Решаи тоҷик аз кадом сарчашмае об мехӯрад? Чаро фаромӯш кардани расму оин ва тамаддуни бавуҷудовардаи ниёконамон хатарзост? Ҷашни Сада чӣ пайванде бо тамаддуни мо дорад? Устура ва таърихи Сада чаро ҳақиқати зиндагии ниёкони мост? Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чаро барои зинда нигоҳ доштани расму оин ва суннатҳои ниёконамон мубориза мебаранд? Ба чӣ далел Садаро ҷашн мегирем?
Мо дар ин мақола кӯшиш кардем ба саволҳои зикршуда ба қадри тавон посух бигӯем. Ба устура ва таърихи гузаштагонамон назаре бияндозем, боварҳо, арзишҳо ва шеваи зиндагии ононро бозгӯ кунем. Ба дунёе сафар кунем, ки инсонҳо бо неруҳои аҳриманӣ мубориза мебурданд. Аз табиат дарси пок ва шод зистанро омӯхта буданд. Ҷашнҳо меоростанд, овоз мехонданд, мерақсиданд, ишқ меварзиданд, зиндагиро бо шебу фарозаш таҷриба мекарданд. «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» шиорашон буд. Ҳар ҷашне, ки меоростанд, паёме аз худшиносию ҷаҳоншиносиашон медод.
УСТУРА, ТАЪРИХ ВА САДА
Дунё дар он замон аз даврони мо комилан мутафовит буд. Одамон ду фаслро мешинохтанд: тобистон ва зимистонро. Аз оғози фарвардин то поёни меҳрмоҳро тобистони бузург меномиданд. Аз якуми обон то поёни исфандро зимистон мегуфтанд. Одамон як ҷузви ҷудонашавандаи табиат буданд. Зимистони дурудароз ва сард ба зиндагиашон сахтӣ меовард. Онҳо сардӣ ва торикиро натиҷаи неруи аҳриманӣ медонистанд. Ягона роҳи муборизаро бо онҳо дар дуо ва ниёиш медиданд. Сардиҳо ва торикиҳои зимистонро ба умеди расидан ба равшанӣ, яъне тобистон, пушти сар мекарданд.
Сад рӯзи зимистон аз оғози обон то даҳуми баҳман сардтарин айём буд. Дар он даврони қадим дар аввали обонмоҳ ҳодисае рух дод, ки боиси тағйир ёфтани рӯзгори ниёгонамон гашт. Шоҳ Ҳушанг, писари Сиёмак, ки чорумин насли Одам ба ҳисоб мерафт, ҳангоми шикор бо мори бузурге рӯ ба рӯ шуд. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» он морро ин гуна тасвир мекунад:
Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тарагун.
Ҳушанг сангеро бардошта бар сари мор зад, аммо он хато рафт ва ба санги дигаре бархӯрд. Сангҳо шикастанд ва аз бархӯрдашон ҷарақа, фурӯғе падид омад, ки ҳамон оташ буд.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст гурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Чун ҷарақаи оташ ба хасу хошок парид, фурӯзон гашт. Ҳушангу ёронаш гармии оташро дар он сардӣ ҳис карданд ва неруи онро бишнохтанд. Каме аз оташро бардоштанд ва ба манзилашон баргаштанд:
Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Ҳамин тавр, баъди сад рӯзи сардтарин рӯзҳои зимистон Ҳушанг оташро кашф намуд ва он рӯзро Сада ном гузошт.
Ин қисса устураест, ки тавассути «Шоҳнома» ва ривоёти мардум то замони мо расидааст. Аммо ин устура ҳамон оғози таърих аст, ҳамон давроне, ки ниёкони мо истифода аз оташро ёд гирифтанд ва дар зиндагиашон тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Онҳо бо оташ бошишгоҳу кулбаҳояшонро гарм карданд, ба шабҳояшон равшанӣ бахшиданд. Тавассути оташ худро аз душманонашон муҳофизат намуданд. Оташ барояшон ҳурмат дошт, онро пок ва поккунанда медонистанд.
САДА — САДУМИН ФАРЗАНДИ ОДАМ
Боварҳо одамонро дар тӯли таърих ба ҳар роҳе бурдааст, аммо шинохт ба инсон болу пар додааст. Шинохти худ, шинохти муҳит, шинохти оташ, шинохти офтоб, шинохти некию бадӣ… боиси пайдо гаштани фарҳангҳо, тамаддунҳо гаштааст. Сада ҳам ҷашни шинохти оташ аст.
