Ё нақлҳои хотирмони модар аз таърихи пайдоиши суманак
Фасли баҳор тантана дошт, шамоли форам ба кас ҳаловат мебахшид. Субҳгоҳон бӯйи муаттари гулу гиёҳҳо ба машом мерасид. Аз вазидани шамоли баҳорӣ дарахтон ва гиёҳҳои навруста мерақсиданду хушҳолӣ мекарданд. Дар чунин як аз субҳи ин фасли зебо садои баланди оғӯраккӯбӣ ба гӯшам расид. Ба саҳни ҳавлӣ баромадам. Дидам, ки модарам ҳамроҳи ду ҳамсоязан рӯйи ҳавлӣ болои гилеми худбофти миллӣ якчанд табақи пур аз гандуми сабзонидашударо мекӯфтанд. Аз модарам кунҷковона пурсидам, ки ба чӣ кор машғуланд? Дар ҷавоб гуфтанд: Наврӯз меояд, суманак мепазем.
Модарам бо ҳамроҳонаш баробари кӯфтани сабзаи суманак дар бораи пайдоиши ин рамзи наврӯзӣ ривоятеро нақл карданд:
- Дар бораи пайдоиши суманак нақлу ривояти зиёд то ба рӯзгори мо расидааст. Ҳанӯз дар замонҳои қадим одамон барои раҳоӣ аз гуруснагӣ ҳар гуна хӯрок омода мекарданд. Қабилае дар баландкӯҳҳо умр ба сар мебурданд. Онҳо дар фасли баҳору тобистон бо киштукор машғул шуда, ҳосили бадастовардаашонро зимистон истеъмол мекарданд. Соле барои ин қабила хушксолӣ омад. На ғаллаи кофӣ ба даст оварданду на кишти зироат хуб шуд. Баҳор нарасида захираи зимистонӣ ба итмом расид. Ҳама аз гуруснагӣ азият мекашиданд. Мардум интизори боридани борон буданд. Дар миёни ин қабила модаре ёздаҳ фарзанди хурдсол дошт. Кӯдаконаш аз шиддати гуруснагӣ мегиристанд. Модар дигар тоқати шунидани гиряи кӯдаконашро надошт. Маҷбур шуд сабзаи аз гандум рустаро дар деги калон андохта оташ даргиронда, як навъ таом омода кунад. Оташро баланд кард, хӯроки номаълум даруни дег меҷӯшид. Тифлаконаш гурусна хоб рафтанд. Модар низ аз кафча задани деги хӯрок хаста шуда, хобаш бурд. Субҳи барвақт қатраҳои борон ӯро аз хоб бедор кард. Бошитоб ба даруни дег назар карда дид, ки хӯроки атоламонанди қаҳваранг омода шудааст. Онро аз дег кашида чашид, шириниро ҳис карда, дар ҳайрат монд. Зуд дар косаҳо аз ин хӯрок ба кӯдаконаш дода, онҳоро ба ин восита аз гуруснагӣ раҳонид.
Сипас, модарам бо ҳамроҳонаш нақлашонро оиди суманакпазӣ дар рӯзҳои баргузории Наврӯз идома доданд:
- Дар сарзамини куҳанбунёдамон суманакпазӣ аз анъана ва суннатҳои наврӯзӣ маҳсуб меёфт. Онро асосан бонуҳои оқилаву кордон омода мекарданд. Гандумро дар оби тоза ё оби борон тар карда, се шабу се рӯз нигоҳ медоштанд. Ҳамин ки гандум неш баровард, онро дар табақҳо ҳамвор карда, рӯяшро мепӯшониданд. Ҳар вақте борон меборид, табақҳои суманакро ба берун бароварда, зери борон мегузоштанд, баъд аз борон оби зиёдатии онро полида, боз дар хонае, ки каси бегона он ҷо надарояд, мегузоштанд. Кӯшиш мекарданд сабзаи гандумро ба ғайр аз шахси нигоҳубинкунанда каси дигар набинад. Ҳатто дар вақти пухтани суманак ба сари дег омадани шахси бегона низ манъ будааст.
