Антон пои луч дар миёни хуну оташ медавид. Дар дили модар алов рехт. Мабодо почаҳояш ба ҳам печаду ё ба замин афтад. Ё зери тиру туфанги душман монад. Дили модар ларзиду аз паси тифлакаш давид. Садои тир баланд гашту модар аз хоб бедор шуд. Оби чашмонаш дар сари мижгонҳо чун шаддаи марворид медурахшиданд.
- Парронед, парронед! — садои даҳшатангезе ба гӯши модар расид. Ҳис кард, ки ба ҳавлӣ фашистҳо даромадаанд. Доду фарёди онҳо фазоро меларзонд. Боҳарос аз ҷой бархост ва худро дар як он ба хонаи хоби писараш расонд:
- Хез, писарам, хез, Антон! – бо ҳаяҷон кӯрпаро аз рӯи писараш кашид ва ӯро аз тиреза ба замин фароварда, фарёд кашид:
- Гурез, ҷони оча! Гурез! Ба пасат нигоҳ накун!
Писарак давид. Овози модараш дар гӯшаш садо медод. Афтону хезон ба самти номаълуме шитофт. Дили нозукаш сахт-сахт мезад. Пойҳояш бемадор мешуд, гиря гулӯгираш кард. Оби чашмаш шашқатор мерехт. Ҳарчанд ваҳм дар дили кӯчакаш соя андохта буд, вале тан намедод, медавид. Тирҳои душман аз паҳлуяш виззосзанон мегузашт. Тарс вуҷуди кӯчакашро меларзонд, вале ба пушташ нигоҳ накарда медавиду медавид.
Фашистони сангдил на бар кӯдак раҳм доштанду на ба модар. Онҳо дувоздаҳ кас буданд. Андоми даҳшатангез ва чашмони бенур доштанд, одамияту тараҳҳум барояшон бегона буд. Онҳо зада ба хона даромаданд ва якеашон сӯи модар тир андохт. Ҷисми Анфиса ба рӯи фарш афтод. Камондорон аз тиреза сӯи писарак низ оташ кушоданд, вале ӯ ҷон ба саломат бурд. Дуртар аз хона дар миёни дарахтони боғе пинҳон шуд.
Манзараи даҳшатборе дар пеши чашмонаш пайдо гашт. Хонаҳо оташ гирифта, садои тирпарронӣ фазоро пур карда буд. Писарак чашмонашро пӯшиду бо дастони кӯчакаш гӯшҳояшро маҳкам кард ва инони гиряро сар дод. Ӯ қариб беовоз мегирист. Дар ҷисми кӯчакаш дигар тавоне намонд. Чанд соат гузашт, намедонад. Дар ҷои ғалтидааш хобаш бурд…
Дар хоб нолиш карду очаҷон гуфт. Модарашро хоб дид. Ӯ хам шуду писарашро бӯсид, бо лабони пур аз табассум дасти навозиш ба сараш ниҳод. Вуҷуди писаракро шодмонӣ фаро гирифт. Ранҷи кашидааш фаромӯш гашт.
Ӯ дигар чашм боз кардан намехост, метарсид, ки модараш мераваду боз танҳо мемонад…
Овози одамон Антонро аз олами рӯё ба худ овард. Чашм кушоду ба осмон нигоҳ кард. Офтоб бедареғ нур мепошид, балки механдид гӯё. Ба офтоб нафрат пайдо кард. Гумонаш офтоб ҳам ёри фашистони бераҳм буд.
Рӯз бегоҳ шуд. Абрҳо рӯи осмонро пӯшонданд ва осмон гӯё аз ҳодисаи рухдода мотам гирифт, чодари сиёҳ пӯшид ва майли гиристан кард. Ниҳоят худро холӣ кард. То саҳар беист бориду борид. Антон зери борон тар шуду ларзид. Дастонашро, ки аз сардӣ кабуд шуда буданд, бо ҳаври даҳонаш гарм кард.
Саҳар аскарони сурх ӯро пайдо намуда, ба қисми ҳарбӣ оварданд. Шикамашро сер намуданд. Захмҳояш оҳиста-оҳиста шифо ёфт. Ҳама дӯсташ доштанд. Яке аз сарбозон ба ӯ дурбин туҳфа кард. Дар ҷанг ёрирасон шуд, тир меовард, ба захмиён кумак мекард.
Рӯзе дурбин дар даст ба баландие баромаду атрофро аз назар гузаронд. Ногоҳ чашмаш ба сарбозони душман афтод, ки зери тӯдаи алаф пинҳон шуда буданд. Зуд хабар расонд…
Душманон асир афтоданд. Барои далерию ҳушёриаш ба Антон раҳматнома эълон карданд, ӯро бо ифтихору меҳрубонӣ «Писари полк» мегуфтанд.
Ғалаба ба даст омад. Ба Антони далеру шуҷоъ рутбаи ифтихории «Сарбози Ватан»-ро доданд.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»