Самараи иродаи қавии сиёсӣ ва нияти нек

№91 (4353) 10.07.2021

Алеш ва НавикМуносибати тоҷикону ӯзбекон аз қадим бар маънои рафоқат, хайрхоҳӣ ва эҳтироми ҳамдигар нисбат ба дигар халқиятҳо тафовут дошт. Шабеҳии тоҷикону ӯзбеконро расму оин, анъанаҳои муштарак, маросими миллӣ наздиктар намуда, онҳоро тафовут гузоштан ғайриимкон аст.

Таърих ифодагари он аст, ки тоҷикону ӯзбекон дар ғаму шодӣ, нокомию пирӯзӣ дар паҳлуи ҳамдигар қарор доштаанд. Намунаи барҷастаи дӯстии ҳар ду миллатро орифону адибон дар симои дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба қалам дода, онро то ба наслҳои имрӯзаву оянда талқин менамоянд.

Ҳарчанд муносибати дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи декабри соли 1992 барқарор ва дар ин муддат беш аз 100 созишномаву қарордоди ҳамкорӣ, аз ҷумла, Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ ба тас­виб расида бошад ҳам, вале марҳилаи сифатан нави ин раванд аз соли 2016 оғоз гардид.

Маҳз иродаи қавии сиёсии ҳар ду роҳбари доно ва дурандеш — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боис гардид, ки равобит ва дӯстиву бародарӣ тавсеа ёбад.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018 ба вуқӯъ пайваст, дар таърихи ҳар ду давлати ба ҳам дӯсту бародар бо ҳарфҳои заррин нақш баст.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар сатҳи баланд сурат гирифт. Дар натиҷаи он ҳамкории судманд дар бахшҳои тиҷорату савдо, иқтисоду энергетика, фарҳангу робитаҳои гуманитарӣ, амният ва мудофиа, нақлиёт, истифодаи захираҳои об роҳандозӣ гардид.

Хотирнишон бояд сохт, ки ба тасвиб расидани Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҳодисаи таърихӣ маҳсуб меёбад.

Сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марбут ба эҷод намудани фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нек арзёбӣ ва пуштибонӣ ёфта, таъкид шуд, ки чунин сиёсат бо ҳадафҳои Тоҷикистон комилан созгору ­ҳамоҳанг мебошад.

Дастгирии ҳамдигар зимни паҳншавии бемории коронавирус, барқарор намудани гузаргоҳҳо дар сарҳад, сода намудани рафтуомади мардум, барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ, ҳамлу нақли бор тавассути роҳҳои автомобилӣ, сохтмони мактабу иншооти иҷтимоӣ натиҷаи неки сиёсати пешгирифтаи ҳар ду Сарвари хирадманд мебошад.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 — 11 июни соли равон сурат гирифт, дар рушди беш аз пеши муносибот таҳрикбахш гардид. Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, нақлиёту коммуникатсия, энергетика, фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ, таъмини амният ва ғайра табодули афкор намуда, якчанд созишнома ва қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Пазироии меҳмони олиқадр муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тибқи анъанаи олии меҳмоннавозии тоҷикона дар сатҳи хеле баланд сурат гирифт, аз эҳтироми хоса дарак медиҳад.

Ҳоло кофӣ нест, ки мардуми ҳар ду кишвар танҳо аз дӯстиву бародарии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ ёдовар шуда, онро иқтибос оваранд. Замоне фаро расидааст, ки ҳар як фарди соҳибхиради Тоҷикистону Ӯзбекис­тон аз дӯстӣ ва эҳтирому самимияти ҳар ду фарзанди фарзона муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ифтихор намуда, онро тараннум намоянд.

Баҳодур ҲАСАНОВ,

академики Академияи илмҳои Турон, доктори илмҳои иқтисодӣ,

 профессори Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд