Ҷашни меҳру фаровонӣ

Сада. Аз устураву боварҳо то ҷашн

№16 (4756) 02.02.2024

14894200865902044772Сабаби пайдоиши Сада оташ аст, ки ба шакли озар, отару атар, алов, гулхан дар манбаъҳо ва гуфтори мардум вуҷуд дорад. Дар баробари обу боду хок аз унсурҳоест, ки боиси ҳастӣ шинохта мешавад.

Оташ барои мардуми ориёӣ падидаи муқаддас аст, ки қабл аз замони Пешдодиён барояш маросим баргузор намуда, то ба замони давлатдории Сомониён арҷ ниҳода мешуд ва мавриди ситоишу ниёиш қарор мегирифт. Дақиқтар аст, агар талқин кунем, ки аз замонҳои хеле дур инсонҳо ба оташ дилбастагӣ пайдо карданд. Аз замони асри санг, ки одам роҳ гаштан омӯхт. Он овон шояд моҳияти оташро бо тафаккуру шуур намешинохтанд, аммо муҳимияташро ҳар лаҳза эҳсос мекарданду василаи наҷот мепиндоштанд. Воқеият аст, ки бе оташ зиндагӣ рангу бору бӯ надорад, балки вуҷуд нахоҳад дошт. Аз неру ва тавони оташ аст, ки устураҳоро бе ҳузури оташ наметавон тасаввур кард. Сифати он аз устура ба дин интиқол шуд. Дар ҳамаи динҳои олам (яҳудӣ, масеҳӣ, ислом) ҷойгоҳи он хеле баланд аст. Хоса, дар оини зардуштӣ. Дар китоби муқаддаси зардуштиён, матнҳои паҳлавӣ, осори замони ҳахоманишӣ, ашконӣ, кушонӣ, даврони Сомониён аз ситоишу ниёиши оташ маълумот фароҳам аст. Аз даврони густариши зардуштия оташ ҳамчун унсури ҳаётбахш ва сарчашмаи рӯшанию гармӣ, покию назофат, мабдаи неруҳои аҳуроӣ пазируфта шуд. Чунонки аз таълимоти зардуштӣ бармеояд, оташро Зардушт аз биҳишт бо амри Аҳурамаздо ба ин дунё оварда, асоси оламро муборизаи ду қувва: некӣ ва бадӣ, росту дурӯғ ва рӯшанию зулмот ташкил медиҳад. Ситоиши оташ аз афзалиятҳои оини зардуштӣ буда, рамзи адолати Яздон – Арта пазируфта мешуд.

 Дар осори пешин дар боби гунаҳои оташ, анвои оташ (оташкада), оташи чаҳоршанбеи сурӣ, оташи ҷашни Сада, оташи шабу субҳи Наврӯз, оташи шаҳриваргон, оташи озаргон, аловпарак, гардондани арӯсу шаҳ ба даври оташ ва ғайра вомехӯрем. Ҳамчунин, номҳою масалу мақол ва дуои бад бо пайвандӣ ба оташу алов дорем. «Оби оташбор», «Дар дил оташ афтодан», «Дар сарат алов», «Худо хокистарат кунад», «Дар ҳар буттае, ки оташ афтодааст, худаш месӯзад (медонад)», «Дар алови дӯзах Худо бисӯзӣ», «Хоната Худо бисӯзад» ва ғайра аз ҳамон қабиланд. Ин ҳама ба сифатҳои баду неки оташ вобастагӣ доранд.

 Устура бо таърихи аҷдод пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳамчун намунаи ибтидоии шарҳпардозии воқеоти оламу одам ба онҳо арҷ мегузорем. Рӯзгори онон бо набарду пайкорҳои заминӣ анҷом намехӯрд. Онҳо ҷангу муқовиматро дар само миёни худоён месохтанду мебоф­танд ва мисоли рӯшанашро дар муборизаи рӯшанӣ ва торикӣ, хубу бад дар намунаҳои тулӯи хуршед, раъду барқ мушоҳида мекарданд, ки он воқеият буд дар либоси таха­йюл ва тафсилоташ ба гунае буд, ки ин замон асотир унвон гирифтааст. Дар ҳамин маврид Казозӣ чунин менависад: «Таърих паҳнаи намуд­ҳост ва устура густурдаи намодҳо. Намудро ба осонӣ метавон дарёфт, лек намод чандсӯя ва печидааст».

