Сада кашфи оташ аст

№18 (4601) 31.01.2023

novruzҶашнҳое, ки дар қадим пайдо гаштаву бо шаклу мазмуни нав, вале бо суннатҳои хос то ба замони мо омада расидаанд, ҳикмат доранд. Ҷашнҳои қадимаи таърихӣ Сада, Наврӯз ва Меҳргон, ки дар таърих бо номи «Ҷашнҳои сегона» маъруфанд, хусусиятҳои фарқкунанда доранд. 

Дар робита ба ҷашни Сада Корманди шоистаи Тоҷикис­тон, адиб, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонмурод Одинаев андешаҳояшро чунин иброз дошт:  

- Сада аз рӯи таърихи пайдоиш яке аз ҷашнҳои қадимтарини халқи тоҷик ба шумор меравад. Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон, мутобиқи сарчашмаҳои хаттӣ, дар миёни қадимтарин зироаткорони Осиёи Марказӣ, яъне тоҷикон, идҳои қадимаи тоисломӣ мебошанд, зеро дар он давра чорабиниву иду ҷашнҳо дар аловхона бо пухтани анвои гуногуни таом, сурудхониву рақсу бозӣ ва ҳазлу шӯхиҳо баргузор мешуданд.

Абӯрайҳони Берунӣ дар китобаш «Осор-ул-боқия» чунин овардааст: «Сада-номи ҷашни рӯзи даҳуми баҳман аз ҳар соли шамсӣ…». Дар китоби дигар ишора шудааст, ки азбаски аз даҳуми баҳман то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳоданд. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» асосгузори ин ҷашнро Ҳушанг меҳисобад. Баъзеҳо дар он ақидаанд, ки Сада дар замони Каюмарсу Исфандиёр ва Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст. Илова бар ин, баҳри муқаррар кардани таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва қавоиду суннатҳои он «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчашмаи бебаҳост. Аз ин рӯ, қиссаи пайдоиши ҷашни Сада, ки онро кашфи оташ номидаанд, аҷоиб ривояте дорад.

Рӯзи даҳуми моҳи баҳман буд. Подшоҳи даврони Пешдодиён — Ҳушанг ҳамроҳи сипоҳиёнаш бо мақсади шикор роҳи кӯҳеро пеш мегиранд. Ногоҳ аз пеши шикорчиён мори калоне мебарояд, ки гирди санги сиёҳ ҳалқа зада, шикамашро болои гиёҳҳои хушкидаи нарм гузош­та истироҳат мекард. Шикорчиёни пешрав морро дида ба Ҳушанг хабар мерасонанд. Шоҳ Ҳушанг, ки марди қавипайкару паҳлавон буд, беибо санги калонеро бардошта морро нишон мегирад. Мор аз пайдо гаштани душманони ногаҳонӣ роҳи гурезро пеш мегирад. Санги ҳавододаи Ҳушанг хато мераваду он ба мор нарасида, ба санги сипари мор бармехӯрад. Ҳамон лаҳза атрофи санг оташ аланга мезанад.

Ҳушанг, ки дар сангпартоӣ ва нишонзанӣ дар кишвараш ҳамто надошт, ҳам аз хато рафтани сангаш ва аз ҳама бештар аз забонаи алангаи сурху зарди ногаҳонӣ ҳайрон гашт. Шуълаи фавворазада дар як лаҳза хасҳои хушки атрофи сангро фаро гирифту оҳиста хомӯш гашт. Ҳушанг оҳиста-оҳиста ба назди хасу хошоки хокистаргашта рафта, аввал нӯги гурзи чӯбини дасташро ба сиёҳӣ расонд, баъд бо пояш палмосид, гармиеро эҳсос намуд. Дарунтари майдони хокистаргашта қадам гузошт, чанги сиёҳ бархост ва гармии бештареро ҳис карду пояш сӯхт. Ба қафо гашту сангеро болои майдони сиёҳӣ партофт, боз чанг хест. Аз ғазаби он ки моҳияти воқеаро то охир дарк карда натавонист, санги дигарро гирифта сӯи санглох андохт. Дар шомгоҳи тира боз оташаке шуъла зада, хасҳои хушки атрофи санглох аланга гирифтанд. Ҳушанг ин дафъа болои алангаи оташ чӯбе партофт ва аланга баландтар забона зад.

Шоҳ Ҳушанг дарк кард, ки барои худ ва одамон оташ кашф гардид ва ба ин муносибат атрофиёнашро ҷамъ оварда, ҷашн орост ва номи онро Сада гузошт. Ӯ шукри Яздонро ба ҷо оварда, ҳамон шаб оташи калоне афрӯхта, ба атрофиёнаш эълон кард, ки ин фурӯғи яздонист ва агар касе хирадманд аст, онро бояд парастад.

Ҳамин буд, ки Фирдавсии бузург ба ин муносибат чунин гуфтааст:

Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,

Пас аз ӯ чунон кард ҳар шаҳриёр.

Ин аст таърихи пайдоиши ҷашни Сада. Дар ин ривоят муҳим он аст, ки ниёконамон рӯзи пайдоиши оташро, ки инқилоби азиме дар ҳаёти инсонӣ буд, ба иди бузург табдил додаанд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»