Дар ҳошияи сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Роғун
Имрӯзи мойӣ Роғун,
Фардойи мойӣ Роғун,
Рӯйи ҷаҳон надидам,
Ҳамто ба пойӣ Роғун.
Эй шаҳри нури ваҳдат,
Шаҳри зуҳури ваҳдат,
Рӯзе навишта гардад,
Ин ҷо «Забур»-и ваҳдат.
Қавмест қавӣ ирода,
Дар ҷабҳаҳо ситода,
Армони рафтагонро,
Месозад ӯ пиёда.
Шаъни диёри Тоҷик,
Ҳам ифтихори Тоҷик,
Дар соли умри миллат,
Ҳастӣ баҳори Тоҷик.
Эй шаҳри нангу номус,
Эй шаҳри ваҳдатомӯз,
То ҷовидон бимонӣ,
Чун рамзҳои Наврӯз.
Имрӯзи мойӣ Роғун,
Фардойи мойӣ Роғун,
Рӯйи ҷаҳон надидам,
Ҳамто ба пойӣ Роғун.
Диловари Мирзо, «Садои мардум»