Ба ҳар ранге, ки тафсир кунанд, пажӯҳишгарон дар андешаанд: «Башар имрӯз ниёзманди ҳифзи асотир аст». Аз назари К. Г. Юнг фарҳанге, ки иртиботашро бо архетип гум кардааст, маҳкум ба марг мебошад, фақат сохтори архетипҳо инсонро ба сарчашмаи фарҳангаш, замони оғозин бармегардонад, ҳаводиси пешинро зинда месозад ва имрӯзро маъно мебахшад.

Дарвоқеъ, ҳикояпардозиҳо хеле зебоанд. Ситоиши оташ аз офтоб берун ҷаҳида аст. Онро тимсоли офтоб – мазҳари рӯшанию гармӣ дар рӯи замин донистаанд. Яъне, пайвандии ду падида ҳама давру замон вуҷуд доштааст. Оташ офтоби рамзӣ аст ва хонаободӣ. Дар мардумони олам аз офтоб парастиши бузург ва неруи тавоно вуҷуд надоштааст. Вобаста ба хосиятҳои табиии офтоб ва гардиши бомароми чархи фалак эътиқодоти мардум ба офтоб тағйир намеёфт. Аз тарафи дигар, таълимоти ақвоми ориёӣ сабаб шуд, ки парастиши офтоб густурдатар шавад.

Барои бардошти фоли нек ба инсонҳо номҳое мениҳоданд, ки ба меҳру меҳрубонӣ, рӯшанию нур тавъам бошанд. Чуноне падарбузурги Куруши Бузург Ҳуром ном дошт, ки тулӯи офтоб, инсони шоду хандонрӯ (аз курдӣ — писари хушахлоқ) маънидод мешавад.

Пас аз инсон ҷонварон чун рамзи неруҳои некӣ ба мубориза бармехезанд. Дар бештари ҳолатҳо ба тариқи рамзӣ шер ҳамчун тимсоли офтоб дар осори таърихӣ муҷассам мешавад. Дар ин раванд бозёфтҳои бостоншиносӣ ба мо маълумот медиҳанд. Яъне, дар натиҷаи густариш ва таҳкиму устувор гардидани боварҳо андеша ба санъат ва адабиёт мекӯчад. Гоҳе мо тасвирҳоро бо ширкати шеру гов бо аждару махлуқоти афсонавӣ дарёб мекунем. Ҳамин гуна тасвирот дар осори Тахти Сангин ва Тахти Ҷамшед возеҳу рӯшан мебошанд.

Бештари олимон дар андешаанд, ки ҷашнвораҳо ба хотири ҷудо кардани мавсими сол аст. Дар ин сурат нуктаи асосӣ сари шаби чилла қарор мегирад. Ин гуна ҳисоб аз таҷрибаи халқҳои қадим аст. Аз сабабе ки дар Бобул ду ид, яке Акиту дар моҳи Ташрит ва дигаре Ниссан вуҷуд дошт, 6 моҳ дар тақвим ҷой гирифта буд. Гесиод низ ҳамин нуктаро тасдиқ мекунад, ки гоҳшуморӣ барои муқаррар намудани фаслҳои сол буд, ки бунёдаш ба зироаткорӣ мекашид. Мувофиқи ҳисоби бобулиён фасл аз шаш моҳ иборат буд.

