Тасодуфан дар шабакаи ҷаҳонии интернет маҷаллаи «Успехи современной науки» (Международный научно-исследовательский журнал, № 7, том 2, 2016 год) -ро пайдо карда, мундариҷаашро аз назар гузаронидам: «Ходжибеков Э.Х., кандидат исторических наук, профессор, заведующей кафедрой всеобщей истории Хорогского государственного университета им. М. Назаршоева».
Дар ин маҷалла мақолаи «Из истории создания и распада ансамбля песни и пляски «Памир» в Республике Таджикистан (1940-1961)» чоп шудааст. Бо хондани номи мақола дар бораи Ансамбли овозадори тарона ва рақси Помир хеле шод шудам. Гумон доштам, ки профессор Элбон Ҳоҷибеков факту далелҳои нав ва боварибахш пайдо карда, дар мақолааш истифода бурдааст. Афсӯс, ки гумонам ботил баромад. Зеро дар ин мақолаи илмӣ, агар онро чунин гуфтан ҷоиз бошад, ягон далели нав, боварибахш, фикру андешаҳои тоза ва хулосаи илмии муаллиф ба назар намерасад.
Профессор Ҳоҷибеков дар «мақолаи илмиаш» аз китоби У. Ғаффоров, «Назаршо Додхудоев» (Душанбе, «Адиб», 2005), Б. Мамадалиев (саҳеҳтар Мамадалӣ Бахтиёров) «Таърихи Рӯшон» (Душанбе, «Илм», 2013), М.Н. Назаршоев, Н.М. Назаршоев «Сохтмони маданӣ дар Бадахшони Советӣ» (Душанбе, «Ирфон», 1985), «Шуғнон» (Душанбе, «Ирфон», 2014), мақолаи банда «Ганҷҳои санъати кӯҳи Бадахшон», мақолаҳои ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», рӯзномаҳои «Бадахшони Советӣ» ва «Садои мардум» хеле «эҷодкорона» «истифода» бурдааст.
Шахсан муқобил нестам, ки навиштаҳоямро истифода баранд. Баръакс, хурсанд мешавам, ки онҳо мушкилоти ягон кас, бигузор омӯзгори мактаби миёна, аспирант, олими ҷавон ё баркамолро ҳал кардаанд. Нисбат ба қисме аз далел ва рақамҳои мақола эрод надорам, зеро номи бунёдгузорон, аъзои ансамблҳо, сафарҳои ҳунарӣ ва суруду таронаҳо хоҳ — нохоҳ такрор мешаванд ва онро наметавон тағйир дод. Вале нисбат ба далел ва маълумоти мақолаам «Ганҷҳои санъати кӯҳи Бадахшон» (рӯзномаи «Садои мардум», 9 январи соли 2007, № 2 (2089) саҳ.3) бетараф буда наметавонам.
Дар хусуси ташкилшавӣ ва барҳам хӯрдани Ансамбли тарона ва рақси Помир ман борҳо бо яке аз бунёдгузорони ин ансамбл, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Мамадназар Отамов, ки ба сифати роҳбари бадеӣ, режиссёр, балетмейстер ва роҳбари мусиқӣ кор кардааст, ҳамсуҳбат шудаам.
Бо яке аз собиқадорон ва донандаи таърихи санъати тоҷик, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Алиризо Раҳмонқулов, ки дар Ансамбли тарона ва рақси Помир режиссёр ва барандаи консертҳо буд, ҳамсуҳбат ва ҳамнишинам. Устод имсол ба синни мубораки 88 қадам гузоштанд. Худо умрашонро зиёд кунад. Он кас ба ман маълумоти нав ва арзишмандро пешниҳод карданд, ки дар мақолаам истифода бурдам.
