Сафои рӯзгорон модаронанд

№31-32 (4771-4772) 11.03.2024

365005138010323Шояд мураккабтарин мавзуъ дар муҳити эҷод мавзуи модар аст. Чунин ба назар мерасад, ки дар ситоиши модар ҳама суханҳо гуфта шудаанд ва дигар чизе гуфтан имкон надорад. Вақте ки кас вориди дунёи афсонавии модарон мегардад, дарк мекунад, ки ҳанӯз сухани арзанда гуфта нашудааст ва ҳама дар ҷустуҷӯи он аст, ки яке аз дигаре беҳтарину волотарин суханҳоро нисораш намоянд.

Ҳама дарк мекунанд, ки модарон бақои зиндагӣ дар рӯи заминанд. Зеро ягон модаре дар ҷаҳон намехоҳад, ки фарзандашро қурбони ҷанг кунад. Баръакс, барои наҷоти онҳо ҳастии худро дареғ намедоранд. Мантиқан ин худфидоӣ аз рисолати азалии модарон мебошад.

Модарон нахустқаҳрамонҳои зиндагианд. Ҳамчунин, дар ҷаҳон ягона модаронанд, ки новобаста аз мансубияти нажодию миллӣ, динию мазҳабӣ, забонӣ, ранги пӯст ба тафриқаи тифлакон иҷозат намедиҳанд ва ҳамаи онҳоро ба ҳайси фарзанди инсон дӯст медоранд. На аз тасодуф аст, ки вожаи зебои модар, ин тоҷи офариниш ва эъҷози беназири яздонӣ, дар зиёда аз 50 фисади забонҳои ҷаҳон бо ҳарфе оғоз гардида, аз як реша маншаъ мегирад.

Бо ҳама аз шикасту рехт, бурдубохт, тазод офтоби бахту иқбол ба рӯи занону модарони тоҷик табассум намуд ва онҳо аз асорати ҷаҳолати асримиёнагӣ эмин монданд. Ба занҳои тоҷик бо фарқ аз дигарон, хоса занҳои мазлуми кишвари ҷангзадаи Афғонистони ҳамсоя, имкон пеш омад, ки дар давлати озоду ободи дунявӣ кору зиндагӣ намоянд. Хушбахтона, имрӯз занону духтарон ва модарони сарбаланди тоҷик дар баробари тарбияи фарзандҳо, сариштаи корҳои беохири рӯзгор, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар баробари мардҳо заҳмат мекашанд.

Модарро сафири Худо дар рӯи замин маҳсуб медонанд. Ҷумла сифатҳои худовандиро дар пайкари наҳифу нозуки модар дарёфтан мумкин аст. Нахустус­тоди инсоният дар рӯи замин баъд аз Офаридгор модар аст. «Забони модарӣ» номгузорӣ гардидани забони миллати мо эътирофу арҷгузории модар аст. Мутафаккирону донишмандон, адибону бузургони зиёди дунё васфаш кардаанд. Ин нуктаро Шайх Аттор бо илҳом аз мазмуни ҳадиси Расули акрам (с): «Ҷаннат зери қудуми модарон» ба риштаи назм кашидааст.

Донишманди шинохтаи дунё Александр Дюма гуфтааст: «Модарон ҳамеша бахшандаанд ва гӯё барои ҳамин ба дунё омадаанд». Наполеон гуфта буд: «Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад».

Таҷассуму тараннуми симои поку биҳиштии модар аз ҳама зиёд мавзуи дӯстдоштанӣ ва пурифтихори саромадони адабиёти классик ва муосири тоҷик, чун Мирзо Турсунзода, Лоиқ ва даҳҳо дигарон аст. Агар Эраҷ Мирзо «якшаба ранҷи модарро дар баркашида натавонистан дар ду ҷаҳон» баён карда бошад, Абулмаъонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил «домани модарро биҳишти ҷовидон» медонад.

Ҳар қадар дар ситоиши модарони азизу меҳрубон нависем, боз ҳам кам аст. Беҳикмат нест, ки 8 март, қаблан маъруф ба Иди занону духтарон, дар кишвари мо Рӯзи модар гардид. Ин иқдоми оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бори дигар аз бузургии модар гувоҳӣ медиҳад. Духтарону хоҳарон ва занонро ба он ҳидоят мекунад, ки дар кӯшиши ҳаматарафаи сазовор гардидан ба номи неку пурифтихор ва шарафманди модарӣ бошанд.

Носипосӣ ба шири поку ҷонбахши ӯ гуноҳ ва гирифтани дуои модарону падарон калиди дари ҳама хушбахтиҳост. Модарон ба ҳама ситоиш ва меҳрубонию хизматҳо арзандаанд.

Устод Лоиқ гуфтааст:

Аз сарвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,

Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»