Дар ҳамин раванд, ҷашни Сада ва Шаби ялдо (чилла) иртиботе бо зардуштия надорад. Гумон меравад, ки бештар ба митроизм пайвандӣ дошта, пасон ба сафи эзидони зардуштӣ ворид шудааст. Шояд, қабл аз митроизм низ бошад, вале комилан иттилоъ надорем. Агар ба моҳрӯзи куҳан таваҷҷуҳ зоҳир намоем, мувофиқи асноди таърихӣ бармало мешавад, ки тақвими зардуштӣ, ҳамоне ки ба Эрони ғарбӣ рафта буд, ба дарбори ҳахоманишиён роҳ ёфт. Дар заминаи ахбори Абурайҳони Берунӣ, зикри гоҳшумории зардуштӣ дар империяи ҳахоманишиён дар соли 441 то мелод ба назар мерасад.

Қисмате аз пажӯҳишгарон дар он ақидаанд, ки ибтидо аз тақвим ва анъанаҳо идвора ба эрониён аз Бобулиён ва Байнаннаҳрайн расидааст, вале беҳтар мебуд аз таъсири мутақобила сухан мерафт. Мувофиқи пажӯҳишҳои Крамер ва Оппенхейм фарҳанги Байнаннаҳрайн бештар хосиятҳои материалӣ дорад ва ба ҳаёти рӯзмарраи мардуми минтақа алоқаманд аст. Дар онҳо сирф сифатҳои устувори маънавӣ, рӯҳонӣ, равонӣ ва ба олами улвӣ пайваст будани инсонҳо вуҷуд надорад. Чуноне ки аз «Фар» -и эрониён бармеояд.

Аз асароти мутақобила низ сухан гуфтан ҷоиз ат. Чуноне дар сарзаминҳои паҳновар роҳ ёфтани тираҳои ориёӣ ҳодисаи маъмули аҳди қадим буд. Аз навиштаҳои хати мехии бобулӣ ва папирусҳои оромӣ маълум мегардад, ки дар замони ҳахоманишиён муғҳои эронӣ ба Бобул ва Миср рафта, маросими диниро ба ҷо меоварданд. Он қадар оини зардуштӣ дар Ғарб маъмул буд, ки пораҳои асари Арасту андар боби муғон то замони мо расида, муаррихон Ксанф (асри V, муаллифи лидӣ), Берос (бобулӣ), Плутарх, Диоген (юнонӣ) ва даҳҳои дигар дар бораи Зардушт ва оини он асар эҷод кардаанд. Яъне, натиҷаи таъсири кӯтоҳмуддат на, балки тӯлонист.

Дар аҳди Сосониён манзара дигаргунтар аст. Сосониён аз гузаштагони этникии худ — ҳахоманишшиён ва ашкониён дар кори дин таҷрибаи зиёд ҷамъ карда буданд. Аз ин овон, гумон мекунам, ки Сада ба оину кеш пайвандӣ ёфта бошад. Ҷашнвораҳо ба хотири талқину тарғиби оини зардуштӣ силоҳи муқтадир буданд, зеро дар ин аҳд ҷойгоҳи дин ба дараҷае расида буд, ки натиҷааш дар ҳамон шиори маъмули «Тахт такягоҳи меҳроб ва меҳроб муттакои тахт аст», рӯшан мешавад.

 Бино ба пажӯҳиши В. Г. Луконин, дар фарҳанг, ҳунар ва иҷтимоиёти Эрон дини зардуштӣ ва муъбадони он таъсири бузург доштанд, ки дар ҷомеаҳои дигари эронӣ ба мушоҳида намерасид. Дар соли 955 Абдудавла ба катибаҳои вайронаҳои Персеполис ба василаи муъбади маъбади оташи Козерун Морасфанд ошно шуд, ки ба забонҳои форсии қадим, паҳлавӣ ва юнонӣ ҳаккокӣ шуда буданд. Маъбади Козерун аз оташгоҳҳои оини зардуштӣ буда, ҳангоми ҷашну маросим истифодаи паҳновар дошт.

