30 январ - иди Сада

Сада ва иртиботи он ба санд, саадак ва сазак

№14 (4434) 28.01.2022

Мусоҳиба бо директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Раҳимӣ

photo_2022-01-26_13-24-36- Истиқлолияти давлатӣ то кадом андоза ба эҳёи Сада ва дигар ҷашнҳои миллӣ мусоидат кард?

- Дар замони шӯравӣ, ба ҷуз аз Наврӯз, роҷеъ ба се ҷашни миллӣ — Меҳргон, Тиргон ва Сада иттилоъ хеле кам буд. Роҷеъ ба ҷашни Сада он чизе, ки ба аҳли қалам маълум буд, аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Осор-ул-боқия»-и Берунӣ бармеомад. Инчунин, дар ашъори шоирони асрҳои Х-ХІ Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва дигарон, ки дар дарбори Ғазнавиён ва баъдтар Салчуқиён хизмат мекарданд, вобаста ба Сада тавсифҳои хуб мавҷуданд, аммо, бинобар шоирони дарбор будан, эҷодиёти онҳо замони шӯравӣ омӯхта намешуд. Таҳқиқоти илмӣ дар бораи он шоирон хеле кам буд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ барои олимон ва аҳли қалам шароити мусоид фароҳам шуд ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба эҳёи фарҳанги асили миллӣ равона гардид. Дар тӯли 30 сол бо саъю талошҳои Роҳбари мамлакат тавсифу тарғиби ҷашнҳои миллӣ хеле зиёд шуд. Соли 2010 Наврӯз ҷаҳонӣ ва ҷашнҳои Меҳргон ва Сада низ маъмул гардиданд. Онҳоро дар ҳоли эҳёшавӣ қарор доранд гӯем, хато намекунем, зеро барои эҳёи комил ва мардумӣ шудани он умри як — ду насл лозим мебошад. Мо ҳанӯз Тиргонро ҷашн нагирифтаем, аммо ҷашни миллии мост ва бояд онро эҳё кунем.

- Дастархони ҷашни Сада чӣ гуна бошад?

- Солҳои пеш, вақте ки ба тамошои ҷашни Сада мерафтем, як навъ такрори ҷашнҳои дигар буд. Ҳатто мисли Наврӯз ҳафтсину ҳафтшин, хӯрокҳои милливу анъанавӣ, маснуоти ҳунармандӣ ба намоиш гузошта мешуд. Ба ибораи дигар, огоҳии мардум дар бораи Сада хеле кам аст. Намедонанд, ки чиро дар куҷо ба намоиш гузоранд, чӣ тавр ҷашнро баргузор кунанд, дар рӯи дастархон бояд чӣ бошад, кадом бозиҳои варзишӣ бояд ташкил карда шавад?

Дар чанд соли охир муҳаққиқон, таърихшиносон ва фолклоршиносон вобаста ба ҷашнҳои миллӣ мақолаву китобҳои зиёд навиштанд. Камина ҳам бо номи «Сада – ҷашни гармиву нур» соли 2020 китоб ба чоп расонидам. Дар он маълумоти устуравӣ, таърихӣ ва мардумшиносиро вобаста ба ҷашни Сада гирдоварӣ намуда, иловатан, сенарияи намунавии чӣ тавр ҷашн гирифтани онро замима кардем.

Бояд ёдовар шуд, ки чор ҷашни миллӣ дар чор фасли сол ба чор унсури табиат марбутанд. Онҳо ҷашнҳои табиӣ ҳастанд. Дар бораи иртибот бо шоҳони пешдодӣ афсонаву ривояту устураҳо зиёданд, аммо онҳо бо табиат, олами атроф ва иқлими ҳамин минтақа пайвандӣ доранд.

Чун ҷашни Сада ба фасли зимистон рост меояд, ҳатман бояд рӯи дастархони он ҳамон нозу неъматҳое бошад, ки ниёконамон онҳоро дар ин фасл тановул мекарданд. Масалан, барои фасли зимис­тон аз тобистону тирамоҳ омодагӣ гирифта, меваҳоро хушк менамуданд. Ғайр аз ин, дар фасли зимис­тон мардум бештар ба шириниҳо майл доранд. Масалан, шириние, ки аз туту тарбузу харбуза ва дигар меваҳо тайёр мекунанд. Имрӯз ҳам дар деҳот баъзе аз куҳансолон чандин навъи ҳалвоҳоро медонанд. Ҳалво зинатбахши дастархони ҷашни Сада аст. Ҳамчунин, набот, қандалот, парварда, нишалло, ҳалвои пашмак, ҳалвои сурхак, сафедак ва анвои дигар. Яъне, дастархони ҷашни Сада бояд суннатҳои қадимиро ҳифз ва ғизоҳои миллиро таблиғ намояд.