Вожаи «сада» аз калимаи «сат»-и забони паҳлавӣ то мо расидааст ва маънои садро дорад. Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо мутафовитанд. Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ат-тафҳим»-и худ дар бораи далели ба вуҷуд омадани ҷашни Сада менависад: «Ва низ гуфтаанд, ки андар ин рӯз аз фарзандони падари нахустин (Одам) сад тан тамом шуданд».
Ин фикри Абурайҳони Беруниро Гардезӣ ҳам тасдиқ мекунад. Ӯ дар китоби «Зайн-ул-ахбор»-и хеш менависад: «Садаи бузург, чунин гӯянд муғон, ки андар ин рӯз сад мардум тамом шуда буд аз насли «Мишо» ва «Мишиёна» ва эшон ду мардуми нахустин буданд, чунон ки мусулмонон гӯянд Одаму Ҳаво, муғонро он ду тан буданд».
Аз ин гуфтаи Абурайҳони Берунӣ ва Гардезӣ маълум мегардад муғон (руҳониёни зардуштӣ) бовар доштанд, ки вақте шумораи фарзандони Мишо ва Мишиёна (Одам ва Ҳаво) ба сад расид, онҳо аз ин хушҳол гаштанд ва ҷашн оростанд. Дар он даврони оғозини таърих зиёд гаштани шумори насли Одам муҳим буд. Дар муқобили офатҳои табиат, ҳайвонҳои ваҳшӣ, неруҳои аҳриманӣ пойдорӣ нишон додан ва ба бақои худ идома бахшидан ба инсонҳои нахустин амри ҳаётӣ ба шумор мерафт. Аз ин ҷост, ки нахустин падар (Одам) вақте шумори фарзандонаш ба сад мерасад, ҷашн меорояд. Чаро ки афзун гаштани ҷамъияти одамони нахустин нишонаи қувват гирифтан, тавоно шудан ва маънои дар баробари душманон пирӯз гаштанро дошт.
Масъалаи бақо дар он давроне, ки ба назари мо устура метобад, муҳимтарин амри зиндагии мардум буд ва ин чизро онҳо хуб медонистанд. Зинда мондани насли Одам бидуни расидан ба огаҳӣ ва шинохт имконпазир набуд. Аз ин рӯ, одамон истифода аз қувваи тафаккурро ёд гирифтанд ва ба шинохти қувваҳои некию бадӣ пардохтанд.
ОФТОБ — ТАВАЛЛУДИ ДИГАР
Зимистонҳои сарду торик дар он даврони дур ваҳму хиёлро дар зеҳни одамон бедор месохт. Онҳо дар баробари табиати бераҳму номеҳрубон худро нотавон ҳис мекарданд. Дар танҳоӣ ва дастҷамъона худованди табиат — Меҳрро ниёиш менамуданд. Аз ӯ мехостанд ба онҳо равшанӣ ва гармӣ бубахшад, торикиро бардорад ва дар баробари неруҳои бадӣ тавонашон бидиҳад.
Одамон дар дарозтарин шаби зимистон, ки дар миёни форсигӯён чун шаби Ялдо машҳур аст ва мо-тоҷикон онро чун шаби Чилла мешиносем, даври ҳам ҷамъ мешуданд ва ба дуохонӣ мепардохтанд.
Дар он даврони қадим зимистонҳои сахту қаҳратун ҳукмфармоӣ мекард ва мардум моҳҳо рӯи офтобро намедиданд. Онҳо бовар доштанд, ки дар шаби аввали Чилла офтоб дубора таваллуд мешавад ва оҳиста-оҳиста қувват гирифта, неруҳои торикӣ, яъне аҳриманиро пароканда сохта, ба онон чира мегардад.
Шаби ҷашни Сада барои офтоб шаби чиллашикан ба ҳисоб мерафт ва хуршед аз Чилла мебаромад. Баъди панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб офтоб қудрати худро комил месохт, торикиро аз байн мебардошт, аҳриманро мағлуб месохт, ҷаҳонро пурнур мегардонд ва Наврӯзро падид меовард. Он гоҳ ниёконамон ҷашни хушӣ меоростанд ва бо суннатҳои хос омадани Наврӯзро пешвоз мегирифтанд.
Дар ҷашни Сада чун оташ меафрӯхтанд, бо ҳамин оҳарманро аз худ дур мекарданд. Онҳо оташро нури Худо медонистанд ва бовар доштанд он нур бадиҳоро месӯзад, торикиро мебардорад ва покию ростиро эҳдо менамояд. Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» менависад, ки аҳли Караҷ шаби Садаро «Газна» меномиданд. Чунин ном гузоштан ба он маъно буд, ки шаби Сада сард ва газанда аст. Ин сардӣ ва газандагиро танҳо оташ ба гармӣ табдил медод ва баданҳои карахту сармохӯрдаро ҷон мебахшид, ба ҳаракат меовард.