Асноди хеле муҳим натиҷаи пажӯҳишҳои экспедитсияи бостоншиносии Амрико дар наздикии Истахр дар Нақши Рустам ба шумор меравад. Ба қавли В. Г. Луконин, ин минтақа як навъ осорхонаи зиндаи таърихи пуршарафи Эрон аст. Чуноне зикраш рафт, Абдудавла онро «Ганҷури мактубҳо» номида буд, ки «Дижи напишт» низ хонда мешавад. «Дижи напишт» ганҷури ҳуҷҷатҳои расмӣ, қоидаю аркони дин ва феҳристи китоби муқаддаси «Авесто» мебошад. Қарин ба он дахмаи шоҳони ҳахоманишиён воқеъ аст, ки бо унвони «Каъбаи Зардушт» маъруф буда, аз аҳди қадим аз зумраи парастишгоҳҳост. Тасвири он дар сиккаҳои шоҳони Форс, ҳамчун нишони арҷгузорӣ ва эътиқод аз асри III то мелодӣ то асри III мелодӣ нақш меёфтанд. Дар паҳлу ё гӯшае, гоҳе тасвиру рамзи худои олии рӯшанӣ ва некӣ Аҳурамаздо ҷой дода мешуд. Ба тахмини В. Г. Луконин, ҳамон маъбади оташ буд ва ё маъбади эзиди занону обу фаровонҳосилӣ Аноҳита, ки аз қадим бо оташи муқаддас тавъам буданд. Зимнан, дар бовару шуури эрониёни қадим обу оташ аз ҳам ҷудо нестанд ва эзидонашон ҳам паҳлуи ҳам зикр мешаванд. Бар идомаи мулоҳизоти қаблӣ бояд қайд кунам, ки дар сиккаҳо тасвири эзиди дигари зардуштӣ Митра маъмул буд, ки дар аҳди Кӯшониён ривоҷ дошт. «Дафинаи Амударё» дар Тоҷикистони ҷанубӣ (ёдгории Тахти Сангин) ҳамин гуна аснодро дорад. Дар баробари маъбади Оахшо – ба иззати рӯди Вахш, дар дили ёдгорӣ маъбади оташ вуҷуд низ дошт. «Аз рӯи чизҳое, ки ба таркиби ба истилоҳ «Дафинаи Амударё» дохил мешаванд, яъне аз рӯи маҷмаи миқдори зиёди ашёи заргарии, асосан, аз симу зар сохташуда (ҳамагӣ 180 адад, аввалҳо зиёдтар будааст) ва низ пулҳои тилло ва нуқра дар бораи дараҷаи тараққиёти пешаи санъат­варӣ дар Бохтар фикру мулоҳиза рондан мумкин аст».

Он чӣ дар мавриди парастиши эзиди Аноҳита гуфта шуд, чӣ дар Осиёи Марказӣ ва чӣ марзҳои Эрони кунунӣ фарқият зиёд нест. Дар ҳар ду самт ба арҷ ниҳодани Ардависура Аноҳита тамоил вуҷуд дошт. Агар «Каъбаи Зардушт» иртиботе бо ин илоҳа дошта бошад, пас дар Тахти Сангин низ муқаддасоти оташу Аноҳита рӯшани рӯшан аст. Гиршман муътақид бар он аст, ки ­«…дафинаи Амударё як қисми хазинаи маъбади машҳури дар Бохтар будаи Аноҳита аст, ки эҳтимол, дар вақти ҳамлаи Искандари мақдунӣ ва ё салчуқӣ хароб гардида бошад».

Дар Тахти Сангин ба ҳам омадани маъбадҳои обу оташ ва эзиде, ки вакили ду муъҷизаи бузург аст ва низ дар Эрон чунин мушоҳида мешавад, мулоҳизаи дигарро ҳосил мекунад. Ҳамин ҳолат дар шаҳри қадими Карон эҳсос мегардад. Дар Карон оташгоҳ ва маъбади об кашф гардид, ки тавъам будани обу оташ ва парастиши яксони онҳоро намоиш медиҳад.