Ба ҷуз ин, бо аъзои Ансамбли этнографии бачагонаи Помир устод Басир Расо, Ҳукуматшо Бандишоев, Худоёр Қурбонбеков, Гурминҷ Завқибеков, Нозукмоҳ Шомансурова, Гулчеҳра Қадамшоева, Долчин Низомова, Азизбек Мақбулов, Ансамбли тарона ва рақси Помир — Хушназар Майбалиев, Назархудо Амонбеков, Муборакшо Ҷумъаев, Мералӣ Сафармамадов суҳбатҳо доштам ва сурату далелҳои нав ҷамъ кардам. Метавон гуфт, ки дар ин мавзӯъ қариб даҳ мақола навишта, дар матбуоти тоҷик чоп кардам. Вале суҳбати хеле пурмуҳтаво ва далелу рақамҳои ҷолибро аз устод Алиризо Раҳмонқулов шунида, дар мақолаҳоям истифода бурдам. Устод ҳатто китобча - маълумотнома ва барномаҳои консертии Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва (соли 1957)-ро то ҳанӯз нигоҳ медоранд. Суҳбати ман бо устод Раҳмонқулов айнан дар бораи ташкил ва барҳам хӯрдани ин ду ансамбл буд, ки бо номи «Ганҷҳои санъати кӯҳи Бадахшон» дар рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ расид.
Профессор Ҳоҷибеков дар мақолааш менависад:
«В 1940г. При Хорогском театре был образован детско-этнографический ансамбль, в состав которого входили Мамадазизов М., Завқибеков Г., Маликов М., Ҳиматшоев К., Суробшоев М., Додихудоев Д., Махсутшоева Б., Рамазонов М., Муъминшоев Д., Давлатшоев К., Тайғуншоев Ш., и др». (6). В 40-е годы режиссёром в Хорогском облтеатре работал В. С. Смирнов – организатор и руководитель детско-этнографического Памирского ансамбля, который с огромным успехом выступил на декаде Таджикского искусство в апреле 1941 года в Москве» (саҳ. 149).
Вале аз суҳбат бо устод Алиризо Раҳмонқулов бармеояд, ки ҳанӯз соли 1940 бо пешниҳод ва ташаббуси режиссёр Виталий Смирнов, роҳбари бадеӣ Ғуломҳайдар Ғуломалиев, роҳбари мусиқӣ ва балетмейстер Мамадназар Ҳотамов Ансамбли бачагонаи Помир ташкил гардидааст, ки моҳи апрели соли 1941 дар аввалин Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар Театри калони СССР –и шаҳри Москва баромад намуда, тамошобинонро мафтуни ҳунарнамоии хеш сохтааст.
Аввалҳо ин ансамбл Ансамбли тарона ва рақси Помир ном дошт. Дар эълонҳои солҳои 40-уми асри гузашта Ансамбли бачагонаи тарона ва рақси Помир навишта мешуд. Дертар номи Ансамбли этнографии бачагонаи Помирро гирифт. Консерти аввалини ин ансамбл 20 июни соли 1940 дар Театри тобистонаи Боғи ба номи М.В. Фрунзеи шаҳри Сталинобод доир гардидааст.
Баъди иштрок дар даҳаи нахустин роҳбарони ансамбл ва баъзе аз аъзои он бо ордену медалҳои СССР қадрдонӣ шуданд. Худи Ансамбли этнографии бачагонаи Помир сазовори байрақи «Пешқадамони санъат» гардид.
Бо тавсияи роҳбарони онвақтаи Ҳукумати Советӣ аъзои ансамбл бояд барои истироҳат ба лагери умумииттифоқии Артек мерафтанд. Вале баъди ду моҳи даҳа Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт ва аъзои ансамбл муваққатан то соли 1944 ба кружокҳои ҳаваскорони мактабҳову театр тақсим шуда, ҳунарнамоии хешро давом доданд.
Соли 1944 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Даҳаи адабиёт ва санъати халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон гузаронида шуд. Аз Тоҷикистон дар ин даҳа, дар баробари санъаткорони маъруфи тоҷик, ҳунармандони Ансамбли этнографии бачагонаи Помир иштирок карданд. Дар ҷамъбасти даҳа ансамбл Лауреати Даҳаи адабиёт ва санъати халқҳои Осиёи Миёна дониста шуд.
Ба аъзои ансамбл туҳфаҳои хотиравӣ доданд. Роҳбари бадеии ансамбл Ғ. Ғуломалиев, Олга Смирнова ва роҳбари гурӯҳи санъаткорони тоҷик, мушовири калони Раёсати санъати РСС Тоҷикистон Мирсаид Миршакар бо соати тиллоии кисагии номнавис сарфароз гардиданд.
Дар бозгашт бошад, ба иштирокчиён — аъзои ансамбл Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (бо имзои М.Шогадоев) супорида шуд.
