«Сайис» дар «Кохи Ҷомӣ»

№69 (3054) 08.06.2013

Дар доираи 20-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар «Кохи Ҷомӣ»-и Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Туркманистон бо намоиши филми ҳунарии «Сайис» доир гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар он аҳли фарҳанг, намояндагони вазорату идораҳо ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, инчунин намояндагони Ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон ширкат доштанд.

Чинор Рустамова-Cафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои кинои Туркманистонро дар Тоҷикистон қадами устувор дар тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон арзёбӣ кард. Дипломати туркман афзуд, ки дар зарфи 20- соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Душанбе ва Ашқобод имкониятҳои мусоиди ҳамкорӣ фароҳам омаданд, ки он аз иродаи сиёсии Сарони кишварҳо шаҳодат медиҳад. Чинор Рустамова дар мавриди ҳамкориҳои ҳасанаи ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ёдрас шуда, афзуд, ки аввали моҳи июн дар таърихи муносиботи ду кишвар рӯйдоди муҳими аҳамияти минтақавидошта ба вуқуъ пайваст. Ин ҳам бошад дар шаҳри Отамуроди Туркманистон бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Афғонистон Ҳомид Карзай сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳан, ки се кишвари минтақаро бо ҳам мепайвандад, барпо гардид. Инчунин аз 3 то 5 июн дар Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир шуда, ҳунармандони тоҷик бо барномаҳои ҷолиби консертӣ дар толорҳои фарҳангии ин кишвар баромад намуданд.Дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Туркманистон ҳамчунин Сайдалӣ Сиддиқов –муовини аваали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нурбердӣ Алибердиев- ҳунарманди мардумии Туркманистон, роҳбари ҳайати синамогарони туркман роҷеъ ба сатҳ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар ибрози назар карданд.

Ин чорабинии муҳими фарҳангӣ аз ҷониби Сафорати Туркманистон дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, то 10 июн идома меёбад. Тӯли ин рӯзҳо дӯстдорони филмҳои туркманӣ имкон доранд филмҳои ба наворгирифтаи синамогарони туркманро, аз қабили филмҳои ҳунарии «Мусобиқа» (коргардон Б.Мансуров), «Арӯси хаппак» (коргардон-таҳиягар С. Караҷаев), «Сайис» (коргардон –таҳиягар М. Оразов), «Бародарони шӯх» (коргардон-таҳиягар Қоқов) ва филмҳои мустанади «Сайри таърих» ва «Қолини туркманӣ»-ро, ки доир ба таърих, фарҳангу ҳунар ва анъанаҳои неки мардуми туркман ҳикоят мекунанд, тамошо намоянд.

кинотолорҲамзамон дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Туркманистон дар Тоҷикистон бо иштироки синамогарони ҳар ду кишвар суҳбати мизи мудаввар дар мавзуи «Хунари синамо-самтҳои ҳамкорӣ» барпо мегардад, ки дар он дурнамои ҳамкории синамогарони ҳар ду кишвар ва соири масоили марбут ба таҳия ва ба навор гирифтани филмҳо матраҳ хоҳад шуд.