Дар аҳди Сосониён дини зардушти мақоми олиро дар ҷомеа ба даст овард. Бо ин сабаб ҷойгоҳи муъбадони зардуштӣ боз ҳам устувортар гардид. Аз ҷумла, муғпат Картир афзалиятҳои зиёд дошт, бо истифода аз он мавқеи динро мус­таҳакамтар кард ва шумораи маъбадҳои оташро зиёд намуд. Маблағу маросими қурбониҳо дар итоати ӯ буданд. Дар замони шоҳаншоҳии Шопури 1 Картир маъбади бузурги оташро бино намуд ва дар аҳди Ҳурмузд Ардашер соҳиби «кулоҳу камар» шуд, ки нишонаи баландтар гардидани мартабаи ӯ буд.

Дар «Динкард» (ба андешаи В. Г. Луконин бандубасташ ба асри IХ рост меояд) аз ҳирбад ё «Номаи муғпат Тусар (Тансар)» ёд мешавад, ки шореҳи «Авесто» буд ва дар сиёсат нақши барҷаста дошт. Дарвоқеъ, қонуну қоидаҳои иҷтимоии даврони сосонист, ки пас аз «Авесто» ва катибаҳои Кӯҳи Бесутун пураҳамият буда, бо унвони «Номаи Тансар» дар баробари «Худойномак» аз тарафи ибни Муқаффаъ аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума шуда, дар сиёсати давлатдорони сосонӣ таъсир гузошт.

Бино ба навиштаи В. Г. Луконин, дар мағзи Шопур андешаи ғалатӣ давр мезад, ки барои тамоми Ғарб дини ягонае бисозад. Ин идеяро Картир пешво буд. «Мувофиқи маълумоти муаррихи бобулӣ Беросс Ардашери II муҷассамаи илоҳа Аноҳитаро барои эҳтиром дар Бобул, Шуш, Экбатон, Истахр, Бохтар, Димишқ ва Сардаҳ гузошт». Вале бо дастовардҳои пай дар пайи ҷангӣ нақша ва ғояи тоза: эроникунонии сарзаминҳои забткарда ба ҷойи аввал баромад. Барои тезтар амалӣ кардани ҳадафҳояш дар ҳар ҳаракаташ Шопур муъбадонро бо худ ҳамроҳ мебурд.

 Ба василаи дигар муъбадон дар паҳлуи шоҳону волиён буданд. Аз рӯи манбаъҳои таърихӣ чанд сол дар Эрон хушксолӣ воқеъ шуд. Бо ҳамин иллат Фирӯзи Анушервон аз мардум хироҷ наситонд: «Ва дарҳои хазинаи худро кушоду аз молҳое, ки ба оташкадаҳо тааллуқ дошт, ҳар кас мехост, бад-ӯ вом медод. Ва тамоми он молҳоро ба мардуми Эрон дод… Ва дар ҳамаи ин чанд сол, ки қаҳту гаронӣ буд, касе аз гуруснагӣ намурд».

Манзур аз ахбор дар бунёди маъбадҳои оташ дар сарзаминҳои паҳновар ҳамон ғояи зардуштии муборизаи рӯшанию накӯӣ, ростию дод бар торикию зулмот ва дурӯғу бедодӣ буд. Сарчашмаи асосии таълимоти Зардушт муборизаи ду неру: Аҳурамаздо ва Аҳриман ба шумор мерафт. Дар сарчашмаҳо дар бораи ҷашнвораи Сада ва оину маросими он ба дурустӣ ва рӯирост маълумот каманд, вале мантиқи таърихӣ имкон медиҳад дар ин хусус ҳарф бизанем, зеро арҷ ниҳодани оташ дар бунёди маъбадҳо намоён мегардад, чунки муъбадон дар нигоҳдорӣ, иҷрои урфу одатҳои муқаддас донистани оташ, қурбониҳо ва дигар анъанот масъул буданд. Шояд амалҳое буданд, ки ҳар рӯз иҷро мешуданд, зеро дар оини зардуштӣ ҳар рӯз рӯзи офтобу оташ буд ва бе мавҷудияти онҳо ҳаёт сарду хомӯш мегардид. Ё шояд, навиштаҳое дар бахши маросими Сада дар аҳди қадим аз миён рафтаанд ё ба дасти мо нарасидаанд.

Ҷонибек АСРОРИЁН,

фарҳангшинос