Бояд қайд кард, ки ҳайати ансамбл солҳои 1940-1944 аз ҳисоби наврасони боистеъдод ва ҳунарманд борҳо иваз ва мукаммал шудааст. Маҳз дар заминаи Ансамбли этнографии бачагонаи Помир соли 1955 ансамбли нав – Ансамбли тарона ва рақси Помир ташкил ёфт, ки он мебоист соли 1957 дар Даҳаи дувуми адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва Тоҷикистонро муаррифӣ кунад.
Элбон Ҳоҷибеков менависад: «К сожалению, в определённой стадии знаменитый ансамбль Памир был забыт со стороны руководителей области и даже республики. Но после избрания 24 мая соли 1956 г. на должность Т.Улджабаева Первым Секретарем ЦК КП Таджикистана, и Н. Додхудоева на должность Председателя Президиума Верховного Совета Таджикистана, работа ансамбля снова оживилось. По решению Председателя Совета Министров Таджикской ССР был организован Ансамбл песни и пляски «Памир». Его главным руководителем был назначен Г. Гуломалиев, а хореографом М. Хотамов» (саҳ. 149).
Ба маълумоти профессор Элбон Ҳоҷибеков мерасонам, ки ансамбли номбурда ҳеҷ гоҳ аз мадди назари роҳбарони вилоят ва ҷумҳурӣ дар канор набуд ва фаромӯш ҳам нашуд. Ансамбл дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок мекард.
«Ҳайати ансамбл иборат аз 60 кас, пас аз машқу тайёрӣ тирамоҳи соли 1956 ба шаҳри Душанбе (он вақт Сталинобод) омадем.
Ансамблро ба тариқи расмӣ дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба қайд гирифтанд. Роҳбари бадеии он Артисти халқии РСС Тоҷикистон Ғ. Ғуломалиев ва Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Виталий Смирнов, балетмейстерҳо М. Ҳотамов ва Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон А. И. Протсенко, режиссёр А. Раҳмонқулов, роҳбари мусиқӣ Ҳ. Бандишоев, хормейстрҳо А. Шарифов ва З. Трохина, барандагон А. Раҳмонқулов, Х. Майбалиев ба забони тоҷикӣ, О.Орифов ва А. Шодмонова бо забони русӣ тасдиқ гардиданд». (Рӯзномаи «Садои мардум», 9 январи соли 2007, № 2 (2089) саҳ.3)
Дуруст аст, ки котиби якуми Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев нисбат ба ансамбл ва аъзои он ҳамеша ғамхорӣ зоҳир мекард. Ҳатто барои расман ташкил кардани он ба шаҳри Москва сафар карда, назди Котиби КМ КПСС М.А. Суслов медарояд. Шахсан дар консертҳои ин ансамбл иштирок карда, маслиҳатҳои муфид медод.
Вале Элбон Ҳоҷибеков барҳам додани Ансамбли тарона ва рақси Помирро ба Пленуми 12 апрели соли 1961 нисбат дода навиштааст:
«После Пленума ЦК КП Таджикистана и снятие (12 апреля 1961г.) Т. Улджабаева с должности первого секретаря республики (Н. Додхудоева с должности Председателя Совета Министров республики. –Э.Х.) ансамбль «Памир» распался.
Первый зам.Министра культуры Тадж. ССР Рустамова Тамара Нарзуллаевна, опираясь на Решение Совета Министров СССР «О сокращение культурно-просветительный организации» ликвидировала Ансамбль песни и пляски «Памир» при Госфилармонии Тадж. ССР. Руководитель ансамбля «Памир» Г. Гуломалиев через 2-3 дня завершения пленума ЦК вдруг скончался в купе поезда Душанбе — Москва» (саҳ. 150).
Аввалан, ансамбли мазкур баъди пленуми «таърихии» апрелӣ барҳам нахӯрд. Ансамбл то соли 1962 фаъолият дошт. Фақат баъди пленум 19 апрели соли 1961 роҳбари бадеии Ансамбли тарона ва рақси Помир Ғуломҳайдар Ғуломалиев ногаҳон вафот кард. Ансамбл якчанд муддат бе роҳбар монд. Ҳунарпешаи театри Лоҳутӣ Алиназар Хоҷаевро роҳбари бадеии ансамбл таъин карданд. А. Хоҷаев актёри боистеъдод буд, аммо роҳбарии ансамбли 60 — нафара барояш вазнинӣ кард.
