Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суҳбату мулоқот бо қишрҳои гуногуни ҷомеа дар мавриди робитаҳои ҳасана, тақвияти муносибату ҳамкориҳо бо дигар халқияту миллатҳо таъкид карда, адабиётро аз беҳтарин василаи бо ҳам қарину наздиктар гардондани мардуми гуногунзабон арзёбӣ менамояд. Маълум, ки ин ё он асар танҳо тавассути тарҷумаи заргарона ба завқмандон пешниҳод мегардад. Боиси хушнудист, ки дар ин самт, бахусус дар риштаи тарҷумаи асарҳо миёни тоҷикону ӯзбекон таҷрибаи кофие чун мерос аз гузаштагони бомаърифат боқӣ мондааст ва имрӯзиёнро лозим аст, ки танҳо ин анъанаи некро ба фаромӯшӣ набаранду густариш диҳанд. Поягузорони ин иқдоми наҷиб Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ маҳсуб меёбанд. Онҳо дар таҳкими дӯстии тоҷикону ӯзбекон хизмати шоён намудаанд. Маҳз бо маслиҳатҳои беғаразонаи Абдураҳмони Ҷомӣ адабиёти классикии ӯзбекро Алишер Навоӣ асос гузошта, ҳамчунин бо тахаллуси Фонӣ ба эҷоди асарҳои назмӣ бо забони форсӣ — тоҷикӣ пардохт. Дӯстии ин ду шахсияти барҷаста беҳтарин намунаи дӯстӣ миёни халқияту миллатҳо ба ҳисоб меравад. Ба хотири қаробати боз ҳам бештари ду миллат онҳо ҳатто аз усули ширу шакар ҳам истифода намуданд.
Дар замони муосир шоир Ӯлмас Ҷамол ин анъанаи некро идома бахшид. Шоири дигари ӯзбекзабони кишвар Сайфулло Қулаев низ дар ин самт кӯшишҳои судманд дорад. Чунончӣ, чанде пеш ӯ як силсила шеърҳои Низом Қосим — Шоири халқии Тоҷикистонро тарҷума намуда, маҷмӯаеро бо номи «Кӯнгил кенглиги» («Паҳнои дил») ба табъ расонд.
Қобили қайд аст, ки шеърҳои Низом Қосим бо фарохияти маънӣ аз тарҷумон донишу малака ва масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд ва ба тарҷумаи чунин як ашъоре даст задани Сайфулло Қулаев аз ғайрату дилпурии ӯ шаҳодат медиҳад. Муҳим он аст, ки мутарҷим аз уҳдаи кори пешгирифта сарбаландона баромада тавонистааст. Далели ин гуфтаҳо нафосату ҷозиба ва таъсирнокии худро гум накардани шеърҳои тарҷумашуда дар шакли ӯзбекиашон мебошад. Аз лиҳозе истеъдоди баланди шоирӣ, мусаввирии Сайфулло ба ин замина гузошта бошад, аз тарафи дигар забони тоҷикиро хуб балад будан ва дар муҳити тоҷикона ба воя расидани ӯ ба ин боис гардидааст. Ин иқдом бояд қобили дастгирӣ бошад, чаро, ки шоирон бисёр дорем, аммо тарҷумонҳо ангуштшумор. Нақши тарҷума дар амри пайванди халқияту миллатҳои гуногун хеле баланд мебошад. Беҳуда набуд, ки тарҷума дар замони шӯравии сермиллат ҷойгоҳи хоса ва мақому мартабаи шоистаро соҳиб буд. Хуб тарҷума карда тавонистан мушкилтар аз шеър гуфтан аст. Ҳатто эҳтимол дорад, ки тарҷума шеърро бо ҷилваи нав муаррифӣ созад, он чӣ Сайфулло Қулаев ба ин муваффақ шудааст. Дар ҷое тарҷумон аз ниҳоят шевою равон баромадани тарҷумаҳои шеърияш, аз моли худ будани онҳо ҳавас кардааст, ки ин маънои аз уҳдаи тарҷума баромаданро дорад.
Сайфулло Қулаев бо таассурот аз ашъори дилангез, аз ҷумла чунин баҳогузорӣ намудааст: «шеърҳои Низом Қосим ҳар кадоме дар алоҳидагӣ гулдастаеро мемонанд, ки бо рангу накҳати хоса аз якдигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Шоир ба мухлисон на фақат дар мисоли шеър гул, балки дилпораҳоро тақдим кардан хостааст».
Умед бар он мебандем, ки чунин тозакориҳо дар паҳнои адабиёт вусъат меёбанд.
Мирзо РУСТАМЗОДА,«Садои мардум»