- Шумо, ки ҷашнҳои миллиро таҳқиқ мекунед, табиист, ки вобаста ба таърихи ҷашни Сада низ маълумот доред…

- Таҷлили Сада 6-7 ҳазор сол пеш шурӯъ шуда, дар замони Сосониён ба авҷи аъло расидааст. Ва бо омадани арабҳо аз байн рафт, баъдтар, вақте ки давлатҳои миллӣ пайдо шуданд, хусусан дар давраи Сомониён, ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Сада эҳё гардид. Ин раванд аз Сомониён ба Ғазнавиён гузашт. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ Садаро ҷашн мегирифт. Баъдан, вақте ки писараш Масъуд ба сари ҳокимият омад, дар ибтидо ҷашн мегирифт, аммо баъдтар рӯҳониёну мутаассибони динӣ гуфтанд, ки ин ҷашни кофирону оташпарастон аст. Аз ин сабаб то андозае мавқеъро аз даст дод. Сада дар он давра ҳарчанд аз дарбор берун шуд, аммо дар байни халқ боқӣ монд. Мардум онро ҳамчун ҷашни анҷоми чиллаи калон қайд мекарданд.

 Мо намунаҳои адабиеро, ки Сада тавсиф шуда бошад, баъд аз асри XIII надорем. Ба истиснои ишораҳое, ки шояд калимаи «Сада» ба маъноии сардиҳои зимистон истифода шуда бошад, аммо ҳамчун ҷашн ва падидаи бузурги фарҳангӣ дигар дар тасвирҳои бадеӣ дида намешавад.

Маълумот оид ба Сада ба се номгӯй ҷудо мешавад. Аввал, маълумоти тоисломӣ аст, ки тавассути сайёҳон ва муҳаққиқони аврупоиву юнонӣ Ҳеродот, Ктезиюс, Страбон, инчунин, аз баъзе сарчашмаҳои арабии тоисломӣ ба мо расидаанд. Баъдан, дар давраи Сомониён, асрҳои IX-X дар осори таърихию адабӣ дар бораи Сада маълумоти бештар қобили дарёфт аст. Сеюм намуди маълумотро аз сарчашмаҳои мардумшиносӣ дарёфт карда метавонем.

- То замони мо Сада дар кадом шакл расид? Онро мардум чӣ гуна таҷлил мекарданд?

- Дар Бадахшон ҷашне бо номи Хирпичор мавҷуд аст. Маънои Хир ва ё Хур офтоб мебошад. Яъне, ҷашни офтоб. Онҳо бо номи «офтобдармард» тақвиме низ доранд ва Хирпичор ба ҳамон тақвим марбут аст. Вақте ки чиллаи калон ба анҷом мерасад, онҳо ҷашн барпо мекунанд. Хирпичор то ба имрӯз омада расидааст ва дар шаклҳои гуногун таҷлил мешавад.

Дар водии Рашт мардумшиносони шӯравӣ М. С. Андреев, Н. А. Кисляков, М. Раҳимов дар бораи ҷашни Ҳут маълумот додаанд. Дар даҳаи аввали моҳи феврал дар масҷиди деҳа гулханафрӯзӣ ва дар атрофи он хурсандиҳо мекарданд. Аз хонаҳо ғизо меоварданд, нони чаппотию хӯроки равғанҷӯшӣ ба масҷид мефиристоданд ва мардҳо онро ҷашн мегирифтанд. Суруд ҳам доштаанд, ки барои маросими ҳут аст:

Хуш гузашт фасли зимистон ба мақоми дили мо,

Лек дар ҳут шудак шӯришу ғавғо барпо.

Сардиву гармии ин буд ба фармони Худо,

Нест касро сухани гуфта дар ин чуну чаро.

Ҳут агар ҳутӣ кунад, кампира дар қуттӣ кунад.

Ин мухаммас якчанд банд дорад, ки ҳамаи аҳли маросим аз ёд медонистанд ва дар он шаб дар атрофи гулхан мехонданд.

- Яке аз рамзҳои ҷашни Сада афрӯхтани оташ аст. Он ба маълумоти устуравии «Шоҳнома» иртибот дорад ё ба дину оин?

- Тибқи ривоятҳои «Шоҳнома», вақте ки Ҳушанг дар шикор мореро мебинаду бо санг мезанад, мор ҷаҳида мегурезад ва санг ба санги дигар бархӯрда, шарора пайдо мешаваду хасу хошокро месӯзонад ва оташ афрӯхта мешавад. Аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки мардум дар замони қадим тарзи афрӯхтани оташро намедонистанд. Онҳо аз ҷангалҳое, ки дар натиҷаи раъду барқ оташ мегирифт, оташ меоварданд ва дар хонаҳо ҳифз мекарданд, ки хомӯш нашавад. Шахсоне буданд, ки ба он ҳезум партофта меистоданд. Аз ҳамдигар ҳатто оташ мегирифтанд. Оташ аҳамияти иҷтимоӣ дошт, он хонаро гарм мекард, рӯшноӣ медод ва хомро мепухт. Аз ин хотир эҳтироми он бузург буд.

