Ситораи кинои ҷаҳонӣ

Сафири иродаи нек

№77 (3557) 16.06.2016

kinopoisk.ruСоли 1978 ба экрани кинои Иттифоқи Советӣ  филми ҳунарии  «Ишқи ман — андӯҳи ман» (режиссёр А. Иброҳимов) аз рӯи достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ баромад. Нақши Маҳинбонуро дар он актрисаи зеботарини Туркия  Туркан Шорай бо маҳорати баланд иҷро кард.

Филми нав миёни тамошобинони тоҷик низ маҳбубият пайдо намуд. Туркан Шорай мухлисони тоҷикашро бо зебоӣ ва ҳаракатҳои ашрофона мафтуну шайдо гардонид.

Баъдтар нақшофарии ин актрисаро дар филмҳои ҳунарии «Чаманоро» («Королёк- птичка певчая»), «Ниҳолаки рӯймолсурхаки ман» (соли 1978), «Мино» (соли 1984), «Чашмбандӣ» (соли 1985) ва дигар филмҳо дидем.

Имсол номбурда 70- солагиашро дар ҳалқаи дӯстон ва мухлисонаш ҷашн мегирад. Ба ин хотир, хонандагони рӯзномаро бо роҳи тайнамудаи ин ситораи кинои ҷаҳонӣ ошно месозем.

Туркан Шорай 28 июни  соли 1945 (дар баъзе маъхазҳо 6 август) дар шаҳри Истамбул дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падараш Халит Шорай баъд аз он ки дар оилааш боз духтар ба дунё меояд, аз хона меравад. Бори гарони зиндагӣ бар дӯши модараш — Мелиха меафтад. Туркан бо дастгирии модари ғамхораш Мактаби олии занонаи шаҳри Истамбулро хатм мекунад.

Соли 1960 актёр, режиссёр, сенарист ва сарвари киностудияи «Песен- филм» Невзан  Песен Туркани 15 — соларо тасодуфан дар роҳ дучор шуда, аз зебоияш, бахусус чашмони ҷаззобу назаррабояш дар ҳайрат мемонад.

Ӯ аз модари Туркан хоҳиш кард, ки иҷозат диҳанд, то ки духтарашро дар филми нав ба навор гирад.

Ҳамин тариқ, Туркани наврас ба олами кино ворид гардид. Ӯ дар филми ҳунарии «Аз муҳаббат роҳи гурез нест»- и режиссёр Невзан Песен нақши асосиро бозӣ кард. Филм аз тарафи тамошобин хуб пазируфта шуд.

Баъди чанд моҳ режиссёр Шанси Ёзонука филми ҳунарии «Шӯх»-ро ба навор гирифтанӣ шуд ва барои иҷрои нақши асосӣ Туркан Шорайро даъват намуд.

Аз ин пас  актрисаи ҷавонро тез- тез барои иҷрои нақшҳои асосӣ дар филмҳо даъват мекардагӣ шуданд.

Агар Туркан соли 1960 дар як филми ҳунарӣ нақш офарида бошад, пас дар соли 1961 дар ҳашт филм, соли 1962 дар ёздаҳ филм  бозӣ кардааст. Аз ин рӯ, актриса зуд машҳур ва маҳбуби тамошобинон шуд. Ӯ дар филмҳои ҳунарии «Ғамҳои зиндагӣ» (соли 1962), «Муҳаббати талх» (соли 1963), «Лӯлидухтари ғайриодӣ» (соли 1969), «Дард дар қалби ман» (соли 1970), «Бозгашт» (соли 1972), «Зӯроварӣ» (соли 1972), «Гюллю меояд, Гюллю!» (соли 1973), «Арӯси Султон» (соли 1973), «Ғам хӯрдан» (соли 1973), «Гуруснагӣ» (соли 1974), «Сарбанд» (соли 1977), «Ниҳолаки рӯймолсурхаки ман» (соли 1978), «Ишқи ман — андӯҳи ман» (соли 1978), «Гули ранҷида» (соли 1979), «Мино» (соли 1984), «Чашмбандӣ» (соли 1985), «Зиндагии ширин» (солҳои 2001-2004), «Мактубе, ки фиристода нашуд» (соли 2003), «Ту бонуи ҳаёти ман» (соли 2006), «Боре дар империяи Усмонӣ» (соли 2012) ва ғайра симои занҳои мубориз, ҷасур ва озодандеш ва духтарони бадбахт, бенаво ва камбағалро офаридааст.

Дар маҷмӯъ, Туркан Шорай дар фаъолияти 52- сола дар 200 филми  ҳунарӣ нақшҳои ҷолибу диданӣ ва хеле муассир бозидааст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки номи ӯ чун актрисаи зиёд нақшҳои асосиро бозида, ба китоби «Рекордҳои  Гиннес» дохил шудааст.

Соли 1972 Туркан Шорай  қувва ва маҳораташро  дар режиссура санҷида, филми ҳунарии «Бозгашт»- ро ба навор мегирад ва ҳамзамон,  нақши асосиро низ худаш офарид. Филми мазкур ба ӯ шуҳрати зиёд овард. Кори дувуми режиссёриаш филми ҳунарии «Ранҷкашӣ» (соли 1972) буд.

Ҳамин тавр, чун режиссёр низ камол ёфта, соли 1976 филми сеюмаш  «Асла ва Дамма»-ро ба мухлисони кино пешкаш намуд.

Туркан Шорай чун сенарист  низ шинохта шудааст. Аз рӯи сенарияҳои эҷодкардааш ду филми ҳунарӣ таҳия шудаанд.

Номбурда бо зебоии табиии хеш тамошобинонро шефта  кардааст. Дар ин радиф, филми ҳунарии «Ишқи ман — андӯҳи ман» (режиссёр А. Иброҳимов) аз рӯйи достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ маҳбубияти бештар дорад.

Маҳинбонуи (Т. Шорай) зебо, доно ва бовиқорро магар дӯст надоштан мумкин аст? Низомии Ганҷавӣ дар сифаташ хуб навиштааст:

Шамиро ном дорад он ҷаҳонгир,

Шамироро  Маҳинбонуст тафсир.

Зи мардон бештар дорад сутургӣ,

Маҳинбону-ш хонанд аз бузургӣ.

Дар раванди фаъолият ва муносибат бо режиссёрон хеле дақиқкор ва ҷиддӣ буд. Рӯйхати талабҳояшро таҳия кардааст, ки онро «Шартҳои Шорай» низ меноманд. Агар рӯйихати шартҳояшро аз назар гузаронем, он қадар талаботи сахт ва нозу карашмаҳои голливудӣ надорад. Баръакс, ӯ шаъну шарафи зан ва модариашро дар мадди аввал мегузошт. Масалан, дар пункти асосии шартҳояш омадааст, ки Туркан ҳеҷ гоҳ дар саҳнаҳои урён ва шаҳватомези филмҳо бозӣ намекунад. Тақозо менамуд, ки сенарияи филми навро бояд як моҳ қабл аз наворгирӣ ба ӯ пешниҳод кунанд ва тағйироту пешниҳодоташро ба сенария ворид намоянд, ба шарте ки ин тағйирот ба нақши ӯ меофарида дахл дошта бошад.

Дар пункти охирини «Шартҳои Шорай» омадааст, ки актриса дар рӯзҳои якшанбе кор намекунад.

Нуктаи муҳим он аст, ки режиссёрони кино бо майли том актрисаро ба ҳамкорӣ даъват карда, «нозу карашмаҳо»-и ӯро «мебардоштанд».

Туркан Шорайро дар кишвараш «Софи Лорени Туркия»,  «Марвориди Туркия» ва ғайра меноманд. Ҳангоми барҳаёт буданаш бар хилофи қоидаҳои маъмулӣ яке аз мактабҳои бонуфузи Туркияро  ба номаш гузошта, унвони «Актрисаи халқӣ»-ро барояш сазовор донистаанд. Дар маҷмӯъ, ин ситораи кинои ҷаҳонӣ чор бор дар Кинофестивали байналмилалии Анталия ҷоизаи «Беҳтарин актриса»-ро соҳиб шудааст. Дар Кинофестивали байналмилалии шаҳри Москва низ Туркан Шорай иштирок намуда, барои кори аввалин дар режиссура бо Ҷоиза қадрдонӣ шуд. Дар Кинофестивали мамлакатҳои  Осиё ва Африқо дар шаҳри Тошканд сазовори ҷоизаи «Беҳтарин актриса» гардидааст. Ба ҷуз ин, ӯ чанд диплому ҷоизаҳои кинофестивалу  киноозмуни шаҳрҳои Рим ва Истамбулро низ гирифтааст. Ҷоизаи охирин — «Барои масъулияти иҷтимоӣ»-ро ба актриса соли 2012, дар Кинофестивали 49-уми байналмилалии «Алтин портал» супориданд.

Бо дарназардошти омилҳои зикршуда 12 марти соли 2012 ӯро Сафири иродаи неки ЮНЕСКО интихоб намуданд.

Дар маҷмӯъ, мухлисони тоҷик ҳамеша пазмони ҳунари волояш ҳастанд ва ҳар филми ҳунариро бо иштироки Туркан Шорай  бо ҳаваси зиёд ва ҳаяҷон тамошо мекунанд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»