Дар рӯзи суманакпазӣ чор-панҷ зани ҳамсоя бегоҳӣ барои машварат ҷамъ шуда, сурфа боз кардаву сабзаҳоро гузошта, онро зиёрат мекарданд. Сипас, ояте аз Қуръони карим тиловат карда, ба ҳаққи пири пухтагар дуо мехонданд, сабзаҳоро бурида, ба дег андохта, алав мекарданд ва бо навбат дегро мекофтанд. Аз рӯйи анъана, дар дег ҳафт сангча меандохтанд, ки он рамзи бобаракат шудани солро ифода мекард. Занҳои суманакпаз шаб назди дег нишаста, барои он ки хобашон набарад, афсонагӯӣ, рӯбоихонӣ ва байтбарак мекарданд. Суманак то дамидани субҳ пухта мерасид ва аввалин шуда пазандагони он даҳон ширин мекарданд. Дар бисёр мавзеъҳо ба ғайр аз суманаки дегӣ, инчунин, суманаки танӯрӣ низ омода мекунанд. Умуман, дар айёми иди Наврӯз чор навъи суманак: дегӣ, танӯрӣ, бирёнӣ ва атолагӣ омода месозанд. То ҳол дар деҳоту шаҳрҳо ба дастурхони наврӯзӣ аввал ҳама намуди суманаки пухташударо гузошта, сипас бо хӯришҳои гуногуни ҳафтсину ҳафтшин онро оро медиҳанд. Аксари расму оин ва анъанаву суннатҳои қадимаи Наврӯз дар минтақаҳои кишварамон маъмулу побарҷост.
Бо шунидани нақлу ривоятҳо дар бораи суманак аз бегоҳ шудани рӯз бехабар мондем. Модарам бо ҳамроҳонаш дегҳои калонро барои пухтани суманак омода карда, онро дар майдончаи пушти хонаамон, ки ҳар сол иди Наврӯз баргузор мешавад, гузоштанд. Ҷавонон дегҳоро бо ҳезум таъмин карданд. Алави таги дегҳо баланд шуд. Кӯфтаи сабзаи гандумро ба дегҳо андохтанд ва тахминан баъди гузаштани ду соат кафчазанӣ оғоз шуд. Духтарони қадраси маҳалла майдони баргузории ҷашнро оро медоданд.
То дамидани субҳ, ки оғози Наврӯзи ҳуҷастапай буд, суманак пухта расид. Гурӯҳи дигари бонуҳои маҳалла субҳи барвақт аз ҳар хонавода орду гандум ҷамъ оварда, дар чанд деги дигар оши бурида, гандумкӯча омода карданд. Дар майдон ҳам барои занону духтарон ва ҳам барои ҷавонписарону мардҳо беҳтарин хони идонаи наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин оростанд.
Дастархони идона бо баромадани офтоби шуълавар омодаи қабули аҳли маҳалла буд. Падарам дар як тараф мардҳоро ва модарам аз тарафи дигар занону духтаронро пазироӣ карданд. Баъд аз чанд лаҳза модарам ману боз чанд нафар ҳамсолонамро барои чашидани суманак ба назди дег даъват кард. Баъди чашидани он лаҳзае дар ҳайрат мондем: чӣ тавр аз гандуми наврӯста метавон ширинтарин ғизо омода кард?
Ман он рӯз ва суҳбатеро, ки бо модарам доштам, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозам. Тантанаи наврӯзӣ он рӯз то шомгоҳ давом карда, гурӯҳи ҳунарии хонаи маданияти деҳот бо шеъру тарона ва сурудҳои дилнишин табъи мардумро хуш гардониданд.
Оре, шаҳомату бузургии Наврӯз ва меҳри онро дар даврони шуравӣ аз дили мардум дур карда натавонистанд. Наврӯз аз тақвимҳои расмӣ бароварда шуда бошад ҳам, дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хоса дошт. Онро бо номи иди деҳқон, иди оғози киштукор, сайри лола ва ғайра ҷашн мегирифтанд. Баъд аз солҳои 60-уми асри ХХ бо ҷоннисориҳои равшанфикрони тоҷик он аввал бо номи сайри гули лола, сипас бо номи таърихии худ эҳё гардид.
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба иди Наврӯз додани мақоми иди миллӣ ва чаҳор рӯзи аввали онро рӯзҳои истироҳат эълон намудан, мутаассил дар пойтахти мамлакат ва дар минтақаҳои кишвар бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор намудани тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи файзи истиқлолияти кишвар ва сиёсати созандаи Сарвари давлати тоҷикон мебошад. Имрӯз Наврӯз ҳамчун иди миллӣ бо шаҳомати барояш арзанда таҷлил мешавад.
Кош модари ба дилу ҷон баробарам дар ҳаёт мебуданду ҷашни боҳашамати Наврӯзи воқеии даврони соҳибистиқлолии кишварамонро медиданд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»