Шанбеи гузашта дар толори қасри «Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба гиромидошти адиби маъруф, шодравон Аброри Зоҳир чорабинии адабӣ баргузор гардид. Дар он олимон, адабиётшиносон ва рӯзноманигорони шинохта аз ҳаёт ва фаъолияти адиби ормонӣ сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки агар кас як асари Аброри Зоҳирро хонад, дар ҷустуҷӯйи асари навбатиаш мегардад.
Тарзи зисти яҳудони Душанбе, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, муқаддасоти обу хок, рӯзгори парешони мутафаккирони тоҷик, вазъи сиёсиву иҷтимоии замони қабл аз инқилоб ва ғайра аз мавзӯъҳое мебошанд, ки повесту романҳои нависандаро хонданӣ гардонидаанд.
Ӯ сермаҳсултарин намояндаи адабиёти замони истиқлол ба шумор меравад, ки дар асарҳояш вазъи замон ва мавзӯъҳои байналмилалиро ҷой додааст. «Ибни Лодан», «Арсаи набарди гургон», «Мотами гурбаи сиёҳ», «Қасидаи зери теғ», «Охирин сайди сайёд» аз зумраи онҳост.
- Аброри Зокир бо сабку услуби нав эҷод мекард ва комёб гашт. Сухани латифро дӯст медошт. Чуноне ки худи ӯ мегуфт: «Ман ба арвоҳи безабон тавассути пандномаи пур аз эҳсос сухан мегӯям. Маро таҳсин гӯй, ки сухани латифро дӯст дорам. Агарчӣ мурдаям, ман онро мешунавам» – ин баҳои воқеие буд, ки профессор Иброҳим Усмонов ба номбурда дод.
Адиби ормонӣ тӯли умри кӯтоҳ, вале бобаракат зиёда аз 50 асар эҷод кардааст. Аз рӯи асарҳои ӯ филмҳои бадеию телевизионии «Моҷарои рӯзи ид» (2000) «Гирдоб» (2002), «Муҷассамаи ишқ» (2004), «Моҷарои хурд дар шаҳри калон» (2005), «Беназир» (2006), «Хокпайванд» (2009) ва чанде дигар ба навор гирифта шудаанд.
Нависанда бо номи мустаори Олмуҳаммад Шариф китобҳои «Гули моҳтоб», «Бодоми осемасар», «Дунёи афсона» ва «Ҳадя»-ро дар рӯзҳое эҷод кард, ки бемори вазнин буд. Истеъдоду маҳорати фавқулодааш аҳли фарҳангро водор кард, то ёд аз ӯ кунанд. Аброри Зоҳир нав мегуфт, нав меҷуст то маҳсули заҳмати зеҳнияш обшуста набошад. Рӯҳи миллиро баланд бардошт. Номи ӯ бо эҷоди мавзӯъҳои нав вирди забонҳо гардид.
Дар хотима филми мустанад оид ба ҳаёту фаъолияти зиндаёд Аброри Зоҳир манзури аҳли нишаст гардид.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»