Сада дар садр аст

№14 (4910) 31.01.2025

главнЧун сухан дар бораи ҷашни Сада равад, маъмул шудааст, ки аксар муаллифон дар таълифоти хеш ба як  далел — «шоҳ Ҳушанг бо наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳ мори дарозу тирарангро мебинанд. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯйи мор мепартояд, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба санги дигар бархӯрда шарора меҷаҳад ва хасу хоррӯбаҳои хушк оташ мегирад …», — истинод менамоянд.

Хуб дарк менамоем, ки Сада рамзи пирӯзии гармию нур бар сардӣ ва торикӣ ба ҳисоб рафта, рамзи асосии он гулхани фурӯзони оташ аст, вале афзалият додан ба ин  ривоят боис гардидааст, ки  ҷанбаҳои дигари нисбатан муҳимтари ин ҷашн  то андозае аз мадди назар дур мондаанд.

РУҶӮИ ТАЪРИХӢ

Тибқи иттилои таърихнигорону фарҳангшиносон маълумот оид ба Сада ба се номгӯй ҷудо мешавад. Аввал, маълумоти тоисломӣ аст, ки тавассути сайёҳон ва муҳаққиқони аврупоию юнонӣ Ҳеродот, Страбон, инчунин, аз баъзе сарчашмаҳои арабии тоисломӣ ба мо расидаанд. Баъдан, дар давраи Сомониён, асрҳои IX-X, дар осори таърихию адабӣ дар бораи Сада маълумоти бештар қобили дарёфт аст. Сеюм намуди маълумотро аз сарчашмаҳои мардумшиносӣ дарёфт карда метавонем. Ба ин тартиб, Сада аз ҷумлаи  ҷашнҳои бостонии мо мебошад, ки таҷлилаш 7 ҳазор сол пеш шурӯъ шуда, маҳсули завқи баланди гузаштагони мост. Дар замони Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ҷашнгирии он ба авҷи аъло расида буд. Масъалаи дигаре, ки бояд таваҷҷуҳ ба он хоса бошад,  қаробат надоштани Сада ба дину  эътиқод аст. Ҳатто дар  Авесто, ки баъзеҳо бинобар рамзи асосии  Сада будани оташ ба он моҳияти зардуштиро марбут медонанд, ин ҷашн зикр нашудааст. Яъне, аҷдоди шарафманди мо — ­ориёиёни қадим тақвимҳои ба истилоҳ мардумиро рӯи кор оварда буданд, ки рамзу ҳикмати хос ва асосан ба фаслҳои сол рабт доштанд.  Нақши ин тақвимҳо дар он айём бениҳоят бориз буду  дар асоси онҳо мардум маросиму ҷашнҳоро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекарданд.

 Далелҳо ҳокианд, ки бо лашкаркашии арабҳо  ба Ватани аҷдодии мо маъруфияту маҳбубияти ин ҷашн аз байн рафт. Хушбахтона, бо шакл гирифтани давлатҳои миллӣ, хоса дар  замони Сомониён, ҳамрадиф бо Наврӯзу Меҳргон Сада эҳё гардид. Сулолаи Ғазнавиён  низ ба ин ҷашн таваҷҷуҳи хоса дошт ва  Султон Маҳмуди Ғазнавӣ шахсан дар ин маросим ширкат мекардааст. Мутаассифона, зери таъсири  руҳониёни мутаассиб  муносибати ҷойгузини ӯ – писараш Масъуд ба ин қабил ҷашнҳо дуюмдараҷа гардид. Бо оғоз шудани истилои муғул ва минбаъд бар асари махсусияти низоми шуравӣ миёни ҷашнҳои ниёкони мо фақат Наврӯз  то андозае осебнопазир боқӣ монда, дигар ҷашнҳо, хоса Сада, ба гӯшаи фаромӯшӣ афтоданд.

ТАВСИФИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДАГӢ

Чун дигар ибтикорҳо дар саргаҳи эҳё ва такомули ҷашни Сада низ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Эҳёи расму оини аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба ҷашнҳои ниёкон яке аз фазилатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин абармарди дунёи сиёсат пештар ва бештар аз дигарон дарк карданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ  арзишҳои миллиро, ки ҷашн­ҳои миллӣ як ҷузъи муҳими онҳо мебошанд, бояд боҷуръатона ҳимоя ва барои боз ҳам таҳкиму густариш ёфтанашон шароит фароҳам сохт.  Маҳз, бо  ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Наврӯз ҷаҳонӣ шуду жанр­ҳои мусиқии Шашмақому Фалак, ёдгории Саразм ва чакан ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии умумибашарии созмони бонуфузи ­ЮНЕСКО ворид гардидаанд.  Эҳё ва бар маснад нишондани Сада низ идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб меравад.

Бо ташаббуси Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сада мақоми ҷашни давлатӣ дода шуд. Боз ҳам муҳим он аст, ки ҷашни Сада бо пешниҳоди Тоҷикистон 6-уми декабри соли 2023 дар Иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО ба Феҳрис­ти мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудонопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфт.  Ба таъбири шоир Озар:

Чист, эй дӯст, Сада?

Сада оғози яке соли пур аз иқбол аст.

Сада мероси Ҷаму Афредун,

Сада, ин Нораку Роғун,

Сада, ин партави хуршедии истиқлол аст.

ДАР БОБИ МОҲИЯТУ МАХСУСИЯТИ  САДА

Сада таҷассумгари  ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстию бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд. Он аз итмоми фасли сармо  паём дода, муждарасони Наврӯз аст. Сада тақвими чиллашуморӣ маҳсуб шуда,  кишоварзон тибқи он рӯзу моҳу фаслҳоро ҳисоб мекунанд ва дар корҳои деҳқонии худ истифода мебаранд. Мувофиқи тақвими чиллашуморӣ аз 22-юми декабр Чиллаи калон шурӯъ мешавад ва шаби даромадани Чилларо ниёгони мо бо номҳои шаби Чилла ва шаби Ялдо ҷашн мегирифтанд.

Бештар ба кишоварзон   мансуб донистани ин ҷашн  ба он рабт дорад, ки ба марди деҳқон аз наз­дик шудани фасли баҳору оғози корҳои саҳро хабар медиҳад ва аҳли заҳматро ба андешаи давраи нави кишоварзӣ ва боғдорӣ ҳидоят менамояд. Маҳз дар ҳамин айём деҳқонон тухмии хушсифати зироат, таҷҳизот ва дигар асбобу олоти кишоварзиро ба кишти баҳорӣ омода месозанд, ҷӯйбору заҳкашҳо, яъне иншооти обёриро тоза намуда, нақшаи киштукор, бунёди боғу токзор ва дигар корҳои баҳориро тарҳрезӣ мекунанд. Марҳилае, ки Сада таҷлил мегардад, беҳтарин айём барои тоза кардани дарахтони боғҳои куҳна ва омода намудани ниҳолу қаламчаҳо барои бунёди боғҳои нав аст.

Хайру саховат кардан, ба аёдати беморону наздикон рафтан ва либоси идона пӯшидан аз ҷумлаи оинҳои неки ин ҷашн ба ҳисоб меравад. Кинаҳоро аз қалбҳо дур кардан, тозаю озода нигоҳ доштани хонаю кошона, сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаю хиёбону гулгаштҳо ва ободу зебо намудани маҳали зист аз суннатҳои Сада аст.

Бо ин мисраъҳои зебои Гулназар метавон матлабро анҷом дод:

Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,

Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.

Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,

Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз. 

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»