«Парасту - 2021»

«Садои қу» сазовори шоҳҷоиза шуд

№72 (4334) 01.06.2021

DSC_0172Маросими пӯшидашавии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ — «Парасту — 2021» шоми 25 май дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Нахуст, бахшида ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов лавҳае аз ҳаёт ва фаъолияти ҳунарманди маҳбуб намоиш дода шуд. Сипас, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба иштирокчиён барои садоқат ба касб дар давраҳои барои кишвар душвор, пешниҳоди намоишномаҳои хубу замонавӣ изҳори сипос намуд.

Ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамони Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театр­ҳои касбӣ «Парасту — 2021» барои намоишномаи «Даҳ рӯзи генерал Шерак»-и Иброҳим Усмонов дар таҳияи Саломиддин Додарбеков, ки ғояҳои ватандӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоишро тарғиб менамояд, ба ҳайати эҷодии Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Данғара супорида шуд.

Дар номинатсияи «Дебюти беҳтарин» ҷоиза насиби Мурод Худобахшов барои таҳияи намоиши «Ишқи парӣ»-и Тоҳир Мамадризоев насиби Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода гардид.

DSC_0169Ҳунарпешаи Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов Саидҷон Муродов барои иҷрои нақши Макбет дар намоиши «Макбет»-и В. Шекспир ва А. Фирдавсӣ сазовори ҷоиза дар номинатсияи «Беҳтарин нутқи саҳнавӣ» гашт.

Барои намоиши «Лак ва Пак»-и Нарзулло Шарифов Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон сазовори ҷоизаи «Беҳтарин намоиши бачагона» гардид.

Ҷоизаҳои «Беҳтарин ороиши саҳна» ба Баҳром Сафоев (Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ) дар опереттаи «Аршин мал алан»-и Узеир Ҳоҷибеков ва «Беҳтарин ороиши мусиқӣ» барои намоиши «Булбули Хуҷанд»-и Т. Озарахш ба Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд супорида шуданд.

Драматург, нависанда ва рӯзноманигор Ҷумъа Қуддус барои пйесаи «Лаъли Бадахшон» сазовори ҷоизаи «Беҳтарин асари драмавӣ» гардид.

Дар номинатсияи «Беҳтарин нақши эпизодӣ» барои иҷрои нақшаи Саломат дар намоиши «Фариштаи наҷот»-и Уринбой Усмонов ҳунарманди Театри давлатии ӯзбекии драмаи мусиқии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен Муҳаррам Абдураз­зоқова ғолиб эътироф гардид.

Ҷоизаи «Коргардони беҳтарин» барои таҳияи намоиши «Шикори шер» аз рӯи асари Зайдон Ҷирҷӣ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба Султон Усмонов дода шуд.

Абдукарим Машрабов барои иҷрои нақши Ҳорунаррашид дар намоиши «Шикори шер» аз рӯи асари Зайдон Ҷирҷӣ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сазовори ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» ва Мавлонбибӣ Наҷмуддинова барои иҷрои нақши модар дар намоиши «Гунҷишкакон ҳам механданд»-и Кароматулло Мирзоев аз Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов сазовори ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона» гардиданд.

Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши «Лаъли Бадахшон»-и Ҷумъа Қуддус дар таҳияи Умед Хисравов сазовори ҷои сеюм, Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои намоиши «Бежан ва Манижа» аз рӯи асари Абулқосим  Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода сазовори ҷои дуюм ва Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский барои намоиши «Нидои Умари Хайём»-и Темур Зулфиқоров дар таҳияи Баҳодур Миралибеков сазовори ҷои якум гардиданд.

«Шоҳҷоиза»-и Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парас­ту-2021» барои намоиши «Садои қу» аз рӯи асари А. П. Чехов дар таҳияи Авлиёқулӣ Хоҷақулиев насиби Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом гашт.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев