Сафобахши субҳу шоми Душанбе

№109 (4692) 06.09.2023

Боги Рудаки 4Душанбе шаҳри гулҳо ва хиёбону кӯчаҳои саропо сабзу гулпӯшу шукуфон аст. сарфи назар аз он ки гулгашту сайр­гоҳҳояш зиёданд, боз дар ҳар гӯшаю канораш боғҳои хуштарҳу зебою замонавӣ қомат афрохтаанд, ки ба шаҳр шукӯҳу шаҳомати дигар ато менамоянд…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони пойтахт ва чор ноҳияи душанбе дастур медиҳанд, ки ба мақсади боз ҳам сабзу муаттар гардонидани пойтахти дилоро гулгашту боғоти нав ба нав бунёд намоянд, то сокинону меҳмонони пойтахт тавонанд, аз ин боғҳои фароғатию истироҳатӣ ба таври ҳамешагӣ истифода баранд. Боғи устод Рӯдакӣ, аз шумори он боғҳоест, ки дар зебоию дилпазирӣ беназиранд.

Он бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, тавре ҷойгир гардидааст, ки аз ҷониби ғарб бо Маҷмааи давлатии «Қасри миллат», аз шарқ бо бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки алъон сохтмонаш идома дорад ва аз ҷануб бо калонтарин махзани маърифатии мамлакат — Китобхонаи миллӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ҳамшафат мебошад.

Воқеан, ҳар бинандае, ки бори аввал ба тамошои ин боғ меояд, шоҳиди ин зебоиҳо гардида, пеши назараш манзараи нотакроре ба ҷилва меояд. Гулгашту сайргоҳҳои сабзу хуррам бо себаргазорони махмалин, дарахтони қатори ҳамешасабз, буттаю ниҳолҳои саропо ғарқи гул, сарву санавбарҳои бо тарзи хос орододашуда дили ҳар бинандаро лабрези шодию фараҳ мегардонад. Дидани ин ҳама зебоиҳо, дар як нигоҳ касро ба олами афсонаҳо мепайвандад, хоса тамошои дарахтони ҳамешасабзу хуррам ва гулпӯш, ки аз кишварҳои дури олам ба ин боғ оварда шудаанд.

Ба ҷуз ин, дар ҳар кунҷу канори боғ гулгашту хиёбонҳои алоҳидае арзи ҳастӣ доранд, ки дар ҳар кадоми он барои нишаст ва суҳбату мулоқот ҷойҳои хоса ороста гардидааст. Ҳатто, гоҳо ин тавр ҳам мешавад, ки шахси бори аввал ба ин ҷо омада, гумон мекунад, ки ба боғ нею ба як гӯшае аз биҳишт афтодааст ва дар лаҳзаҳои аввал, ин зебоиҳоро табиию воқеӣ қабул карда наметавонад.Тадриҷан ба худ меояд ва бовар мекунад, ки ҳар чизеро ин ҷо мебинад, ҳама табиию воқеиянд ва ин боғи зебо ва сабзу хуррамест барои тамошо, истироҳат ва фароғат. Бале, ин макони саропо сабзу хуррам барои сокинони пойтахт, меҳмонон ва дигар шаҳрвандони мамлакат бунёд гардидааст, ки ҳар вақте хоҳанд, ба ин ҷо оянд, нишинанд ва истироҳату фароғат намоянд.

Барои онҳое, ки ба тамошои боғ меоянд, ҳама шароит фароҳам аст. Ҳар тамошобин имкон дорад, ки дар курсиҳои зебою бароҳат нишинад.

Воқеан, боғ он қадар ҷолибу диданист, ки ҳар тамошобин албатта, боз орзуи дубора дидани онро мекунад, зеро ба як бор дидани ин макони зебо, наметавон хумори тамошоро шикаст. Хусусан, дар мавсими гул ҳар дарахти боғ гулбезу мушкбез ва чун наварӯсони чаман оростаю пероста аст. Ба ҳар куҷо, ки нигарӣ, тозаҷавониро мебинӣ.

Дар роҳравҳои калон аз ду ҷониб, қад — қади гулгашту роҳравҳо дарахтони ҳамешасабз чун сарву санавбар ва ниҳолони дигари паҳнбарг саф кашида, боғро зебою дилработар гардонидаанд. Ин боғи зебою дилнишин ва рӯҳафзою хуррамро, асосан дарахтони сояафкану ороишӣ зинат мебахшанд.

Боғ, бо вуҷуди замонавӣ буданаш, ба тарҳи миллӣ бино ёфта, он ҷо танҳо табиати зебои Тоҷикистон инъикос мегардад. Роҳравҳояш бо сангҳои мармари сурхи тоҷикӣ оро ёфта, курсиҳою суҳбатҷойҳояш низ аз унсурҳои хоси фарҳанги миллиамон дарак медиҳанд. Дар гулгашту чаманзоронаш ҳама гуна ниҳолу буттаҳои зебою нодири Тоҷикис­тонро дидан мумкин аст.

Дар маркази боғ пайкараи Асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қомат афрохтааст. Пайкараи устод Рӯдакӣ, аз ҳама пайкараҳои дигар ба куллӣ фарқ мекунад, зеро ин ҷо ҷавониҳои шоир ба ҷилва омадаанд ва мусаввир Рӯдакиро хеле ҷавону зебо, боғайрат ва ғурурманд тасвир кардааст.

Ин гуна тасвир намудани Рӯдакӣ хеле рамзист, зеро қисмати зиёди тамошобинони ин боғ ҷавононанд. Ҳузури ӯ дар чунин шакл, айни муддао ва бисёр бамаврид аст…

Дар паси пайкара, намои мудаввари тахти сангин, ки шояд рамзи давлатдории Сомониён бошад, хуб ба ҷилва омада, устод Рӯдакӣ дар ҳоли шеърхонӣ қарор дорад…

Гирду атрофи пайкара хеле зебо оро дода шуда, дар рӯ ба рӯи устод Рӯдакӣ театри хурди тобистона бунёд ёфтааст, ки дар ин макон метавон ҳама гуна чорабиниҳои мувофиқ, аз ҷумла «Рӯзи Рӯдакӣ»- ро низ баргузор кард. Нишастгоҳҳои ин театри хурд пурра аз санги мармари сурхи Бадахшон сохта шудаанд, ки хеле муносибанд.

Ҷои муболиға нест, ки Боғи фароғатию истироҳатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз зеботарин боғҳои пойтахт буда, Душанбе аз зеботарини шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Шаҳри Душанбе дар гузашта ҳарчанд ки шаҳри хурд буд, вале бо вуҷуди ин, шаҳри сабзу хуррам ва зебо эътироф шуда буд…

Ҳоло Душанбе дигар он шаҳри хурди пешин нест, балки он ба тамом дигар шуда, ба шаҳри бузург, зебо ва замонавӣ табдил ёфтааст, ки ҳар нафаре орзуи дидани онро мекунад.

Боғи номбурда дар дили ин шаҳри бузург қарор дорад ва ҳамарӯза ҳазорон нафар ба ин макони зебо барои тамошои он меоянд. Ҳар нафаре, ки ба ин ҷо меояд, муддате меосояд, фароғат менамояд ва аз ин зебоиҳо баҳра мебардорад.

Алихон ЗАРИФӢ,

Рӯзноманигор