То солҳои навадуми асри гузашта аксар сокинони мамлакат дар бораи ҷашну суннатҳои миллӣ тасаввуроти ночиз доштанд. Танҳо иди Наврӯз бо номҳои «Деги дарвешон», «Шогунбаҳор» ва «Иди деҳқон» дар баъзе аз деҳаҳои ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъди соҳибистиқлол шудани кишвар илова ба Наврӯз ҷашнҳои дигари миллӣ, аз қабили Меҳргон, Сада ва Тиргон дубора эҳё шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷаҳон эҳсоси муҳаббату ғамхорӣ нисбат ба таъриху фарҳанги миллат доир ба эҳёи ин ҷашнҳо чунин таъкид намудаанд: «… барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад».
Агар ба осори таърихӣ назар афканем, мебинем, ки Сада низ мисли Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми форсзабон буда, ниёкон онро бошукӯҳ таҷлил мекарданд. Чунончӣ, Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ном асараш дар бораи Сада чунин маълумот додааст. «Сада — номи ҷашни рӯзи даҳуми (моҳи) Баҳман аз ҳар соли шамсӣ…».
Даҳуми Баҳман ба 30-юми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Абӯрайҳони Берунӣ, инчунин доир ба пайдоиши ҷашни Сада нигоштааст: «Ва эрониён пас аз он ки кабс аз моҳҳои ишон бартараф шуд, дар ин вақт мунтазир буданд, ки сармо аз ишон бартараф шавад ва давраи он бекор гардад. Зеро ишон оғози зимистонро аз панҷ рӯз, ки аз обонмоҳ бигузарад, мешумурданд. Ва охири зимистон даҳ рӯз, ки аз баҳманмоҳ мегузашт, мешумурданд. Ва аҳли Караҷ ин шабро – «шаби газана» мегӯянд, яъне шабе, ки дар он газидан зиёд аст. Ва мақсудашон ин аст, ки сармо шахсро дар ин шаб «мегазад» (Берунӣ, «Осор-ул- боқия». Душанбе: Ирфон, 1990).
Дар ҷойи дигар Берунӣ навиштааст: «Сада ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст. Ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд. Ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст (расо) сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд. Ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд. Ва низ омада, (ки) шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид».
Шоир Манучеҳри Домғонӣ оғози ҷашни Садаро ба замони сарварии Каюмарсу Исфандиёр нисбат медиҳад:
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.
Унсурии Балхӣ онро ёдгоре аз Фаридуну Ҷамшед медонад:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш Ҳушангро асосгузори ин ҷашни бостонӣ мешуморад:
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Фирдавсӣ нақл мекунад, ки рӯзе Ҳушанг бо чанде аз наздиконаш бо мақсади шикор ба кӯҳсор меравад. Дар он ҷо мори сиёҳи бадҳайбатеро дида, санги калонеро ба сӯяш ҳаво медиҳад. Санги партофтаи шоҳ ба санги дигаре бархӯрда, шарорае меҷаҳаду хасу хори атрофи санг оташ мегирад. Яъне, бо инояти Худованд бори аввал Ҳушанг чӣ будани оташу хосияти гармию рӯшноӣ доштани онро дарк намуда, ба одамон оташ афрӯхтанро ёд медиҳад. Ҳамин тавр, шоҳ ва ҳамроҳонаш дарк намуданд, ки оташ инсонро аз сардӣ эмин нигоҳ дошта, шабҳои тира равшанӣ мебахшад:
Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ,
Аз ӯ равшаноӣ падид омадӣ.
Ҷаҳонро пеши Ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳаме карду хонд офарин.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ҷашни Сада рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот ва ғалабаи гармӣ ба сардӣ буда, ҷанбаи мазҳабӣ надорад. Тӯли ҳазорсолаҳо мардуми ориёнажод, ки асосан ба зироаткорию боғдорӣ машғул буданд, Садаро чун айёми паси сар шудани сардиҳои зимистон ва омодагӣ ба киштукори баҳорӣ бо шодию сурур ҷашн мегирифтанд.
Дар замони мо низ ҷашни Сада чун пайғоми наздикшавии баҳор бошукӯҳ таҷлил мешавад. Кишоварзон фурсатро ғанимат шумурда, техникаи заруриро омодаи киштукор менамоянд. Дар анборҳо ба умеди фаровонҳосилӣ тухмии хушсифат ва нуриҳо захира мекунанд. Яъне, ин ҷашн моро ба сӯи созандагию ободкорӣ фаро мехонад. Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: «Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳангӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Асомуддин ЗУҲУРОВ,
номзади илмҳои биологӣ