Ансамблро он солҳо танҳо Мамадназар Отамов метавонист аз парокандашавӣ наҷот диҳад, аммо ӯ бо сабабҳои оилавӣ дар зодгоҳаш монд. Дар фикри касе ҳам набуд, ки устод Отамовро ба Душанбе даъват карда, роҳбарии ансамблро бар уҳдааш гузоранд.
Устод Меҳрубон Назаровро ҳамон сол барои ташкил кардани театри миллӣ ба Афғонистон фиристода буданд, вагарна эшон низ метавонистанд ин ансамблро нигоҳ доранд.
Соли 1962, яъне як сол пас аз пленуми «таърихӣ», мутобиқи Қарори Совети Вазирони СССР «Оид ба ихтисор кардани муассисаҳои маданӣ — маишӣ» ва «дастгирӣ»-и муовини вазири маданияти РСС Тоҷикистон Тамара Рустамова театрҳои мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва як қисми Театри вилоятии Хоруғ, инчунин Ансамбли тарона ва рақси Помири назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон барҳам дода шуданд.
Хатогии ҷиддӣ ва нобахшидании Элбон Ҳоҷибеков дар он зоҳир шудааст, ки дар мақолаи «илмиаш» чунин хулоса кардааст:
«Из анализа статьи явствует что, ансамбль «Памир» создал его главный руководитель В.С.Смирнов, начиная с 1940 то 1957 гг. но высокое звание «Народный артист СССР», получил Г.Гуломалиев назначенный на эту должность только в 1957г».
Ба гуфти Э. Ҳоҷибеков, гӯё Виталий Смирнов аз солҳои 1940 -1957 боз ансамблро ташкил карда, роҳбари асосии он буду Ғ.Ғуломалиев дар ин вазифа танҳо соли 1957 таъин шуда, унвони баланди «Артисти халқии СССР»-ро гирифт.
Ин андешаҳои бемантиқ ва ғаразнок на танҳо олимони рус, балки муҳаққиқони таърих ва санъати тоҷикро низ ба иштибоҳ мебаранд. Наход ин олими «фарҳангшинос» боре китоб ва мақолаҳои бахшида ба ин ансамбли овозадорро нахонда бошад?!
Наход, ки дар ин мавзӯи муҳим мақолаи «илмӣ» навишта, боре китоби пурарзиши Меҳрубон Назаров – «Санъати халқи тоҷик» (Сталинобод, Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1961)-ро варақ назадааст?
Нигаред ба китоби М. Назаров: «Аввалин шахсе, ки аз байни ҷавонони маҳаллӣ гитаранавозиро омӯхт, марҳум Ғуломҳайдар Ғуломалиев буд. Оҳиста-оҳиста Ғуломалиев навохтани ҳамаи асбобҳои мусиқиро ёд гирифт. Вай дар маркази райони Рӯшон кружоки ҳаваскорони бадеӣ ташкил намуд.
Аз соли 1930 сар карда, Ғуломалиев бевосита ба ҳамин кружок роҳбарӣ мекард…
Президиуми Совети Олии СССР хизматҳои Ғуломалиевро ба назар гирифта, ба ӯ номи Артисти халқии СССР-ро дод. Рафиқ Ғуломалиев асосгузор ва ташкилотчии Ансамбли тарона ва рақси Помири назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд» (саҳ.160-162).
Ба таваҷҷуҳи профессор Элбон Ҳоҷибеков мерасонем, ки яке аз бунёдгузорони санъати касбӣ дар Бадахшон Ғуломҳайдар Ғуломалиев ҳанӯз аз соли 1930 дар клуби деҳаи Вамари ноҳияи Рӯшон ба фаъолияти ташкилотчигӣ ва оҳангсозӣ оғоз кард.
Бори нахуст 15 феврали соли 1931 санъаткорони Помир ба Слёти ҷумҳуриявии ҳофизон, мусиқачиён, шоирон ва раққосону масхарабозон иборат аз даҳ нафар ба шаҳри Сталинобод омаданд, ки дар байни он Ғуломҳайдар Ғуломалиев низ буд.
Баҳори соли 1936 бошад, дастаи ҳунарии санъаткорони Рӯшон бо роҳбарии Ғ. Ғуломалиев ба аввалин Олимпиадаи санъаткорони умумииттифоқ ба шаҳри Москва сафар карданд. Дар байни онҳо Савсан Бандишоева, Сабзаҷон Шоисмоилова, Файз Ҷорӯбов, Қирғизбегим Ғарибшоева ва дигарон буданд.
