Шаҳиди роҳи ҳақиқат

№7 (4269) 19.01.2021

вввБа касе пӯшида нест, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта, ки аҳолии Тоҷикистон нав шаҳди истиқлолиятро мечашиданд, аъзои ташкилоти террористии собиқ ҳизби наҳзати ислом баҳри ноором сохтани вазъ дар кишвар ва расидан ба ҳадафҳои нопокашон ба иғвогарию дасисабозӣ, бедодгарӣ ва куштори зиёиён, донишмандон ва шахсони маъруфи кишвар, ки зидди ақидаҳои ифротии онҳо буданд, даст заданд. Дар қатори равшанфикрону озодихоҳони Тоҷикистон, рӯзноманигори варзида ва ҳақиқатгӯ Зикрулло Валӣ низ аз дасти разилони наҳзатӣ қурбон шуд.

Зикрулло Валӣ соли 1956 дар деҳаи Қарамандии ноҳияи Ғозималик (Хуросон)-и вилояти Қӯрғонтеппа (Хатлон)  ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба омӯзгорӣ машғул буд. Азбаски қобилияти рӯзноманигорӣ дошт, чанд сол дар шуъбаи ӯзбекии рӯзномаи «Ба пеш»-и ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ), баъдан аз соли 1979 дар рӯзномаи «Совет Тожикистони» (ҳоло «Халқ овози») фаъолият намуд. Он барои  Зикрулло Валӣ ҷойи муқаддас маҳсуб  меёфт ва то лаҳзаи  охирини ҳаёт  дар ин рӯзнома фаъолият дошт. Пайваста эҷод мекард ва дар 36-солагӣ се китоби ӯ -  «Саъдиёна», «Тавалло» ва «Ҳаёт чорроҳаси» нашр шуданд. Аз соли 1987 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Номбурда рӯзноманигори боистеъдод, қавиирода ва ба касб содиқ буд. Ҳамеша ҳақиқатро бозгӯӣ намуда, ақидаҳои ифротиро маҳкум мекард. Тавассути нашри матлабҳои ҷолиб ниятҳои нопоку хунхоронаи разилони наҳзатиро ошкор месохт.  Нотавонбинон ин ҳамаро таҳаммул карда натавонистанду гурӯҳи яроқноки Раҳматулоев Салим, Ҷононов Аваз, Бойматов Бурӣ ва дигарон моҳи декабри соли 1992 вориди деҳаи Қарамандӣ шуда, Зикрулло Валиро ҳамроҳи падараш аз хона бароварда, дуртар аз манзили истиқоматиаш, дар ноҳияи Хуросон, ваҳшиёна ба қатл расониданд.  Ҳамон шаб хоҳар ва язнаи Зикрулло низ аз дасти ин қотилони наҳзатӣ ба ҳалокат расиданд.

Таърих гувоҳ аст, ки аз бедодгариҳои он террористон  шахсиятҳое қатл гардида, ҷаҳонро тарк карданд, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он нуфузи зиёд доштанд. Ноҷавонмардони наҳзатӣ, дар баробари талаву тороҷи мардуми одию заҳматкаш, олимону зиёиён ва рӯзноманигорону сиёсатмадоронро ба қатл расонида, чароғи илму маърифатро дар кишвар хомӯш карданӣ буданд. Ҳарчанд амалҳои ваҳшатангезу хатарноки онҳо хотима ёфта бошад ҳам, вале захми он ҳанӯз дар синаи миллат боқист.

Зикрулло Валиро ҳоло ҳама бо некӣ ёд мекунанд. Ёди ӯ дар дилу дидаи ҳамкасбону дӯстон абадист.

Солеҳамоҳ АБДУЛЛОЕВА,

сармуҳаррири рӯзномаи «Хуросон»-и ноҳияи Хуросон