Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон» ва сарпарастии Бунёди канадагии «Ташаббусҳои маҳаллӣ» 18-уми феврали соли равон дар Маҷмааи «Кохи афсарон» рӯнамоии тадқиқоти «Никоҳи бармаҳал: омили ҷудоӣ ва худкушӣ» баргузор гардид. Раиси ТҶ «Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон» Хуршед Ниёзов зимни ифтитоҳи чорабинӣ ёдовар шуд, ки сол то сол дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои пошхӯрии оилаҳо ва худкушӣ миёни духтарон меафзояд.
Мувофиқи иттилои Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли сипаришуда дар мамлакат 82552 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, 11013 никоҳ бекор карда шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2017- ум ҳазор ҳолат зиёдтар мебошад. Нигаронкунанда он аст, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ 236 нафар зан даст ба худкушӣ задаанд.
- Бо мақсади муайян кардани омилҳои асосии ҷудошавии оилаҳо ва сабабҳои даст ба худкушӣ задани бонувон тасмим гирифтем, ки миёни сокинони ҷумҳурӣ пурсиш гузаронем. Дар ҷараёни тадқиқот, ки дар 17 шаҳру ноҳияи мамлакат гузаронида шуд, фикру мулоҳизаҳои 2500 нафарро омӯхтем, — гуфт Хуршед Ниёзов.
Рӯзноманигор Баҳманёр Нодиров иброз дошт, ки 33 фоизи пурсидашудагон сабаби никоҳи барвақтиро дар дур мондан аз таҳсил, 33,2 фоиз дар урфу одат, 20,6 фоиз дар камбағалӣ ва 15 фоиз дар таъсири омилҳои динӣ медонанд. Дар бораи оқибати никоҳи барвақтӣ 44,7 фоиз гуфтанд, ки он ба ҷанҷолҳои оилавӣ оварда мерасонад. Сеяки пурсидашудагон (35,8 фоиз) қайд карданд, ки никоҳи барвақтӣ боиси ҷудоӣ мегардад. 9,4 фоиз гуфтанд, ки никоҳи барвақтӣ ба беморӣ мерасонад.
Ба ақидаи аксари пурсидашудагон (38,8 фоиз) сабаби асосии ҷудошавии оилаҳо дар никоҳи бармаҳал ва маҷбурист. 28,6 фоиз сабаби пошхӯрии оилаҳоро муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилоти иқтисодӣ, 17,2 фоиз фишори хешовандони домод ва 12,8 фоиз ноогоҳӣ аз муқаррароти динӣ гуфтанд.
Вобаста ба худкушӣ 37,2 фоизи пурсидашудагон бесаводиро сабаби асосӣ шумурданд. Аз миёни пурсидашудагон 31,9 фоиз хушунати хонаводагӣ, 14,9 фоиз никоҳи бармаҳал ва 13,6 фоиз никоҳи маҷбуриро омили аслии худкушӣ ҳисобиданд.
Яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ Гулҷаҳон Бобосодиқова баргузории тадқиқоти мазкурро ҷонибдорӣ карда, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди шаш сол пеш қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» воситаҳои ахбори омма дар бораи амалишавии қонуни мазкур хеле кам ба ҷомеа иттилоъ медиҳанд. Ҳол он ки зӯроварӣ дар оила яке аз омилҳои асосии ҷудошавии оилаҳо ва худкушӣ ба шумор меравад.
Равоншинос Зарина Кенҷаева, сарвари ТҶ «Лигаи занҳои ҳуқуқшинос» Қаноат Ҳомидова, роҳбари ТҶ «Наҷоти кӯдакон» Қурбонгул Қосимова, донишҷӯи ДМТ Сунатулло Қурбонов ва дигарон дар хусуси тадқиқот андеша баён карда, пешниҳод намуданд, ки бо мақсади огоҳшавии бештари аҳолӣ натиҷаи тадқиқот дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ рӯнамоӣ шавад.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»