Ниҳоят, Ансамбли этнографии бачагонаи Помир зери роҳбарии Ғ. Ғуломалиев ва В. Смирнов соли 1941 ба нахустин даҳаи тоҷикон ба шаҳри Москва сафари ҳунарӣ доштанд. Ба ибораи дигар, заминаи ин ду ансамблро устодон Ғ.Ғуломалиев ва М.Отамов ҳанӯз аз солҳои сиюм гузошта буданд. Заҳматҳои устод Ғуломҳайдар Ғуломалиев ҳанӯз соли 1946 бо унвонҳои Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон ва соли 1955 Артисти халқии РСС Тоҷикистон қадр шуд.
Мо хизматҳои Виталий Смирновро ҳеҷ гоҳ нодида намегирем. Дар масъалаи ба санъати касбӣ (профессионалӣ) наздик кардани ин ду ансамбл, албатта, саҳми ӯ хеле назаррас аст. Ҳукумати РСС Тоҷикистон заҳматҳои Виталий Смирновро ҳанӯз соли 1945 бо унвони Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон қадр карда буд. Дар барномаҳои консертӣ дар баробари номи Ғ. Ғуломалиев ҳатман номи Виталий Смирнов чун роҳбарони ансамбл сабт меёфт.
Пас хизматҳои оҳангсозон Фозил Солиев, Шариф Бобокалонов, И.И. Рогальский, балетмейстер А.И. Протсенко, хормейстерҳо Нарзулло Шарифов, Р.Узоқов, Зоя Трохина ва дигаронро низ қайд намудан зарур аст. Зеро заҳмати ҳар кадоме аз онҳо дар таъсис ва ташаккули ин ду ансамбли овозадор хеле бузург аст.
Аз ин рӯ, маълумоти кофӣ надошта, аз мутахассисони соҳа маслиҳат напурсида, бо худхулосабарории беасос дар мақолаи «илмӣ» шаъну шарафи шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳуриамонро дар мисоли Ғуломҳайдар Ғуломалиев паст задан худ хуб нест.
Ниҳоят, дар тавзеҳоти маҷалла омадааст:
«Примичание 2.«Но, согласно устным сообщениям бывших работников культуры и старожилов ГБАО автору этих строк будь то «народный артист СССР Гуломалиев Г. имел тесный связь с ЦК КП Таджикистана и сразу после пленума ЦК КП Таджикистана (апрель 1961) боясь ареста, хотел укрыться в г.Москвы. Но 19 апреля 1961 г. принимал опиум в купе поезда Душанбе-Москва скончался в Подмосковье. Его тело было перевезено в г.Душанбе и передано земли» (саҳ.151).
Наход олим ба суханҳои аз даҳони шахсони тасодуфӣ садодода ё ба қавли худатон «ветеранҳои санъат» такя кунад?
Наход бо як мақолаи кӯчак шаъну шарафи яке аз поягузорони санъати касбии тоҷик, устоди даҳҳо санъаткори шинохтаи Тоҷикистон, Артисти халқии СССР Ғ.Ғуломалиевро зери шубҳа қарор диҳед ва таҳқир кунед?! Агар мақолаи банда «Фоҷиа дар вагон» (Ё таърихи як қурбонии навбатии Пленуми апрелии соли 1961 дар шаҳри Душанбе, «Садои мардум», 28 феврали соли 2009, № 28-29 (2404-2405) саҳ. 6)-ро мехондед, шояд андешаҳоятон дигар мешуд. Ман ҳам аз забони мардум, лаққиҳои кӯча гапҳои зиёде шунидаам, ҳамаашро ба мизони ақл кашида, пас «Фоҷиа дар вагон»-ро навиштам:
«…Вақте ки дар шаҳри Душанбе Пленуми фавқулодаи КМ ПК Тоҷикистон бо иштироки узви Бюрои КМ КПСС Фрол Романович Козлов гузашт, ҳамаро ҷазои сахт доданд ва аз аъзогии ҳизби коммунист хориҷ намуданд, Ғуломҳайдар Ғуломалиев бо аъзои ансамбл аз сафари ҳунарии шаҳру вилоятҳои РСФСР (ҳоло Федератсияи Россия) баргашта, дар шаҳри Москва интизори поезди «Москва-Душанбе» буданд. Яке аз «дӯстон»-и Ғуломҳайдар мегӯяд:
