Рӯнамоӣ

Сайри «Лолаҳои Бадахшон»

№116 (4536) 16.09.2022

DSC_0046Ба қавли устод Мирзо Турсунзода, агар тоҷик табиатан шоир бошад, пас Тоҷикистон табиатан  мулки биҳиштист. Ҳар маҳаллу минтақаи он вижагиҳо дорад ва ҳар кадом дурдонаи бебаҳоеро мемонад. Кам андар кам кишваре дар ҷаҳон ёфт мегардад, ки аз лиҳози расму оин, урфу одат, лаҳҷаю шева то ба ин ҳад гуногунрангӣ, вале умумияти ногусастанӣ дошта бошад.

11 сентябри соли 2022  дар меҳмонхонаи «СЕРЕНА» — и пойтахти ҷумҳурӣ  муаррифии китоби «Лолаҳои Бадахшон» — и рӯзноманигор ва киношинос Тилло Некқадамов баргузор  гардид. Пешбари маҳфил журналист Зеваршоҳи  Муҳаммад онро ҳусни  оғоз бахшид. Сипас, доктори  илмҳои санъатшиносӣ Аскар­алӣ Раҷабов нависанда ва мусиқишиноси шинохта Шаҳобиддин Ҳақназаров рӯзноманигор Одили Нозир ва дигарон изҳори назар карданд. Аъзои гурӯҳи  овозадори «Шамс» бо роҳбарии  Нобовар Чаноров ва гурӯҳи  шинохтаи «Само» ва овозхонҳои  хушадо Туҳфа Қосимӣ, Парвинноз  Ақназарова ва Таманно  Алидодова бо суруду таронаҳои дилангез ба маҳфил шукӯҳи дигар зам карданд.

Дар ҷараёни маҳфил аксу сабтҳои овозии таърихӣ аз фаъолияти ягона Ансамбли этнографии мардумии тарона ва рақси «Помир» дар саросари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар мамлакат ғулғула афканд, ба намоиш гузошта шуданд. Сурудҳои халқии таърихӣ чун «Булбулон», «Гула бурдан ба чаман», «Ёри вафодори ман», «Акрамҷон», рақсҳои мардонаи бадахшӣ хотири ҳозиринро болида сохтанд.

Қобили зикр аст, ки Тилло Некқадамов тӯли сӣ соли охир дар корзори журналистикаи ватанӣ ягона нафарест, ки аз боби бурдубохт, таърих ва навгонии кинои тоҷику ҷаҳон мақолаҳо ба табъ мерасонад ва тавассути радиою телевизион тарғибу ташвиқ менамояд.

DSC_5449Дар бораи таърихи синамои тоҷик, коргардону наворбардорон ва ҳунарпешагони мумтоз, аз қабили Комил Ёрматов, Василий Кузин, Иброҳим Барамиков, Қутбиддин Олимов, Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров, Гурминҷ Завқибеков, Марат Орифов, Дилбар Қосимова, Нозукмоҳ Шомансурова, Ҷаҳон Саидмуродов, Маҳмуд­ҷон Воҳидов, Андрей Бобоев, Бимбулат Ватаев ва ситораҳои кинои ҷаҳонию (Стивен Сигал, Никита Михалков, Жерар де Пардё), Ҳиндустон (Раҷ Капур, Митҳун Чакраборти ва Рандҳир Капур, Наргис, Виҷаянтимала) мақолаҳо дарҷ намудааст.

«Лолаҳои Бадахшон» дар бораи таърихи ташкилшавии Ансамбли бачагонаи этнографии Помир ва Ансамбли тарона ва рақси «Помир» қисса мекунад. Инчунин, муҳити фарҳангии солҳои 30 ва 40 – уми ВМКБ дар он мухтасар инъикос ёфта, аз заҳматҳои бунёд­гузорони ансамблҳои номбурда В. С. Смирнов, Артисти халқии ИҷШС Ғуломаҳайдар Ғуломалиев, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Маманазар Отамов ва ҳаммаслакону шогирдон, инчунин бисёр корҳои наҷиби чеҳраҳои сиёсию фарҳанг миллати тоҷик қисса мекунад.

Он зери назари яке аз бунёд­гузорони Ансамбли тарона ва рақси «Помир», режиссёр ва барандаи ансамбл, Артис­ти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Алиризо Раҳмонқулов таҳия гардида, муаллиф барои дастгирӣ ва чопи китоб ба доктори илмҳои фалсафа Назархудо  Дастамбуев изҳори сипос намуд.

Тилло Некқадамов аз соли 2020 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, муаллифи китобҳои «Бозтоби чеҳраҳои  дурахшони кино» (соли 2019), «Журналистони Бадахшон» (2005), «Устоди ҳунари актёрӣ» (2012), «Маҳрами сухан» (2015), «Ҳаёти ибратбахш» (соли 2016) ва «Лолаҳои Бадахшон» (2022) мебошад.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»