Бинозам шукӯҳи туро, эй Ватан,
Бузургии кӯҳи туро, эй Ватан,
Пару боли рӯҳи туро, эй Ватан.
Ман он сафшикан гурду сарбози ту,
Ман он тезпар мурғи шаҳбози ту.
Зи ишқи ту саршор ҷони ман аст,
Зи меҳри ту зебо ҷаҳони ман аст,
Қавӣ бо ту рӯҳу равони ман аст.
Ман он сафшикан гурду сарбози ту,
Ман он тезпар мурғи шаҳбози ту.
Ба марзи ту истодаам устувор,
Ҳамон аскари ту, ҳамон посдор,
Ба ҳифзи туям, Помири пойдор.
Ман он сафшикан гурду сарбози ту,
Ман он тезпар мурғи шаҳбози ту.
Ватан — модаро, шермарди туям,
Ки пирӯз дар ҳар набарди туям,
Ҳамон ошиқи рӯи варди туям.
Ман он сафшикан гурду сарбози ту,
Ман он тезпар мурғи шаҳбози ту.
ВОРИС,
«Садои мардум»