Мардуми қадим хеле тасаввуроти сода доштанд. Тақрибан 7-10 ҳазор сол пеш ­навъи эътиқод бо номи анимизм вуҷуд дошт, ки онро зиндаангорӣ ё рӯҳпарастӣ низ мегӯянд. Мардуми сода мегуфтанд, ки ҳар як қувваи табиат ё ҷисми бузург ҷон дорад. Масалан, дарахту кӯҳ зинда аст ё дарё ҷон дорад, чунки ҳаракат мекунад. Паси ҳар як ҳодиса онҳо қувваҳои бузургро тасаввур мекарданд. Дар натиҷа, динҳои содатарини бисёрхудоӣ ба вуҷуд омаданд. Оташ дар тасаввуроти одамони қадимтарин ҳамин гуна хосиятро доштааст ва азбаски аҳамияти бузург дошт, онро гиромӣ медоштанд. Ниёконамон на танҳо оташ, обу хоку ҳаворо ҳам пок медоштанд ва эҳтиром мекарданд.

Ҳамин тариқ, вақте ки Ҳушанг мебинад, санг ба санг зада оташ пайдо шуд, хурсанд мешавад, ки Худованд рози афрӯхтани оташро нишон дод. Яъне, ин ҷо кашфи худи оташ нест, кашфи тарзи афрӯхтани он аст. Ҳушанг ба дарбор баргашта, он санаро ҷашн мегирад. Агар ин устураро таҳлил кунем, ба ақидаи дуализими ахлоқии фалсафаи ориёиҳо бисёр мутобиқат мекунад. Ин ҷо муборизаи ду қувва — некӣ ва бадӣ аст. Яъне дар шахси Ҳушанг неруҳои некиро мебинем ва дар мисоли мори сиёҳ, ки ҳатто онро аждаҳо ҳам гуфтаанд, қувваи бадиро. Дар ҷаҳон аз рӯзи азал муборизаи ду қувва ҷараён дорад. Ниҳоят, вақте ки санг ба санг бархӯрда оташ афрӯхта мешавад, аммо мор кушта намешавад, мегурезад. Барои он кушта нашуд, ки муборизаи некиву бадӣ то абад идома дорад.

- Чун Сада дар миёни ҷашнҳои чоргона пеш аз Наврӯз меояд, аксаран ба ин назаранд, ки маънои он 50 шабу 50 рӯз то Наврӯз аст. Оё воқеан чунин аст?

- Роҷеъ ба этимологияи калимаи «сада» баҳсҳо вуҷуд доранд. Устурашиноси эронӣ Меҳрдоди Баҳор ду ақидаро пешниҳод мекунад: Якум, калимаи сада шояд аз «санд»-и авестоӣ бошад, ки маънояш зоҳиршавӣ ва равшаншавӣ аст. Вақте ки Митро, Худои рӯшноӣ, таваллуд мешавад, дар дохили ғор мемонад ва рӯзи чилум берун меояд ва мардум ба хотири баромадани Митро оташафрӯзӣ мекунанд. Аз ин рӯ, Меҳрдоди Баҳор мегӯяд, ки ба калимаи «санд»-и «Авесто» иртибот дорад.

Ҷойи дигар ӯ аз сарчашмаҳои паҳлавӣ калимаҳои «саадак» ва «сазак»-ро далел оварда, мегӯяд аз калимаи сад аст. Ақидаи 50 шабу 50 рӯз то ба Наврӯз ғалат мебошад. Чунки дар гузашта ҳеҷ вақт шабу рӯзро алоҳида ҳисоб намекарданд. Шабу рӯз воҳиди замонӣ аст, ки шабонарӯз мегӯянд. Албатта, ин образи шоирона аст, ки Берунӣ ҳам дар китоби «Осор-ул-боқия» ишора кардааст. Онҳо образҳои шоирона мебошанд, ки аз мардум гирифта шудаанд.

Ман ҷонибдори ин ақида ҳастам, ки аз калимаи «сад» аст, аммо сад рӯз аз оғози зимистон ҳисоб мешавад. Дар қадим ниёкони мо солро ба ду фасл — тобистону зимистон тақсим мекарданд. Тақрибан аз миёнаҳои моҳи октябр аллакай зимистон шурӯъ мешуд. Агар аз миёнаи моҳи октябр ҳисоб кунем, то ҷашни Сада 100 рӯз мешавад ва 50 рӯзи дигар то Наврӯз мемонад. Наврӯз оғози тобистон буд. Ҳатто ақида ҳаст, ки аз ҷашни Меҳргон то Сада 100 рӯз аст. Дар тӯли таърих бо сабаби ба ҳисоб нагирифтани гардиши офтобу моҳтоб тақвимҳо пасу пеш ва ба ғалатҳо роҳ дода мешуд, то замоне ки Умари Хайём тақвими ҷалолиро тартиб дод. Ҳама олимон эътироф кардаанд, ки тақвими сохтаи Умари Хайём яке аз дақиқтарин тақвимҳост, ки дар тӯли чоруним ҳазор сол як шабонарӯз фарқ мекард.

Мусоҳиб

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»