Оташи Садаро бо шурӯъ гаштани шаби даҳуми обонмоҳ дар баландиҳо меафрӯхтанд. Мардум дар гирди оташ ба рақсу пойкӯбӣ мепардохтанд, сипас готҳоро месуруданд, баъдҳо дар баробари сурудаҳои динӣ шоҳномахонӣ ҳам мекарданд. Онҳо бовар доштанд, ки оташи афрӯхтаашон ба Замин гарморо ҳадя меорад. Баъд аз хомӯш гаштани оташ барзгарон хокистари онро ба заминҳояшон бурда мепошиданд ва он хокистарро оварандаи хайру баракат меҳисобиданд.
ЧАРО ИМРӮЗ САДАРО ҶАШН МЕГИРЕМ?
Суннатҳо, расму оинҳои ниёкони мо фарҳангу тамаддуни моро ба вуҷуд овардаанд. Ҳамон тамаддуне, ки решаи дарахти тановари ҳастии миллати мост. Агар ин решаро бибурем, дарахт мехушкад, нобуд мешавад. Халқе, ки дар зери бори фарҳанги бегонагон мемонад, маҳв мегардад, ҳувияти худро мебозад. Дар дунё халқияту миллатҳое ҳастанд, ки чунин сарнавишт насибашон шудааст.
Талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба худшиносии миллӣ ба хотири бақои миллат аст. Зинда гардонидан ва ба таври васеъ таблиғ кардани расму оинҳое, аз қабили Тиргон, Меҳргон, Сада ва Наврӯз, нашри омавии китобҳои «Тоҷикон» ва «Шоҳнома», маънои ба худ расидан, тамаддуни миллии худро шинохтан аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» таъкид мекунанд: «Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, ба онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ба Душанбе дар вохӯрӣ бо тоҷирон гуфтанд: «Миллате, ки фарҳанг ва тамаддуни худро соҳибӣ намекунад, дар ҳастии он миллат холигие ба вуҷуд меояд ва он холигиро фарҳанги бегона пур месозад». Оре, мо имрӯз соҳиби фарҳангу тамаддуни бузурге ҳастем ва масъулияти бегазанд нигоҳ доштану шукуфо кардани онро бар дӯш дорем.
Ҷашни Сада барои худшиносии миллии мо аз чанд ҷиҳат аҳамият дорад. Аввал ин ки кашфи оташ боис гашт аждодони мо бар ду душман – сармо ва торикӣ пирӯз гарданд. Ҳаёти худро дигаргуна бисозанд ва гоми ҷиддие барои ҳаёти беҳтар гузоранд. Дигар ин ки оташ боис гашт, ки ниёкони мо рӯ ба тараққӣ биёранд. Дар давру бари оташ хонаҳо бисозанд ва деҳкадаю шаҳрҳоро бунёд карда, асоси тамаддуни худро бигзоранд. Маънои исми Ҳушанг ҳам «дорандаи хонаҳои хуб» аст.
Оташ ба ҷомеаи инсонҳои аввалия нур ва қудрат овард. Онҳоро дар баробари душманонашон неруманд сохт. Тавассути оташ на танҳо пухтани хӯрокро ёд гирифтанд, балки асбобҳои рӯзгорашонро сохтанд, теша, табар, корд ва аслиҳаи ҷангиро ба вуҷуд оварданд, ки дар он даврон назир надошт.
Барои ниёкони мо ҷашни Сада ҷашни ҳамкорию ҳамбастагӣ буд. Онҳоро оташ даври ҳам овард ва барои муқобилият кардан бо неруҳои аҳриманӣ тавон бахшид. Ба иборати дигар Сада ҷашни пирӯзии некӣ бар бадӣ аст. Ниёкони мо маниши некиро ситоиш мекарданд ва аз бадӣ парҳез доштанд.
Кашфи оташ ғалабаи равшанӣ бар торикист, чира гаштани гармӣ бар сардист ва оғози тамаддуни пурғановати мост. Сада моро ба Наврӯз мерасонад. Наврӯз ҷашни эҳёст, рӯзи нав ва рӯзгори нав аст. Замонест, ки неруҳои аҳриманӣ нобуд мешаванд ва фарзандони Одам ба зиндагии бартар мерасанд. Аз ин ҷост, ки шинохт ва ҷашн гирифтани Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон дорои аҳамияти хос буда, моро ба асли худ мебаранд. Ҳамон асле, ки ба мо боли парвоз медиҳад ва даричаҳои фардоро ба рӯямон мекушояд.
ВОРИС,
«Садои мардум»