Рустами Ваҳҳоб: «Наврӯз шиносномаи миллии мост»

№30 -31 (3667 - 3668) 18.03.2017

13164259_1738671793013051_6361537059625412568_nДар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз шоир ва адабиётшинос, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Рустами Ваҳҳоб хоҳиш намудем, ки роҷеъ ба аҳамият ва ҷойгоҳи он дар марҳилаи кунунии тамаддуни умумибашарӣ андешаҳои худро иброз дорад. Инак, фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.

Яке аз муҳимтарин падидаҳои фараҳбахш ҳафт сол пеш бо қарори ниҳоди фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО мақоми ҷаҳонӣ додан ба Наврӯз, ҷашни миллӣ ва бостонии халқҳои форсизабон буд. Наврӯз давоми садаҳо унсури ҳамешагии пайкори маънавии миллат ва фарзандони фарзонаи он дар ростои нигаҳдорӣ ва бозофаринии ҳувият ва худвижагии таърихӣ буд. Дар остонаи даврони Истиқлолияти миллӣ ва солҳои истиқлол ҷашни Наврӯз бо шукӯҳи рӯзафзун сол ба сол мизони рушду камол ва ба самар расидани ин истиқлолро ба намоиш мегузошт. Таваҷҷуҳи хос дар сатҳи давлатӣ ва барномаҳои расмии таҷлили ин ҷашни бостонӣ ба эҳёи суннатҳои наврӯзӣ мусоидат намуд ва метавон гуфт, ки расмият ва бузургдошти Наврӯз дар мамлакат ба ҳадди зиёде барои эҳёи ин ҷашн дар минтақа ва шуҳрати ҷаҳонии он мусоидат кард. Аз нигоҳи дигар, Наврӯз моҳиятан аз ибтидои пайдоиш хислати байналмилалӣ ва умумибашарӣ доштааст ва ин ибтикори созмони Юнеско як навъ тасдиқи воқеияти таърихӣ аст. Агар ба машҳуртарин ривояти пайдоиши Наврӯз таваҷҷуҳ шавад, ки ҳамоно бунёд ниҳодани ин ҷашн ба дасти Ҷамшед мебошад. Он чӣ ин ҷашни бостонии моро дорои моҳияти умумиинсонӣ мекунад, нуктаҳои дақиқи илмӣ ва маънавие мебошад, ки маҷмӯаи онҳо имкон медиҳад ин падидаи нодир ба унвони як бахши тамомиёри тамаддун бо номи «Фарҳанги Наврӯз» муаррифӣ гардад.

Аз назари илмӣ ва табиӣ фарҳанги Наврӯз ба пояи дақиқтарин натиҷаи дониши кайҳоншиносӣ ва гоҳшуморӣ устувор буда, бо ҳисоби дақиқтар аз сонияҳо замони оғози таҳаввулоти табиии ҷаҳонро бо ҷалоли хос сабт ва мунташир мекунад. Аз ин рӯ, сириштан он наметавонад дар як тангно ва гӯшае аз ин кайҳон маҳдуд бимонад, балки дар он мисли нури офтоб партав меафканад. Аз диди маънавӣ фарҳанги Наврӯз аз ҳеҷ навъ падида ё мазҳари хосе маншаъ намегирад, ки битавонад бо фарҳангҳои башарии мавҷуд дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон ба мухолифат ва инкор дучор гардад.

Нуктае, ки бештар аз ҳама мавриди таваҷҷуҳи суханварон будааст, ҳамон баробарӣ, эътидол, адолатест, ки дар таҳти мазмуни баробарӣ ва эътидоли кайҳониву табиӣ ва ба ин восита маънавии фарҳанги Наврӯз нуҳуфтааст. Баробарӣ, адолат ва таносубе, ки сулҳу осоиш ва пирӯзиву хуррамиро ба армуғон меорад.

Ба ҳеҷ сурат наметавон аз фарҳанги Наврӯз воситаи ситез ва хусумат сохт. Балки ин фарҳанг чун ҳикмати яздонӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва осудагист ва чӣ саодатест, ки он шиносномаи миллии мост.

Раҳмоналӣ Ҳабибов,

«Садои мардум»