Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи муосир чун як ҳуҷҷати роҳнамо ва санади барномавӣ эътироф гардида, баёнгари умеду ормони мардум аст.
Дар Паёми Пешвои миллат дар баробари муайян кардани самтҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ дар соли 2023 ба масъалаҳои умдаи ҷомеаи муосири кишвар дахл намуда, фикру андешаҳои созгор баён доштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, чунин дастур доданд: «Бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад».
Сарвари давлат дар баробари баррасии масъалаҳо ба муносибати аҳли ҷомеа, бахусус роҳбарону кормандони зинаҳои касбу кори гуногун, дахл намуда, онҳоро ба масъулиятшиносӣ даъват намуданд. Воқеан, ҳоло дар замони муборизаҳои шадиди геополитикӣ ва дар ин давраи пур аз гирудору талошҳо, бегонапарастиву ифротгароии иддаи кӯрдил эҳсоси масъулияти ҳама, бахусус роҳбарону хизматчиёни давлатӣ, ба хотири бақову устувории меҳану миллат, фардои дурахшону пойдории давлат муҳим ҳисобида мешавад. Дар робита ба масъала Пешвои миллат таъкид доштанд, ки «Ҳар яки мо — роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунем». Дар ин раванд эҳсоси масъулиятшиносӣ ва ватанпарастӣ моро ҳидоят менамояд: «Боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем».
Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта — замоне ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи неруҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид. Дар он айём, дар фурсати бисёр кӯтоҳ аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд.
Дар он солҳо пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе вазъи ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ дошт. Ба ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд. Аз ин рӯ, бо пешниҳоди вакилон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд, дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он ба таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қадами боэътимод гузошта шуд. Муҳимтар аз ҳама, вакилони иҷлосия дар интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хато накарданд ва ба қавле «офтоб ба сари мардуми офатзадаи тоҷик хандид». Бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон — ҷавонмарди меҳанпараст ва ба Ватану халқи худ содиқ Тоҷикистон роҳи нав, роҳи тамаддун, созандагӣ ва ободкориро пеш гирифт.
Бо таври мушаххас агар гӯем, дастоварди бузург дар ин давра, чӣ хеле ки Пешвои миллат борҳо таъкид доштаанд, расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик мебошад.
Мухтори АБДУЛЛО,
«Садои мардум»