Бо мақсади омӯзиши созҳои мусиқии Муассисаи давлатии «Осорхона — мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» ва осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб сафари хизматӣ доштем. Ҳадаф ҷамъоварии созҳои мусиқӣ баҳри ғанӣ гардонидани фонди Осорхонаи миллӣ ва муаррифии созҳо дар толорҳои намоишӣ буд. Сафар натиҷаи хуб дод. Аммо диққати маро беш аз ҳама фидокории яке аз дӯстдорони таърихи миллат, сокини деҳаи Булёни Поёни ноҳияи Данғара Сафар Усмонов ҷалб намуд.
Ӯ аз хурдсолӣ ба ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ майл доштааст. Албатта, ин сабаб дорад. Чунонки худаш нақл кард, «Вақте соли 1959 бостоншиносон Алексей Павлович Окладников ва Вадим Александрович Ранов ба омӯзиши давраи асрисангии деҳаи Булёни Поён машғул шуданд, ман 17- сола будам ва дар таҳқиқот ба онҳо кумак намуда, маълумоти зиёд пайдо намудем. Аз ҳамон ҷо дар дили ман меҳри ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ пайдо шуд. Аҳд кардам, ки то шумораи ашёҳои таърихии банда ба 1000 нарасад, оиладор намешавам. Ҳамин тариқ, ба синни 37 расидаму шумораи коллексияи таърихии банда ба 1000 расид ва оила бунёд кардам».
Баъди чанде дар клуби деҳа, ки С. Усмонов дар он 40 сол фаъолият дошт, дастранҷҳояшро ба намоиш гузоштанд. Коллексияи таърихии ӯ то солҳои навадум наздик ба 2000 ададро ташкил медод, мутаассифона, солҳои бесарусомонии 1992-1993 қисме аз онҳоро ба яғмо бурданд. Аммо ӯ ноумед нашуда, ҷамъовариро давом дод.
Се сол боз чашмони ӯ нобино шудаанд. Аммо ҳар гоҳ даст ба ганҷинаи ҷамъовардааш гузорад, аз мавҷудияти онҳо лаззат мебарад. Орзуи ягонааш ин аст, ки аз ҷониби масъулини ноҳияи Данғара ё соҳибкорони саховатпешаи минтақа барои ӯ осорхонае созмон диҳанд, то ашёи ҷамъкардаашро ба намоиш гузорад. Хеле бамаврид мебуд агар дар деҳаи Булёни Поён, ки бозёфтҳои таърихии он ба давраи охири асри санг неолит (ҳазораи 6 — 3 то мелод) мансубият доранд, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ бунёд карда шавад.
Назари ман ҳамчун мутахассис ин аст, ки ҳар қадар дар гӯшаву канори кишвар осорхонаҳо, махсусан осорхонаҳои таърихӣ – кишваршиносӣ, зиёд ташкил карда шаванд, ҳамон андоза мардум таърихи куҳанро хубтар меомӯзанд.
Саҳми Сафар Усмонов дар ғанӣ гардонидани фонди Муассисаи давлатии «Осорхона — мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» хело калон аст. Зиёда аз 50 ашёи таърихии пайдокардаи ӯ дар он нигоҳдорӣ мешавад. Аз ин хотир, шуъбаи фарҳанг ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғараро зарур аст, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ оид ба таъсиси Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии С. Усмонов чораандешӣ кунанд. Метавон осорхонаро дар биное, ки ӯ 40 сол қабл ҳамчун корманд ва баъдан роҳбари клуб кор кардааст, таъсис дод. Ҷавонон бояд аз ӯ ибрат гиранд. Ин аст рисолати ватандӯстӣ.
Ҳасан НУРМАТЗОДА,
ходими калони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон