Оину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи расму оини аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба ҷашнҳои ниёкон мебошад. Бо ибтикори Пешвои миллати фарҳангпарварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Наврӯз, жанрҳои мусиқии Шашмақому Фалак, ёдгории Саразм, куртаи чакан ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии умумибашарии созмони бонуфузи ЮНЕСКО ворид гардидаанд, ки мояи ифтихори мо бошад.
Яке аз ҷашнҳои аҷдодии мо Сада аст, ки муҳаққиқон онро паёмовари Наврӯз медонанд. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат аст, ки баъд аз шаби Ялдо, ки рӯзи таваллуди Меҳр дар оини меҳрпарастӣ мебошад ва баъди ташаккули оини масеҳият онро ба рӯзи таваллуди Исои Масеҳ табдил доданд, дароз шудани рӯз ва гарм шудани ҳаво ба вуқӯъ мепайвандад. Маҳз дар ин айём пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ фаъол мегарданд, ки табиатро барои эҳё омода месозад.
Ҷанбаҳои иҷтимоию фарҳангии бар мабнои бахши кишоварзӣ роиҷ мебошанд, зеро чунин ҷашнҳо аз аввали пайдоиш ғояву мароми сиёсиву идеологӣ надоштаанд ва зинаҳои худшиносии инсонро дар шакли хеле сода таҷассум намудаанд.
Зинаҳои камолоти ахлоқии мазкур иборатанд аз некандешӣ, ростиву покӣ, хештандорӣ ва ғалаба бар нафси худ, порсоӣ, расоӣ, хуррамӣ ва тандурустӣ, ҷовидониву бемаргӣ ва ҷавҳари ҳастӣ – нури Аҳуромаздо. Агар амиқтар ҳафт зинаи камолоти ахлоқии инсонро мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, равшан хоҳад шуд, ки ҷашнҳои порсоӣ бо ҷашнҳои милливу суннатии мо муштараканд. Ҷашнҳои порсоӣ иборатанд аз Наврӯз, Меҳргон, барпо кардани оила, шаби Ялдо ва Сада. Зиндагии ниёкони ориёии мо аз ҳафт қонуни ахлоқӣ, ҳафт пояи зиндагӣ, ҳафт ормони порсӣ, ҳафт марҳилаи камол, ҳафт унсури зардуштӣ, ҳафт хони зиндагӣ иборат буд, ки дар асоси онҳо ҳафт шаҳри ишқ, сабъи сайёра, ҳафт хони Рустам, ҳафт хони Исфандиёр, ҳафт табақаи осмон, ҳафт табақаи замин, ҳафт гунбади сипеҳр ва ғайра ба вуҷуд омадаанд.
Ин ҷашнҳо се манбаи асосӣ – нуҷумӣ, миллӣ ва оинӣ доштанд. Ин нукта аз пайванди наздику рамзи офариниши олам, растохези табиат ва дарки оламҳои муҷарраду моддӣ дарак медиҳад.
Ҷашни Сада дар ашъори гузаштагони номвари мо мавриди ситоишу арҷгузорӣ қарор гирифта буд. Шоирони муосир низ дар тавсифи ин ҷашни аҷдодӣ ашъори пурмуҳтаво доранд. Ба таъбири Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар:
Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.
Убайдулло РАҲМАТОВ,
мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур