ба фарқ аз дигар давлатҳо шумораи ками корхонаву заводҳо дар Тоҷикис­тон бунёд ёфта буданд. Масалан, ҳарчанд Тоҷикистон чун кишвари пахтакор шуҳрат ёфта бошад ҳам, аммо корхонаҳои саноати сабук дар он ангуштшумор буданд ва қисмати асосии пахта ҳамчун ашёи хом ба дигар давлатҳо барои коркард бурда мешуд. Ё дар соҳаи саноати металҳои рангаву қиматбаҳо низ аҳвол чунин буд. Маъдан аз конҳои Тоҷикистон истихроҷ ва барои коркарди ниҳоӣ ба давлатҳои дигар бурда мешуд. Дар масъалаи иртибот байни минтақаҳо низ вобастагии кишварро ба дигар давлатҳо зиёд карда буданд. Хусусан, дар фасли тирамоҳу зимистон ба вилояти Суғд тавассути Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ба вилояти Бадахшон тавассути Қирғизистон сафар кардан имконпазир буд, зеро роҳҳои кӯҳии кишвари мо, бинобар фаромадани тарма, моҳҳои дароз баста мешуданд.  Аз ин рӯ, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои аввал барои Тоҷикистон мушкили зиёдро ба вуҷуд овард. Дар баробари вазъи ногувори сиёсӣ, инчунин канда шудани робитаҳои иқтисодӣ давлат ва мардумро дар ҳолати ногувор қарор дод. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар як вазъияти ниҳоят нигаронкунанда ва хатарнок Роҳбари давлат интихоб шуданд, пеш аз ҳама, масъулияти нигоҳ доштани Тоҷикистон ҳамчун давлат бар дӯшашон афтод. Нахуст, рамзҳову рукнҳои давлатдориро қабул ва таъсис доданд ва барои барқарор кардани сулҳу ваҳдат заҳмат кашиданд. Ин кор панҷ сол вақт гирифт. Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон бартараф кардани оқибатҳои ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ зарур буд. Аз ин рӯ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафҳои стратегӣ эълон шуданд. Нахуст, сохтмон ва таҷдиду азнавсозии роҳҳо шурӯъ шуд.

Вобаста ба ин нукта Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём чунин зикр карданд: «Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем».

Ҳадафи дуюми стратегӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буд, татбиқаш баробар ба ҳадафи аввал шурӯъ шуд. зеро бидуни неруи барқ рушд додани иқтисод амри маҳол аст. Бинобар ин, роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар аз тамоми имконият истифода карданд, то норасоии қувваи барқ бартараф гардад. Дар аввал, бо сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ шиддати норасоии неруи барқ каме коҳиш дода шуд. Аммо барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ амалӣ намудани лоиҳаи бузург ногузир аст. Аввали солҳои 2000-ум сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» шурӯъ шуда, дар даҳ соли минбаъда ҳар дуи он бо иқтидори пурра ба кор андохта шуданд. Дар баробари ин, корҳои сохтмонӣ дар бузургтарин иншооти аср, ки Роҳбари давлат онро «ҳаёту мамоти Тоҷикистон» ном бурданд, НБО «Роғун» шурӯъ гардид. Новобаста ба монеаҳо ниҳоят, соли 2018 агрегати аввали он ба кор андохта шуд. Инчунин, сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ва кашидани хатҳои баландшиддат барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мусоидат намуданд.

Доир ба ин масъала Президенти кишвар дар Паём чунин гуфтанд: «Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид. Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем. Дар натиҷа, соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид».

Ҳамин тариқ, ҳоло мардуми кишвар, ба истиснои ҳолатҳои алоҳидае, ки дар фасли зимистон рух медиҳанд, дар давоми сол 24 соат бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъминанд. Ҳамчунин, Тоҷикистон фасли тобистон неруи барқи изофиашро ба давлатҳои ҳамсоя содирот менамояд, ки дар баробари фоидаи молӣ овардан ба кишвар ҷанбаи иҷтимоӣ низ дорад. Он манбаи рӯшноии ҳазорҳо оилаи давлати азияткашидаи Афғонистон аст.

Расидан ба амнияти озуқаворӣ низ чун ҳадафи стратегии сегона аз охири солҳои навадуми асри гузашта дар мадди назар аст. Ҳар сол ҳазорҳо гектар заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, шаҳрвандон тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат кӯшиш менамоянд, ки аз як замин ду — се ҳосил гиранд. Дар натиҷа, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол то сол зиёд шуда, дар баробари таъмини бозорҳои кишвар, ҳамчунин ба хориҷа низ содирот мегардад. Инчунин, сол то сол корхонаву коргоҳҳои истеҳсолии саноати хӯрокворӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки онҳо низ дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд.

Бо вуҷуди харҷи зиёд дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегӣ масъулиятҳои иҷтимоии Ҳукумати кишвар низ дар 20 соли охир бе каму кост иҷро шуданд. Дар ин муддат садҳо бинои нави мактабу беморхона сохта ба истифода супорида шуданд. Дар Паём зикр гардид, ки «Ҳукумати мамлакат дар ин давра дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд».

Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ҳамчунин зикр карданд, ки «ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид.

Дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд».

Дар соҳаи тандурустӣ бошад, 2723 иншоот, аз ҷумла 1546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Қобили зикр аст, ки бинобар фароҳам омадани заминаи рушд барои соҳаҳои дигар, хусусан саноат, Роҳбари давлат саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карданд. Дар доираи ин ҳадаф низ корҳо муназзам идома доранд. Ҳар сол садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ба хотири рушд бахшидан ба раванди татбиқи ҳадафи мазкур дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022 — 2026 — ро «Солҳои рушди саноат» эълон карданд, ки ин тадбир низ барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Нуктаи дигаре, ки дар Паём таъкид шуд ва ба фаъолияти инҷониб бевосита дахл дорад, баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёри қонунҳои амалкунанда мебошад. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар Паём таъкид намуданд: «Бо ин мақсад Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро зарур аст, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузориро, гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд.

Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад».

Ин супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури кори ҳар як узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ кӯшиш менамоем, ки дар таҳия ва мавриди амал қарор додани қонунҳои ба талаботи замон мувофиқ саҳм гузорем. Дар баробари ин, тибқи нақша, пайваста бо ташкил ва баргузор намудани муҳокима, хониш ва соатҳои парламентӣ бо иштироки масъулини ҳокимияти иҷроия аз раванди иҷрои қонунҳо огоҳ мешавем.

Паёми Президент, ки воқеан, ҳуҷҷати раҳнамунсоз аст, водор менамояд, ки барои ободиву пешрафти кишвар дар ҳар шакле бошад, мусоидат намоем.

Мақсудалӣ УМАРАЛИЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон