Машварати ҳуқуқӣ

Саркашӣ аз пардохти алимент ҷиноят аст

№137 (4557) 08.11.2022

Legal Area children during a divorce in court.Пас аз пош хӯрдани оилаҳо фарзандон бештар дар тарбияи модар қарор мегиранд. Аз сабабе ки бархе аз занҳо кори муносиб ё доимӣ надоранд, тарбияи фарзанд ва бори зиндагӣ ба дӯшашон меафтад. Дар баробари он ки ба кӯдакон тарбияи маънавӣ лозим аст, мушкили молиявӣ низ пайдо мешавад.

Мувофиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз музди меҳнати падар ба фарзанд алимент ҷудо карда мешавад. Бархе, бинобар надоштани маълумоти кофии ҳуқуқӣ, бо маблағи муайян адвокат мегиранд. Ин дар ҳолест, ки онҳо бо роҳи қонунӣ метавонанд алименти фарзандонашонро бе киро кардани шахси сеюм ба даст оранд. Доир ба махсусияти ситонидани алимент ҳуқуқшиноси давлатӣ аз Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» Қудратулло Саидов чунин машварат дод:

- Муносибатҳое, ки вобаста ба пардохти алимент, тартиби рӯёнидани  андозаи  алимент ба вуҷуд меоянд, Кодекси оилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар санадҳои  меъёрии  ҳуқуқӣ ба  танзим медарорад. Кодекси  оилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  андозаи  алиментро  бо ду тартиб муайян  намудааст: судӣ ва ғайрисудӣ (бо маслиҳати тарафайн). Мувофиқи моддаи 81 барои як фарзанд чоряк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он  нисфи музди меҳнат ва даромади дигари волидон гирифта мешавад. Мувофиқи муқаррароти қонунгузорӣ, кӯдакони ноболиғ ва  падару модари  ғайри қобили  меҳнат ҳуқуқ доранд аз  тарафи  муқобил алимент талаб намоянд.

Барои рӯёнидани алимент ариза ба мақомоти судӣ, нусхаи шиносномаи даъвогар, нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ, нусхаи шаҳодатномаи таваллуди фарзандон ва  маълумотнома аз ҷои зист лозим аст. Набояд фаромӯш кард, ки дар ҳолати дархости шахси алиментгиранда  ба талаботи  моддаҳои  80, 85 ва 88 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ набошад ё ариза ба талаботи моддаҳои 134 — 135 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб  надода бошад, дархости алиментгиранда қабул карда намешавад.

Тибқи моддаҳои 177-178  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз се моҳ саркашӣ намудан аз пардохти алимент ҷавобгарии ҷиноятиро дар пай дорад. Мувофиқи моддаи 177, барқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маб­лағ, барои таъмини фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба 18 расидааст, бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад. Агар ҳамин кирдор такроран содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҳангоми ба ҳаждаҳсолагӣ  расидани фарзанд, инчунин ҳангоми никоҳ бастани кӯдакони ноболиғ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар мавриди аз ҷониби кӯдакон то ба синни балоғат расидан ба даст овардани қобилияти пурраи амал қатъ мегардад.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

«Садои мардум»