«Шаби Бурвеҷ» дар Ёгед

№30 -31 (3667 - 3668) 18.03.2017

Шаби бурвечНоҳияи Дарвоз яке аз гӯшаҳои зеботарини ҷумҳурӣ ба шумор рафта, бо таърихи пурғановат ва манзараҳои нотакрор машҳур аст. «Шаби Бурвеҷ» яке аз он идҳост, ки мардуми ин диёр дар ҷашни Наврӯз қайд мекунанд.

Ин маросимро танҳо дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз ҷашн мегиранд.

Дар даврони Ҳокимияти Шӯравӣ ҷашн гирифтани ҳар гуна маҳфилу маросимҳои миллӣ, бахусус Наврӯз, мамнӯъ буд, аммо дар Ёгед ошкору ниҳон ин ҷашни аҷдодиро бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз мегирифтанд. Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки бо саъю талоши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.

Шаби бистуми март, ки «Шаби Бурвеҷ» ҷашн гирифта мешавад, мардум баъди ғуруби офтоб пеш аз иҳтифоли ин шаб як қатор анъанаро анҷом медиҳанд. Ба мисли мӯйсафедони баруманди деҳа ба аёдати беморон рафта, дар ҳаққи онҳо дуо менамоянд. Занҳо таоми миллӣ, аз ҷумла оши палав, ширҷӯш, ширбиринҷ, қурутоб, ширравған ва ғайра таҳия намуда, кӯдакон то шурӯъ шудани ҷашн саргарми бозӣ мешаванд. Кӯдакон либос ё тоқии куҳнаро аз худ дур намуда, дар иваз либос ё тоқии нав ба бар мекунанд, ки ин анъанаро «Кли-кли» ном мебаранд. Зеро нав буридан ва пӯшидани сару либос аз расму русуми қадимии Наврӯз мебошад. Баъди анҷоми ин кор ба хонаи хешу табори наздик орд ва тухм мебаранд, ки ин маросим бо номи «Ордбарӣ» маъруф аст. Орди сафед рамзи бахту иқболи сафед, серию пурӣ ва баракат аст. Бо ин ба якдигар орзу мекунанд, ки то Наврӯзи дигар дар хонадони онҳо баракат, серию пурӣ ва сулҳу амонӣ ҳукмфармо бошад.

«Шаби Бурвеҷ» талқинкунандаи маърифату худогоҳӣ, афв буда, ботини инсонро таровату покизагӣ ва ҷисмашро неру мебахшад.

Як ҳафта қабл аз омадани Наврӯз мардуми ин маҳал хонаҳоро аз гарду ғубор тоза намуда, ба ин васила сиёҳиро берун карда, ба манзил ё хона сафедӣ ворид менамоянд. Ин анъанаи наврӯзӣ «Дударӯв» ном дорад ва ҳангоми тоза кардан чунин байтро замзама менамоянд:

Наврӯз дар он ҷост, ки аз кина асар нест,

Наврӯз ҳамон ҷост, ки ёрон ҳама ҷамъанд.

Вижагии дигаре, ки дар «Шаби Бурвеҷ» аст, ин одамоне, ки бо ҳам сахт душманӣ доштанд, ҳамдигарро бахшида, ба оғӯш мегиранд. Бонувоне, ки дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ аз хонаи шавҳар қаҳр карда рафтаанд, дар ин шаб ба хона  бармегарданд. Ҳар ҷавони хуштолеъ, ки дар ин шаб ба хостгории духтаре мерафт, ӯро рад нанамуда, бо камоли майл ба домодӣ мепазируфтанд. Ҳатто дар ин шаб бо тараҳҳум ба ҳайвонҳо ва парандагон дар қиёс ба рӯзҳои дигар обу дон ва алаф зиёд медиҳанд.

Аҳли деҳа сари дастархони пурфайзу неъмат нишаста, аз таомҳо истифода мебаранд. Дастархонро бо ҳар гуна лаълича оро надода, дар табақҳои калон мағзу мавиз, анҷиру чормағз, меваҳои гуногуни маҳаллиро омехта намуда, ба  рӯи дастархони идона мерезанд.

Баъдан, ба наътхонӣ ё мадҳияхонӣ шурӯъ мекунанд. Вақте ки мадҳияхониро ба анҷом мерасонанд, ҷавонон аз нисфи шаб он тараф дар маҳаллаҳои худ гулхани наврӯзиро меафрӯзанд.

Барои афрӯхтани гулхан ҷавонон пешакӣ аз кӯҳу дара ҳезум меоранд. Вақте ки барои ҷамъоварии ҳезум мераванд, ҳатман як шохчаи дарахти арчаро бо худ меоранд ва ба умеди хуррамӣ ва шукуфоиву сарсабзӣ дар зиндагӣ онро то Наврӯзи дигар нигоҳ медоранд.

Дар гирди гулхан то субҳ хурду бузурги деҳа суруд мехонанд, хушиву хурсандӣ менамоянд ва ҳангоми ҷаҳидан аз болои оташ «Дух-духи борм назана пашаи баҳорм назана», — гуфта меҷаҳанд. Ба анҷоми ин кор умеди онро доранд, ки тамоми сол аз ранҷу кулфат ва дарду ғам дур бошанд.

Халифаи деҳа (домуллои маҳал) ба ҳар як маҳалла рафта, мардумро ба ин иди ниёгон табрик намуда, дуои нек менамояд.

Баъд аз он ки субҳ дамид, мардуми деҳа ба хона баргашта, баъди субҳона ба анъанаи дигар — «Тухмгузаронӣ» шурӯъ менамоянд. Мардуми деҳа ба якдигар, асосан писар ба падар ё бародар ба бародар тухм ҳадя менамоянд.

Анъанаи дигаре, ки аз қадимулайём ба мерос мондааст, ин «Қшқу» ё ин ки ҳойравӣ мебошад. Онро асосан калонсолони деҳа бо ин байт иҷро мекарданд:

Дар як дастам хол, дар як дастам немол,

Ба гӯши биёри чунм (додарам) эй «Қшқу». 

Ниҳолшинонӣ низ яке аз анъанаҳои қадима буда, дар ин рӯз ҳар фард бояд ниҳолеро ба хотири ободонии диёр шинонад.

Бозиҳои гуногуни қадимӣ, аз қабили; гӯштингирӣ, хурӯсбозӣ, тухмбозӣ, хардавонӣ, вазнбардорӣ бо санг, ки танҳо бо як даст бардошта мешавад, дар ин рӯзҳо падидаи маъмул аст. ҳамрадиф бо дигар бозиҳо, «Қазноқбозӣ» (ба монанди шоҳмот) дар болои санги махсус низ хоси ҷашни Наврӯз аст.

Наврӯз ҷашни бузург, тараннумгари некиву покӣ мебошад. Наврӯз поянда буд, ҳаст ва хоҳад монд.

 Заҳрогул Султон Назарова,

сармутахассиси бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони Дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз