Шоир андар синаи миллат чу дил

Сайри Хосият Вализода дар мардистони шеър

№92 (4354) 13.07.2021

10Хосият Вализода шоираест, ки ҳаводорони шеър ӯро писандидаанду дӯст доштаанд. Инро гувоҳ шумораи зиёди таронасароёни овозадори тоҷик, аз ҷумла, Давлатманд Холов, Парда Қосимов, Нигина Рауфова, Сурайё Қосимова, Бобоҷон Азизов, Лола Азизова, Афзалшоҳи Шодӣ, Иззат Шарифӣ, Парвиз Пулодӣ, Абдулшаҳиди Саодатшоҳ, Садриддин Наҷмиддин, Меҳринисо Ҳоҷибоева, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Мадина Ҳақназарова, Тобиш Ҳилолӣ, ҳунармандони кишварҳои ҳамзабони Афғонистону Эрон Шаҳло Залонд, Аҷмал Заҳин, Рамтин ва дигарон мебошанд, ки ба шеъри равону наводори Хосият Вализода оҳанг бастаанд.

Ин бонуи суханпардоз дар домони гулшани адабиёти ҳазорсолаи сарзамини тоҷикон чун сарви болида қад кашидааст. Ба пиндори мо, Хосият шоираест, ки дар мардистони шеъри сарзамин дили занро дар пеши чашми хонандагонаш во кардааст. Шоироне, ки нидои зани шарқиро бо танини худи зан баён кардаанд, ангуштшуморанд ва аз нигоҳи мо номварони чунин шеваи суханпардозӣ Фурӯғ Фаррухзод, Гулрухсор Сафиева, Фарзона ва Хосият Вализодаро метавон номбар кард.

Хосият ба сони шоирони дар боло ёдшуда худписандии мардон, носипосӣ ва бевафоии онҳоро бо сухан бозгӯйӣ намуда, тозиёнаи дардовар мезанад:

Хуш гузашт бе ман,

Шабону рӯзи ту?

Хуш ба ҳолат,

Хуш бимон,

Номеҳрубон,

Эй тундхӯ!

Аз ҳарири  абру борон пираҳан

Бар тан кунам,

Рӯй бар маъман кунам!

Хуш бимон

Сустпаймон!

Бо ин ҳама ӯ дӯст медорад, ки гуноҳи марди сустпаймонро бахшад ва омода аст бо меҳрубонии самимӣ ӯро пазирад:

Меҳрубонии туро пазмон шудам,

Рост гӯям мухтасар, мехоҳамат.

Бозгард, ёри азиз, дурӣ маҷӯ,

Баъди сад соли дигар мехоҳамат.

Хосият Вализода, пеш аз ҳама, шоираи меҳансаро аст. Ӯ Ватанро зеботарин таронаи дил хондааст:

Зеботарин таронаи дил, ҷони ман, Ватан,

Эй субҳи пуршукуфаи хандони ман, Ватан.

Шоира дар сафар ба кишвари Дубай ба бурҷи баландтарини ҷаҳон — Бурҷи Халифа баромада, Тоҷикистонро меҷӯяд ва аз баландии баландӣ барсохта, қиблаи худ, ишқи худ, умеди худ — Тоҷикистони яктову беҳамтои хешро дида, ба сӯяш намоз мегузорад:

Аз баландиҳои бурҷи машҳури олам - Халифа,

Ман назар кардам ба паҳно,

Ҳеҷ буд дунё бароям.

Тоҷикистони азизамро ҳамедидам,

Сикка бар шеду маҳу истораҳо мезад,

Ифтихорам гашт беҳад,

Тоҷикистон, сарзамини Ориё…

Шоира дар намози худ оятҳоеро мехонад, ки ишора ба оромӣ, осудагӣ ва шукуфоии Тоҷикис­тони азиз доранд:

Ғофил наям лаҳзае аз сарнавишти ту,

Эй ифтихору номусу виҷдони ман, Ватан.

Зинҳор мабин рӯи ғаму дарду доғро,

Эй модари азизу дилу ҷони ман, Ватан.

Китобҳои ӯ аз соли 1986 то ҳол зери унвонҳои «Давоми роҳ» (1986),  «Пайғоми Кӯлоб» (1992), «Сушёнас» (1999), «Дуруди сапеда» (2000), «Меҳани ҷон, Тоҷикистон» (2004), «Таърихи сабз» (2006), «Лаҳзаҳои бо ту будан» (2007), «Парвозро даричае бикшо» (2011) ва «Садоқати сапед» (2014) дар тарбияи маънавии пиру ҷавон нақши бориз гузоштаанд.

Шоири бузург Фаридун Муширӣ фармудааст, «Аз нигоҳи ёрон ба ёрон нидо мерасад» ва нидои Хосият ба ёрон он аст, ки бедор бошанд, ки душман нахуфта аст ва тасбеҳу зуннорро баҳона карда, ҳадафашон ошуфтабор сохтани Ватани орому зебои мо мебошад.

Қаҳрамони матлаб, ки ҳастии хешро ба шеър ва шеърхонаи Кӯлоб — осорхонаи падараш, устод Сайдалӣ Вализода бахшидааст, василаи пурзӯри нигаҳдошти сулҳу ваҳдати миллиро дар вохӯриву гуфтугӯҳо бо мардуми шаҳру деҳоти кишвар медонад. Ҳамин аст, ки дар баробари узви фахрии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» будан, роҳбари шаҳрии собиқадорони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини раиси Бунёди сулҳи Тоҷикистон ва аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ду сол пеш созмони ҷамъиятие бо унвони Ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» ташкил намуда, дар он гурӯҳе аз донишмандон, адибони номӣ, сарояндагони овозамандро гирд овард. Бо онҳо ба шаҳру вилоятҳои мамлакат сафар карда, сиёсати Пешвои миллатро дар мавриди сулҳофаринӣ ва давлатсозиву миллатсозӣ тарғиб менамояд. Соли гузашта ӯ омода шуд, ки бо ҳайати шашнафара, ки дар он сарояндаи ватансаро Тобиш Ҳилолӣ низ буд, ба кишвари Олмон сафар кунад, вале маҳдудиятҳои ба бемории COVID — 19 рабтдошта, садди роҳашон гашт.

Гуфтан бамаврид аст, ки чанде пеш нишас­ти бошукӯҳи аҳли зиё ва донишҷӯёни шаҳри Кӯлоб, зери унвони «Ширу шакар» зери партави Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ — сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ доир гардид. Иштирокдорон суханронии Хосият Вализодаро бо хушнудӣ пазируфтанд.

Ин нукта арзиш ба гуфтан дорад, ки даҳсолаҳост Хосият Вализода ҳавлии падариро ба осорхонаи шоир ва ҳофизи овозаманди тоҷик устод Саидалӣ Вализода табдил дода, аз пайи гомҳои паймудаи падар дар гулистони адаб собитқадам аст.

Хосият Вализода дар дил суханҳои ҳанӯз ба лаб наовардаву рӯйи сафҳа ба сабт нарасондаи зиёд дорад. Бошад, ки сарнавишт барояшон фурсати созгор  бахшояд ва ногуфтаҳоро ба ҳаводорони табъи баландашон армуғон орад.

Зафар МИРЗОЁН,

узви Иттифоқи нависандагон ва узви Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон, профессори фахрии Донишгоҳи давлатии

Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