- Устод, дар Сталинобод (ҳоло Душанбе) ҳамаи калонҳо – Ӯлҷабоеву Додхудоевро аз вазифа гирифта, ҳабс карданд. Мегӯянд, ки ҳамсафони онҳоро ҳам пурсупос доранд. Ансамбли шумо низ бо дастгирии Ӯлҷабоев ташкил шуд. Шояд шуморо ҳам ба «допрос» даъват кунанд…
Ғуломҳайдар Ғуломалиев, ки табиатан инсони хеле сода ва зудбовар буд, ин хабари нохушро ба дил гирифта, чанд рӯз малол мегашт…
…. Яке аз шогирдон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев нақл кард, ки до Ғуломҳайдар (до ба забони рӯшонӣ тағо) хеле рӯҳафтода ва маъюс буд…
… Мо шаш моҳ сафари ҳунарӣ доштем ва то шаҳри Мурманск рафтем. Баъди сафар муддате дар вокзали Курски шаҳри Москва дар вагонамон (вагони муҷаҳҳази немисӣ, ки мисли хонаи истиқоматӣ шароити хуб дошт Т. Н.) зиндагӣ мекардем. Ману Назархудо Амонбеков дар Москва каме сайругашт карда, ба вагон баргаштем ва мошини «Ёрии таъҷилӣ»-ро дидем. Тозон вориди вагон шудем ва до Ғуломҳайдарро беҳуш дарёфтем. Духтурон ӯро зуд ба беморхонаи ёрии таъҷилии ба номи Н. В. Склифасовский бурданд. Устод ҳанӯз зинда буд. Дар беморхона духтурон муайян карданд, ки вай заҳролуд шудааст…
Дигар дорую дармон фоида набахшид. 19 апрели соли 1961 роҳбари бадеии Ансамбли тарона ва рақси Помир, Артисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев дар Беморхонаи ёрии таъҷилии ба номи Н.В.Склифасовскийи шаҳри Москва вафот кард.
…Рӯзи дигар писараш Давлатшо ва яке аз шогирдони вафодораш, Артисти халқии РСС Тоҷикистон Гурминҷ Завқибеков ба Москва омада, бо кумаки раиси комиҷроияи шаҳри Сталинобод Нор Бобоҷонов ҷасади Ғуломҳайдар Ғуломалиевро бо самолёт ба шаҳри Душанбе оварда, бо эҳтироми зиёд ба хок супориданд».
Тавре ки мебинед, устод дар шаҳри Москва, дар яке аз беморхонаҳои машҳури давлатӣ вафот кардааст ва Ҳукумати РСС Тоҷикистон нагузоштааст, ки устодро дар ғарибӣ ба хок супоранд.
Биноан, профессор Ҳоҷибеков бояд андешаҳои муаллифонро таҳлил карда, хулосаи илмии худро мебаровард. Агар мақсади навиштани мақола сабабҳои ташкилшавӣ ва барҳам додани ансамбл бошад, оё зарур буд, ки масъалаи унвонгирӣ ва вафоти устод Ғ.Ғуломалиевро дубора хотиррасон кунед?
Ин гуна мақолаҳоро мақолаҳои ғаразнок меноманд.
Аввалан, мақолаи «олим» ба номаш «Из истории созидания и распада ансамбля песни и пляски «Памир» в Республике Таджикистан (1940-1961г.г)» мувофиқ нест, зеро муаллиф дар он сабабҳои ташкил ва барҳам хӯрдани ҳар ду ансамблро нишон дода натавонистааст.
Баъдан, масъалаи сарфароз гардонидани Ғ.Ғуломалиев бо унвони Артисти халқии СССР-ро зери шубҳа гузоштааст.
Ниҳоят, солҳои охири ҳаёти устодро, махсусан сабаби фавташро, нодуруст нишон додааст, агарчӣ ба сарчашмаҳо ишора карда бошад ҳам.
Ҳайф аст, ки ҷумҳурии моро дар маҷаллаи бонуфузи илмии «Успехи современной науки»- и Федератсияи Россия Элбон Ҳоҷибеков барин олимон, ки аз таърихи санъати тоҷик хуб огоҳӣ надоранд, муаррифӣ мекунанд. Сад ҳайф…
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»