Дар саҳифаи аввал муроҷиати солинавии Президенти ИҶШС ба халқи шӯравӣ ҷой гирифтааст. Ин охирин табрикоти солинавии Сарвари Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки беш аз 70 сол арзи вуҷуд дошт. М. С. Горбачёв дар муроҷиати хеш таъкид дошт, ки «Соли оянда соли махсус аст. Ҳалли тақдири давлати сермиллатамон ба ҳамин сол рост меояд». Ва ҳама медонад, ки маҳз дар ин сол (1991) давлати сермиллати ИҶШС пароканда шуд.
Табрику таманниёти Президенти ҶШС Тоҷикистон Қ. Маҳкамов вобаста ба таъсиси рӯзномаи «Садои мардум» низ дар саҳифаи аввал ҷой дорад. «Аминам, ки рӯзнома ба решаи кӯҳнаи ҷомиа-бюрократизм, миллатгароӣ ва маҳалпарастӣ, хешу таборбозӣ ва носипосию худкомӣ теша зада, баҳри муътадил гардонидани муносибатҳои миллӣ, таъмини ваҳдати мо, афзудани неруҳои тавонои ҷомеа дар айёми гузариш ба иқтисоди бозорӣ ҳиссаи муносиб мегузорад»,- зикр шудааст дар табрикоти Қ. Маҳкамов.
Нахустин сармуҳаррири рӯзнома Муродулло Шералиев зимни муроҷиат ба хонандагон, аз ҷумла иброз намудааст: «Рӯзномаро оинаи зиндагӣ ва баёнгари воқеияти айём гӯянд. Аз ин рӯ, ҳаргиз раво нест, ки ин оина каҷнамоӣ кунад ё думболагири ҳодисот бошад».
Дар саҳифаи аввал ҳамзамон табрикоти одамони касбу кори гуногун ва матни мусоҳибаи хабарнигори рӯзнома Шарифи Ҳамдампур бо Раиси Шӯрои Олии ҶСШ Тоҷикистон Қадриддин Аслонов таҳти унвони «Роҳи наҷотро дар Ваҳдат мебинам» ба табъ расидааст. «Дар зодрӯзи «Садои мардум» ном шеъри Амонбеки Шоҳзода низ дар саҳифаи аввал ҷой дорад.
Саҳифаи дуюми рӯзнома асосан андешаю муборакбодиҳои адибону донишмандон, рӯзноманигоронро вобаста ба чопи нахустшумораи рӯзномаи «Садои мардум» дар бар мегирад. Директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Тоҷикистон Акбари Набипури Турсон зимни табрикоти хеш таманно кардааст, ки «…рӯзномаи тозанашри «Садои мардум» аз худи оғози кори судмандаш таҳлилу тааммулро аз ҷумлаи умдатарин ҷангафзорҳояш донад, адолатойин, ҳақиқатҷӯ ва ростнигор бошад ва дар ин роҳи бозгунанавард пайваста иқдом кунад».
Яке аз маводи хонданбоби шумора мақолаи хабарнигори рӯзнома М. Нурмуҳаммадов бо номи «Фарёди санги хоро» мебошад, ки аз ҳаёти парасторхонаи кӯдакони дилшикаста ва саховати як марди шариф қисса мекунад. Мақолаи З. Шодӣ «Ҳақиқати фаромӯшшуда» бошад, ба рӯзгори Нусратулло Махсум бахшида шудааст.
Дар саҳифаи сеюми шумораи аввал ду шеъри устод Лоиқ Шералӣ — «Беҳтарин луқмаи мо» ва «Ман ғариқам…», мақолаи журналист Мақсуди Ҳусейн «Чӣ ҳол дорӣ, шоири халқ?» (роҷеъ ба шоир Хол Ислом) ҷой дода шудааст.
Аз маводи саҳифаи охири рӯзнома бармеояд, ки соли 1991 соли гӯсфанд будааст. Дар ин бора ба хонандагон тафсири номзади илми таърих Абдуллои Мирбобо таҳти унвони «Оё он бахосият мешавад?» пешкаш шудааст. Маводи дигари ин саҳифа, аз ҷумла роҷеъ ба таърихи ҷашнгирии соли нав, ҳазлҳои солинавӣ низ ҷолибу хонданист.
Аввалин ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Садои мардум» таҳти сарварии Муродулло Шералиев, Фотеҳи Абдулло, Мирзомаҳмуд Мирбобоев (ҷонишини сармуҳаррир), Бахтиёр Муртазоев, Додоҷон Раҷабӣ (ҷонишини сармуҳаррир), Зулфиқори Шодӣ, Қироншоҳи Шарифзода, Шарифи Ҳамдампур (котиби масъул) буданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»