Сарҳо ба саҷда монем бар остони Ваҳдат

№77 (4027) 27.06.2019

Як ҷуръа ки нӯшидам аз ҷоми майи Ваҳдат,

Ҷонам ки ба рақс омад з-оҳанги найи Ваҳдат.

 

Наҳс омаду шуд пора ин  миллату овора,

Якҷояву якдил шуд омад чу пайи Ваҳдат.

 

Сулҳ омаду ободӣ, рушд омаду озодӣ,

Султони  диёрам шуд охир, ки Кайи Ваҳдат.

 

Чун қатра ба ҳам омад, афзун шуду дарё шуд,

Ин миллати фарзона мерафт чу пайи Ваҳдат.

 

Ҳар шаҳр гулафшон шуд, ҳар деҳ чу бӯстон шуд,

Файзи раҳматаш афшонд ин ҷо чу Ҳайи Ваҳдат.

 

Созем  дуо ёрон,  дар панҷ намози хеш,

Ё Раб, ки мабод ин ҷо ҳарфе зи дайи Ваҳдат.

 

Ту хандаи тифлон бин, хушбахтии инсон бин,

Сармасту ғазалхон бин, Мирзо зи майи Ваҳдат.

 

                               ***

Эй оқилон, биёед бар бӯстони Ваҳдат,

Сад ранг ҷилва дорад, бин гулситони Ваҳдат.

 

Дар ҳалқаи гулу мул, саф-саф ситода булбул,

Бо шӯру шавқ  сароянд аз достони Ваҳдат. 

 

Аз баҳри ҳифзи Ваҳдат мардона по гузорам,

Чун ҳаст решапайванд ҷонам ба ҷони Ваҳдат.

 

Шукрона ин Ватанро, шукрона анҷуманро,

Сарҳо  ба саҷда монем бар  остони Ваҳдат.

 

То ин ки мулки Тоҷик бошад ҳамеша пурнур,

Бин Меҳру Моҳ  рахшон дар осмони Ваҳдат.

 

То корвони иқбол солим расад ба манзил,

Сарсабзи ҷовидон бод,  ин сорбони Ваҳдат.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»